World News in Tajik
Август
2018

Новости за 26.08.2018

Ozodi.org 

Амир Ҳотамӣ, вазири дифои Эрон ба Димишқ рафтааст

Вазири дифои Эрон бо сафари дурӯза ба Сурия рафтааст. Расонаҳои Эрон навиштанд, ки тавсеи ҳамкорӣ ҳадафи ин боздид мебошад. Амир Ҳотамӣ рӯзи 26-уми август ҳангоми расидан ба Димишқ гуфт, орзуманди иштироки фаъол дар бозсозии Сурия ҳастанд. Эрону Русия дар ҷанги дохилии ҳафтсолаи Сурия, ки дар он садҳо ҳазор нафар кушта ва миллионҳо тан дарбадар шуданд, аз режими Башор Асад дифоъ кардаанд. Хабаргузории “Тасним” гузориш дод, ки дар мулоқоти вазири дифои Эрон ва мақомоти аршади низомӣ ва сиёсии Сурия... Читать дальше...

Ozodi.org 

Попи Рум: Ба ҳар қимат ба бадрафтории ҷинсӣ хотима дода шавад

Попи Рум Франсиск гуфт, ба ҳар қимате набошад, ба сӯиистифодаи нафратовари шаҳвонии рӯҳониён ва ҳимоят ёфтани онҳо аз тарафи мақомҳои болоии калисои католикӣ хотима дода шавад. Вай дар ин бора рӯзи 25-уми август, ҳангоми сафараш ба Ирландия, кишваре, ки аз ҷанҷолҳои марбут ба бадахлоқии ҷинсии роҳибон таккон хӯрда буд, изҳори назар кард. Поп дар силсилаи моҷароҳои ҷинсии рӯҳониён, аз ҷумла дар Ирландия, калисоҳоро масъул донист. Чанд рӯз қабл, 20-уми август, Попи Рум дар як нома ба католикҳои ҷаҳон муроҷиат кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Лукашенко гуфт, дар эҷоди сулҳ ва бозсозии Сурия кумак мекунад

Александр Лукашено, раиси ҷумҳури Беларус, гуфт, ки барои эҷоди сулҳ ва барқарорӣ ё бозсозии Сурия ҳаматарафа кумак хоҳанд кард. Ӯ дар ин бора рӯзи 26-уми август дар барқияи табрикиаш ба муносибати 25-умин солгарди равобити дипломатии Беларусу Сурия таъкид намудааст.   Лукашенко дар барқия гуфтааст, аз муборизаи Сурия алайҳи терроризм ва, ҳамчунин, аз президентии Башор Асад пуштибонӣ мекунад. Башор Асад маблағи барқарории Сурияро 400 миллиард доллар ҳисоб кардааст. Ҳамаи бахши даромади буҷети... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дилшод Назаров дар Бозиҳои осиёӣ ба Тоҷикистон аввалин медал овард

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Ҷакартаи Индонезия дар гурзандозӣ мақоми дувумро ишғол кард, ба мунтахаби Тоҷикистон аввалин медал овард.

Ozodi.org 

Ҷасади кушташудаҳоро ба бемористони Фархор овардаанд

Баъд аз зуҳри 26-уми август як “Нива”-и ҳомили се сокини ноҳияи Фархор дар наздикии марз бо Афғонистон мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Як манбаи муътамад дар идораҳои интизомии ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷа ҳамла ду нафар кушта шуда, як тани дигар захмӣ шудааст.

Ozodi.org 

Ду кушта ва як захмӣ. Ҳамла ба сокинони Фархор дар наздикии марз бо Афғонистон

Баъд аз зуҳри 26-уми август як “Нива”-и ҳомили се сокини ноҳияи Фархор дар наздикии марз бо Афғонистон мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Як манбаи муътамад дар идораҳои интизомии ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷа ҳамла ду нафар кушта шуда, як тани дигар захмӣ шудааст.

Ozodi.org 

Заминларзаи маргбор дар Эрон – 3 кушта ва беш аз 240 захмӣ

Дар натиҷаи заминларзаи 6-дараҷаӣ дар минтақаи Тозаободи вилояти Кирмоншоҳи Эрон се нафар ҳалок ва 240 кас захмӣ шудаанд. Бино ба гузоришҳо аз Эрон, нирӯҳои имдодӣ ё кумакрасон ба маркази заминларза ва деҳаҳои атрофи он рафтаанд. Маркази зилзиланигории Амрико шиддати заминларзаи Кирмоншоҳро 6 ва муассисаи геофизикии Донишгоҳи Теҳрон 5,9 дараҷаи Рихтер ҳисоб кардаанд. Донишгоҳи Теҳрон мегӯяд, ки зилзила соати тақрибан се шаби 26-уми август дар умқи ҳашт километр рух додааст. Шадидтарин зилзила... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ашраф Ғанӣ истеъфои се вазири қудратиро напазируфт

Ашраф Ғанӣ, раиси  ҷумҳури Афғонистон, истеъфои се вазири қудратии ин кишварро напазируфт. Ториқшоҳ Баҳромӣ – вазири дифоъ, Вайс Аҳмад Бармак – вазири корҳои дохилӣ ва Муҳаммад Станакзай – раиси амнияти миллии Афғонистон рӯзи 26-уми август расман номаи истеъфояшонро ба Ашраф Ғанӣ супурдаанд. Аммо ҳукумати Афғонистон мегӯяд, раиси ҷумҳур ин истеъфоҳоро напазируфт ва баръакс аз онҳо хост, ба масъулиятҳояшон идома дода, вазъияти амниятиро беҳбуд бахшанд. Як рӯз пеш аз ин Муҳаммад Ҳаниф Атмар,... Читать дальше...

Ozodi.org 

Зулайхо Маҳмадшоева: "Тарки саҳна мекунам, меҳоҳам модари хуб шавам"

Овозхони маъруф дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ аз эҳсоси модарӣ, омодагиҳо ба сабти клипи муштарак бо овозхони узбек Озода Нурсаидова ва эҳтимоли тарки саҳнаи ҳунар карданаш суҳбат кард.

Ozodi.org 

Сенатор Ҷон Маккейн даргузашт

Ҷон Маккейн, сенатор аз аёлати Аризона, ветерани ҷанги Ветнам ва ду дафъа номзад ба мақоми президенти Амрико дар 81-солагӣ даргузашт. Ӯ аз саратони мағзи сар ранҷ мекашид.