World News in Tajik
Август
2018

Новости за 11.08.2018

Ozodi.org 

Сипоҳи посдорони инқилоб гуфт, 10 ҷангҷӯро куштааст

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, ки нирӯҳояш даҳ ҷангҷӯи мусаллаҳро дар як минтақаи курднишини ҳаммарз бо Ироқ куштаанд. Дар як эъломия, ки рӯзи 11-уми август хабаргузории ИРНА нашр кард, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфтааст, ин даҳ нафар ба “як гуруҳи террористии хеле хуб муҷаҳҳаз” мутааллиқ будаанд. Бар асоси эъломия, дар ин задухӯрд, ки рӯзи 10-уми август сурат гирифт, теъдоди дигаре аз ҷангҷӯён захмӣ шудаанд. Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар мавриди талафоти нирӯҳояш маълумот надодааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Тазоҳурот дар Руминия ба хушунат печид. Садҳо нафар захмӣ шуд

Дар натиҷаи даргирии байни пулис ва эътирозгарони зидди фасод дар Руминия садҳо тан захмӣ шуданд. Мақомоти Руминия мегӯянд, пас аз онки тазоҳуроти зидди фасод ба хушунат печид, 440 нафар, аз ҷумла беш аз даҳ пулиси зидди шӯриш захмӣ шуданд. Рӯзи 10-уми август ҳазорҳо нафар барои иштирок дар тазоҳуроти зидди фасод дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия, ба хиёбонҳо баромада ва хостори истеъфои ҳукумат ба хотири тағйир дар қонунҳои он кишвар шуданд. Мунтақидон гуфтанд, ин тағйирот пайгарди қонунии фасодро дар он кишвар душвор хоҳад кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳайкалҳои "боодоб" – роҳи нави тарбияи ҷавонон дар Душанбе. ВИДЕО

Ба зудӣ дар маконҳои фароғатии шаҳри Душанбе муҷассамаҳои тарбиявӣ қомат хоҳанд афрохт. Ҳайкалҳое, ки тавассути онҳо ҷалби кӯдакон ба мактабу китобхонӣ ва намунаи хонаводаи хушбахт тарғиб мешавад.

Ozodi.org 

Ҷавод Зариф: “Ҳеҷ мулоқоте бо амрикоиҳо дар нақша нест”

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, гуфт, ки бо мақомоти амрикоӣ, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии он кишвар ҳеҷ мулоқоте барномарезӣ нашудааст. Дар посух ба суоли хабаргузории нимарасмии “Тасним” дар мавриди эҳтимоли мулоқот бо мақомоти амрикоӣ дар ҳошияи Ассамблеяи умумии Созмони Милал, Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт, “чунин мулоқот дар нақша нест”. Рӯзи шашуми август, чанд соат қабл аз дубора ҷорӣ шудани таҳримҳои Вашингтон алайҳи Теҳрон, Ҳасани Рӯҳонӣ –  раиси ҷумҳури Эрон – дархости гуфтугӯҳои бидуни пешшарти Амрикоро рад кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Газета.уз: Рӯзи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон дақиқ шуд

Расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки санаи сафари давлатии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Тошканд маълум шудааст. Вебсайти Газета.уз бо такя ба нашрияи давлатии “Халқ сӯзӣ” (Сухани халқ) рӯзи 11-уми август гуфт, ин сафари Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 17-18-уми августи имсол сурат мегирад. То ба ҳол мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар ин бора расман хабар надодаанд. Мақомоти Тоҷикистон низ ҳанӯз санаи дақиқи сафари президентро эълон накарданд. Ин аввалин сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳабдаҳ соли охир хоҳад буд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Илҳом Алиев: "Назари Тоҷикистон дар масъалаи Қарабоғ одилона аст"

Раҳбарияти Тоҷикистон хостааст, ки дар ҳалли низои Боку ва Ереван бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ “тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзҳои эътирофшудаи Озарбойҷон” ба эътибор гирифта шавад.

Ozodi.org 

Шӯрои амнияти СММ бомбаборони Яманро таҳқиқ мекунад

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар бораи бомбаборони ахири Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ дар Яман бояд баррасии шаффофу қобили боварӣ анҷом дода шавад. Бино ба гузоришҳо, дар ҳамлаи ҳавоии рӯзи 9-уми августи нирӯҳои Эътилоф ба як бозор дар шимоли Яман 29 тифл кушта шудааст. Ҳамла мошинеро дар Яман ҳадаф қарор дода буд, ки гуфта мешавад хонандагони мактабро интиқол медод. Дар натиҷаи ин ҳамла даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Карен Пирс, сафири Бритониё дар Созмони Милали... Читать дальше...

Ozodi.org 

Путин таҳримҳои нави Амрикоро “комилан ғайриқонунӣ” хонд

Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – таҳримҳои нави эҳтимолии Амрико алайҳи ин кишварро комилан ғайриқонунӣ хонд ва маҳкум кард. Расонаҳои Русия дар ин бора аз қавли Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, гузориш доданд. Песков гуфтааст, Владимир Путин рӯзи 10-уми август дар нишасти Шӯрои амнияти Русия тасмимҳои, ба қавли ӯ, ғайридӯстонаи Вашингтонро мавриди баҳс қарор додааст. Сухангӯи Кремл ба расонаҳо гуфтааст, дар ин нишаст таъкид шуд, чунин иқдомот аз нигоҳи қонунҳои байналмилалӣ ҳеч машрӯият надорад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Як зани тоҷик шавҳарашро бо санг зада куштааст

Як зани 34-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қатли шавҳараш боздошт шудааст. Мақомоти умури дохилӣ рӯзи 11-уми август гуфтанд, ки ҳодиса ду соли пеш рух дода буд. Ба қавли манобеи Вазорати корҳои дохилӣ, ин зан моҳи сентябри соли 2016 аз хоб будани шавҳараш истифода карда, чанд дафъа бо санг ба сари ӯ задааст. Дар натиҷа мард дар ҷойи ҳодиса фавтидааст. “Баъдан, зан замини ҳуҷраи хобро канда, ҷасади шавҳарашро зери хок карда, болояшро бо семент ҳамвор кардааст”, - гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. Читать дальше...