World News in Tajik
Август
2018

Новости за 19.08.2018

Ozodi.org 

Зариф: Ҳадафи гуруҳи вижа сарнагунии режими Эрон аст. ВИДЕО

Муҳаммад Ҷавод Зариф – вазири корҳои хориҷии Эрон – гуфт, ки ҳадаф аз ташкили “Гуруҳи иқдоми Эрон” дар Вазорати умури хориҷии Амрико сарнагунии режими Ҷумҳурии Исломӣ аст. Зариф гуфтааст, ин гуруҳ дар ин кор ноком хоҳад шуд. Вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 19-уми август дар паёме дар “Твиттер” ба муносибати 65-умин солгарди табадуллот дар Эрон, ки аз ҳимояти Амрико бархӯрдор буд, ба ин масъала ишора кардааст. Дар натиҷаи ин табаддулот дар соли 1953, ҳукумати мунтахаби Эрон ба раҳбарии нахуствазир Муҳаммад Мусаддиқ суқут кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Толибон як ноҳияро дар шимоли Афғонистон тасарруф кардаанд

Мақомот дар Форёб, шимоли Афғонистон, гуфтанд, ки Толибон шаби 18-уми август ноҳияи Балчароғи ин вилоятро ба тасарруфи худ даровардаанд. Нақибуллоҳ Фоиқ, волии Форёб, нирӯҳои афғонро муттаҳам кард, ки саривақт ба кумак нарасиданд ва ноҳия аз тарафи ҷангҷӯёни Толибон тасарруф шуд. Ӯ гуфт, “дар пайи чанд рӯзи даргирии шадид, Балчароғ шаби гузашта ба дасти Толибон гузашт.” Дар мавриди талафот дар ин даргириҳо гузориш нашудааст. Муҳаммад Тоҳир Раҳмонӣ, раиси Шӯрои вилоятии Форёб гуфтааст, Толибон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Муносибати раҳбаратон бо Шумо чӣ гуна буд?

Бархе аз роҳбарони собиқадор дар Тоҷикистон ба ин назаранд, ки дар шароити Тоҷикистон, бидуни садобаландкунӣ, муштзанӣ рӯи миз ва лаҳни тунд идора кардани коргарон душвор ва гоҳе номумкин аст. Назари Шумо дар ин бора чист?

Ozodi.org 

Эрон ҳавопаймои нави ҷангиро ба намоиш мегузорад

Вазири дифои Эрон гуфт, ин кишвар ба талошҳои худ барои инкишофи тавоноии мушакиаш идома медиҳад ва ҳафтаи оянда як ҳавопаймои ҷангии навро низ ба намоиш хоҳад гузошт. Ин изҳорот аз тарафи Амир Ҳотамӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки Вашингтон саъй дорад, ҷилави барномаҳои таслиҳотӣ ва, ҳамин тавр, нуфузи Эронро дар минтақа бигирад. Хабаргузории “Форс” рӯзи 19-уми август аз қавли Ҳотамӣ гузориш дод, ки гуфтааст, ба рушди барномаи мушакӣ ё рокетӣ бартарӣ медиҳад. Ӯ гуфтааст, Эрон дар ин бахш аз вазъияти хубе бархӯрдор аст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Мушовири Маҳмуди Аҳмадинажод дар Теҳрон дастгир шуд

Алиакбари Ҷавонфикр, мушовири матбуотии Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон, рӯзи 19-уми август дар Теҳрон дастгир шудааст. Дар ин бора як саҳифаи наздик ба Маҳмуди Аҳмадинажод дар шабакаи “Телеграм” хабар дод. Ин саҳифа далели боздошти Алиакбари Ҷавонфикрро “пардохт накардани чаҳоруним миллион туман ҷаримаи додгоҳ” номидааст. Бар пояи ин хабар, ин ҷарима марбут ба мусоҳибаи Алиакбари Ҷавонфикр бо рӯзномаи “Эътимод” будааст. Худи ӯ қаблан эълон кардааст, ки тавоноии пардохти ин миқдор ҷаримаро надорад. Читать дальше...

Ozodi.org 

На НДС ва на боҷи гумрукӣ. Имтиёзи ҳукумат ба “Сафед-дара”

“Сафед-дара”, ширкати мутааллиқ ба моликони “Фароз”, аз баъзе имтиёзҳои молӣ бархӯрдор шуд. Ҳукумати Тоҷикистон дар як қарори худ, ки аввали моҳи августи имсол имзо гардид, таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонии воридотӣ аз тарафи “Сафед-дара”-ро аз андоз аз арзиши иловашуда ё НДС ва боҷи гумрукӣ озод кард. Хадамоти гумруки Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки ба зудтарин фурсат расмиётро дар ин замина анҷом диҳад. Ширкати “Сафед-дара” охирҳои соли 2016 маҷмааи лижаронии ҳамномашро дар ҳудуди ноҳияи Варзоб бозсозӣ карда ва ба истифода дод. Читать дальше...

Ozodi.org 

Меркел: Украина дар содироти газ нақши муҳим дошта бошад

Ангела Меркел – садри аъзами Олмон – гуфт, ки Украина дар содироти газ ба Аврупо бояд нақши муҳим дошта бошад. Ӯ рӯзи 18-уми август гуфт, аз музокирот дар мавриди ин масъала байни Русия, Иттиҳодияи Аврупо ва Украина истиқбол мекунад. Изҳороти Ангела Меркел баъди мулоқот бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин садо дод. Путин дар навбати худ гуфт, ки содироти газ ба Аврупо аз лиҳози тиҷоратӣ дар назди Маскав аҳамият дорад. Ӯ гуфт, “тарҳи “Пайплайн Норд Стрим 2” аз лиҳози иқтисодӣ як пружаи комил аст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ифтитоҳи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Ҷакарта

Рӯзи 18-уми август дар пойтахти Индонезия - шаҳри Ҷакарта - маросими ифтитоҳи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ баргузор шуд. Дар ин бозиҳо Тоҷикистонро беш аз 80 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Ozodi.org 

2 млн мусалмон дар Каъба. Маросими Ҳаҷҷи имсола шуруъ шуд

Рӯзи 19-уми август дар Арабистони Саудӣ адои маросими Ҳаҷ, яке аз панҷ рукни дини мубини Ислом, шуруъ шуд. Наздик ба ду миллион мусалмон аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла шаш ҳазор нафар аз Тоҷикистон дар Ҳаҷҷи имсола иштирок доранд.

Ozodi.org 

Оҷонсии содирот – Тоҷикистон боз як идораи нав таъсис дод

Дар Тоҷикистон Оҷонсии содироти назди ҳукумат таъсис шудааст. Бино ба қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки аввали моҳи август нашр шуд, ин ниҳод дар умури таблиғу муаррифӣ ва содироти маҳсулоти кишвар ба хориҷ фаъолият хоҳад кард. Бино ба қарори ҳукумат, ба раиси Оҷонсӣ иҷоза дода шудааст, ки барои худ ду муовин бигирад. Ва ин идора ҳақ дорад, се мошин ё худрави хидматӣ ҳам дошта бошад. Аз Вазорати молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ тақозо шудааст, ки масъалаи молӣ ва ҳуқуқии ташкили Оҷонсии содиротро ҳарчи зудтар ҳал кунанд. Читать дальше...