“Раис куҷост?” Аз ҳукумат дод хост... ва 3,5 сол зиндонӣ шуд
Як сокини шаҳри Конибодом барои додхоҳӣ ба ҳукумати шаҳр рафта, вале ба ҷои ҳалли мушкилаш севуним сол зиндонӣ шудааст.
Як сокини шаҳри Конибодом барои додхоҳӣ ба ҳукумати шаҳр рафта, вале ба ҷои ҳалли мушкилаш севуним сол зиндонӣ шудааст.
Вазорати умури хориҷии Сингапур эълон кард, ки Ким Чен Ун – раҳбари Куриёи Шимолӣ – барои мулоқот бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба Сингапур расидааст.
Вазорати умури хориҷии Сингапур эълон кард, ки Ким Чен Ун – раҳбари Куриёи Шимолӣ – барои мулоқот бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба Сингапур расидааст.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз Амрико ба хотири хуруҷ аз созиши атомии Эрон танқид кард. Ӯ гуфт, “ин тасмим Ховари Миёнаро ноором месозад”. Путин рӯзи 10-уми июн дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Чин гуфт, ин иқдоми моҳи гузаштаи президент Доналд Трамп, Чину Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинду Покистонро, ки аъзои ин созмонанд, нигарон сохтааст. Вай афзуд, Русия ба масъулиятҳои худ тибқи тавофуқномаи ҳастаии соли 2015 бо Эрон идома хоҳад дод. Аз тарафи дигар Ҳасан Рӯҳонӣ... Читать дальше...
Журналист Усмон Солеҳ, ки солҳои охир ба ҳайси сухангӯи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон фаъолият дошт, рӯзи 10-уми июн бар асари сактаи мағзӣ даргузаштааст. Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ 61 сол дошт. Маросими видоъ бо Усмон Солеҳ субҳи 11-уми июн дар манзилаш дар кӯчаи Туниси пойтахт баргузор мешавад. Баъдан ӯро дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат дафн хоҳанд кард. Усмон Солеҳ чанд соли охир сухангӯи ҲХДТ буд ва аз камтарин мақомдори ҳизби ҳоким буд, ки аз мавқеи ҳизб дар расонаҳо ҳимоят мекард. Қабл аз ин... Читать дальше...
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохта ва ягона зани довталаб ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 10-уми июн ҳафтодсола шуд.
То оғози мусобиқоти навбатии қаҳрамонии футболи ҷаҳон чаҳор рӯзи дигар мондааст.
Ҳавопаймои ҳомили Ким Чен Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ, Пхенянро ба қасди Сингапур тарк кард. Хабаргузории “Янҳап”-и Куриёи Ҷанубӣ навишт, ки Ким Чен Ун рӯзи 10-уми июн бо ҳавопаймои шахсиаш ба Сингапур рафтааст. Қарор аст, раҳбарони Амрико ва Куриёи Шимолӣ бори аввал рӯзи 12-уми июн дар Сингапур бо ҳам дидор кунанд. Трамп қаблан як дафъа дар мавриди лағви ин мулоқот суҳбат карда буд, аммо дубора рӯи тасмими аввали худ бозистод.
Чанд фоҷиа дар зиндагӣ Наталя Дубовитская, модари чаҳор фарзандро афсурдаҳол ва аз ҳаёт дилсард кард. Зиндагӣ барои ин зан, ки фарзандонро ба танҳоӣ бузург кардааст, маънии худро пурра гум намуд.
Лоиҳаи “Мани дигар” соле пеш бо ҳадафи кумак ба занон ва раҳо шудани онҳо аз ҳолатҳои ногувор ва мушкили зиёд кумак мекунад. “Мани дигар” аз 4 мавсим иборат аст ва ҳар мавсими лоиҳа 5 зани аз 30 то 55-соларо фаро мегирад.
Қирғизистон раёсати давраии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС)-ро дар тӯли солҳои 2018-2019 бар уҳда гирифт. Ин тасмим рӯзи 10-уми июн дар нишасти сарони кишварҳои узви созмон дар минтақаи Тсиндои Чин эълон шуд. Дар ин нишаст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок дошт, дар маҷмуъ 22 санади нави ҳамкорӣ қабул гардид. Дар нишасти Тсиндао бори аввал Ҳинду Покистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ШОС – блоки сиёсиву иқтисодии зери назари Чин ва Русия – иштирок карданд. Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин... Читать дальше...
«Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар бозии охирини даври ёздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ бар тими «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Малола Юсуфзай, барандаи ҷоизаи Нобел, аз ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон ё G7 ситоиш кард, ки ба занону духтарони маҳрум аз омӯзиш 3 миллиард доллар ёрӣ ваъда доданд. Малолаи бистсола рӯзи 9-уми июн гуфт, “ин иқдоми сарони G7 ҳафт умедвориро барои духтарон бештар месозад, то ояндаи равшан барои худашон дошта бошанд”. Ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон ваъдаи се миллиард доллар кумакро барои густари маориф дар ҷаҳон дар поёни нишасташон дар Канада баён доштанд.
Дар баъзе аз мактабҳои пойтахти Тоҷикистон дастгоҳҳои махсус насб шудаанд, ки аз дарсгурезии хонандагон ба волидонашон хабар медиҳанд.