Ҷузъиёти ҳамла дар Фархор аз забони шоҳиде, ки зинда монд
Сафархон Раҳимов, ронандаи трактори Идораи ҷангали ноҳияи Фархор, дар ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ дар марз бо Афғонистон ҷон ба саломат бурд.
Сафархон Раҳимов, ронандаи трактори Идораи ҷангали ноҳияи Фархор, дар ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ дар марз бо Афғонистон ҷон ба саломат бурд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш додааст, ки фурӯши симкортҳои 250-сомониро то 1-уми январи соли 2019 манъ кунанд. Ба ин тартиб, то чаҳор моҳи дигар симкортҳо ба таври маъмулӣ фурӯхта хоҳанд шуд. Бархе аз сокинон дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, хуб мешуд, симкортҳо то охир бепул ваё нархи рамзии 5 ё 10 сомонӣ боқӣ мемонд. Дигарон чӣ назар доранд, дар ин навор бинед.
Падари Давлатқадам Давлатқадамов, ҷавони муттаҳам ба авбошӣ дар ҳавопаймои Маскав-Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш бемори рӯҳист. Ин ҳавопаймои муттааллиқ ба ширкати “Уралские авиалинии” шоми 29-уми август аз фурудгоҳи “Жуковский” ба ҳаво бархоста буд. Аммо дар пайи моҷарои Давлатқадамов маҷбур шуд, ки аз ними роҳ ба қафо баргардад. Мақомоти Русия дар робита ба ҳодиса парванда боз карданд
Рӯзи 29-уми август дар боғи ҷонварони шаҳри Ҳлубока над Влтавоуи Ҷумҳурии Чех ид буд. Дар ин рӯз меҳмонон ва маъмурияти боғ ба муносибати таваллуди нахустин хирсаки нохунсафед ҷашн барпо карданд.
"Кӯли ҷавонон" аввалин боғи истироҳатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳанӯз 78 сол қабл бунёд шуда буд. Мақомот моҳи ноябри соли гузашта дарҳои онро бастанд, ва пас аз даҳ моҳ ва баъди пурра бозсозии он, рӯзи сешанбеи 28-уми сентябр дубора дарҳои онро кушоданд.
"Кӯли ҷавонон" аввалин боғи истироҳатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳанӯз 78 сол қабл бунёд шуда буд. Мақомот моҳи ноябри соли гузашта дарҳои онро бастанд, ва пас аз даҳ моҳ ва баъди пурра бозсозии он, рӯзи сешанбеи 28-уми сентябр дубора дарҳои онро кушоданд.
"Иттиҳоди Аврупоро мебояд, ки ба хотири суботи байналмилалӣ бо Туркия ва Русия "равобити стратегӣ" бунёд кунад", - изҳор дошт Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи 30-юми август дар Ҳелсинки. Ба навиштаи хабаргузории Reuters, президенти Фаронса ба "навсозӣ"-и ҳамкориҳо бо Маскав, дар масоили монанди амнияти киберӣ, дифоъ ва пайвандҳои стартегӣ даъват кард. Раҳбари Фаронса гуфт, ки дар муколама бо Русия ва Туркия бояд "хатти нав" кашида шавад. Изҳороти Эммануэл Макрон дар пасманзари зиддунақизиҳои... Читать дальше...
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вазорату идораҳои масъул дастур додааст, ки то 1-уми январи соли 2019 масъалаи боло бурдани нархи симкортро мавқуф гузошта шавад. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент рӯзи 30-юми август дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, ин масъала дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш додааст, ки фурӯши симкортҳои 250-сомониро то 1-уми январи соли 2019 манъ кунанд. Ба ин тартиб, то чаҳор моҳи дигар симкортҳо ба таври маъмулӣ фурӯхта хоҳанд шуд.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноии корманди собиқи комисарияти ҳарбии ноҳияи Вахш шурӯъ кардааст, ки ба шеваи бад дастгир карда, ба артиш будани як муаллими ҷавон муттаҳам мешавад.
Кишоварзони тоҷик шикоят доранд, ки аз парвариши тарбуз соли ҷорӣ тақрибан ҳеҷ даромаде нагирифтанд. Сокинон дар навбати худ аз нархи кайҳонӣ ва маззаи ин полезӣ розӣ нестанд. Ҳамкорони мо аз Настоящее время" таҳқиқ намуданд.
Овозхони замони Шӯравӣ ва Русия, арбоби ҷамъиятӣ, ҳунарманди мурдумии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобозон дар 81-солагӣ аз дунё гузашт. Ин хабарро Интерфакс рӯзи 30 август бо такя ба ёвари ҳамсари Кобзон тасдиқ кард. Соли 2005 табибон дар ҷисми Козон бемории саратонро ташхис карданд. Моҳҳои ахир хабар мерасид, ки саломатиаш бад шудааст. Ӯро рӯзи 26 июл ба бемористон бурданд, аммо баъди як рӯз ҷавоб доданд. Дар баробари овозхонӣ, Кобзон ҳамчунин дар Донишгоҳи омӯзгории мусиқӣ дарс мегуфт. Ӯ соли 1990... Читать дальше...
Ҷанҷол дар ҳавопаймои Душанбе- Маскав, дар Тоҷикистон хатарҳои ҲНИТ-ро номбар карданд, ширкатҳои мобилӣ ду моҳ мӯҳлат хостанд, имсол тарбуз ҳосил надод, “Кӯли Ҷавонон”-и навро ба истифода доданд,се медали биринҷӣ дар Бозиҳои Осиёӣ
Ба хирсаки наре, ки 1-уми январи имсол аз модари тоҷикаш Гул ва падари чехаш Алтай таваллуд шуд, дар маросими вижае тоҷикӣ номгузорӣ шуд. Исми хирсакро Нохунсафед гузоштанд. Ба ин муносибат ба модару кӯдак як кӯлчақанди махсус ҳам тақдим шуд, ки аз меваву шириниҳои табиӣ ва яхзада таҳия шудааст
Додгоҳи Ню Йорк муовини пешини раҳбари ФИФА- Федератсияи футболи байналмилалӣ Ҳуан Анҳел Напоутро барои ришвахорӣ 9 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ба ғайри ин, бо қарор додгоҳ, ки рӯзи 29 август эълон шуд, беш аз се миллион доллар, ки Напоут ҳамчун ришва гирифтааст, мусодира мешавад. Ӯ барои содир кардани ин ҷурм ҳамчунин бояд 1 миллион доллар ҷарима супорад. Моҳи майи соли 2015, дар остонаи интихоби раҳбари созмон, ФИФА дар маркази ҷанҷоли фасодкорӣ қарор гирифт. Бюрои федеролии тафтишоти Амрико... Читать дальше...
Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Диас Қодирбоевро, ки дар чаҳорчӯби парвандаи ҳамлаи терористии Бостон ба шаш соли зиндон маҳкум шуда буд, ба Қазоқистон депорт мекунад. Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи чоршанбе гузориш дод. Қодирбоев ҳоло аз зиндон озод шуда, дар хадамоти муҳоҷират таҳти боздошт ва дар ростои депорт қарор дорад. Соли 2013 ҳангоми дави Бостон, ё марафони Бостон, ду таркиш ба амал омад. Се нафар кушта ва 260 нафар маҷруҳ шуд. Бародарон Ҷохар ва Темерлан Тсарнаевҳо масъули ин ҳамла эълон шуданд. Читать дальше...
Падари Давлатқадам Давлатқадамов, ҷавоне, ки шоми 29-уми август боиси ҷанҷол ва қафо гаштани ҳавопаймои Маскав-Душанбе шуд, гуфт, "ӯ бемори рӯҳист".
Падари Давлатқадам Давлатқадамов, ҷавоне, ки шоми 29-уми август боиси ҷанҷол ва қафо гаштани ҳавопаймои Маскав-Душанбе шуд, гуфт, "ӯ бемори рӯҳист".
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш аз вазъи коргардони зиндонии Украина Олег Сентсов, ки 108 рӯз боз дар маҳбаси Русия гуруснанишинӣ эълон кардааст, изҳори нигаронӣ кард. Дар ин бора намояндаи расмии дабири кулл Стефан Дюҷаррик хабар дод. Ду ҳафта пеш коршиносони СММ гуфтанд, ки ҳаёти Сентсов ба хатари ногузир рӯ ба рӯ аст ва аз мақомоти Русия даъват карданд, ӯро "фаврӣ ва бе ягон қайду шарт" озод кунанд. Коргардони украинӣ Олег Сентсов бо иттиҳоми "омода кардани амали террористӣ"... Читать дальше...
Дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷамъомади "дуздони қонунӣ"-и кишварҳои пешини шӯравӣ баргузор шуд. Ба иттилои як таҳлилгар аз Москва, ки хабарҳои олами ҷиноиро таҳқиқ мекунад, ҷамъомади "дуздони қонунӣ" 20 август сурат гирифт. "Баъди марги президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов бархе аз "дуздони қонунӣ" зиндонӣ шуданд ва бархи дигар дар ҳамдастӣ бо мақомот фаъолияташонро идома медиҳанд", - гуфт таҳлилгар. Ба гуфтаи ӯ, ҷамъомади соҳибнуфузони олами ҷиноиро Бахтиёр Қудратулоев, шаҳрванди 46-солаи Узбекистон ташкил кардааст. Читать дальше...
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ордени “Зарринтоҷ”, дараҷаи 2, тақдим кард. Дар шарҳи фармони президент гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ "барои фаъолияти арзандаву самаранок дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ба ин орден сарфароз шуд. Рустами Эмомалӣ ин орденро рӯзи 30-юми август дар баробари даҳҳо корманди соҳаҳои гуногун дарёфт кард. Эмомалӣ Раҳмон дар ростои таҷлил аз 27-умин солгарди истиқлоли давлатӣ ба чандин корманди давлатию низомӣ мукофту ҷоиза супурд. Читать дальше...
Артиши -президенти Сурия Башор Асад ба ҳамлаи вилояти Идлиб омода мешавад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 29-уми август иттилоъ дод. Дар ҳоли ҳозир дақиқ нест, ки ин ҳамла кай сурат мегирад. Ҳафтаи ҷорӣ ҳамчунин хабар расид, ки Русия - муттаҳиди асосии президент Асад - шумори киштиҳои низомиашро дар баҳри Миёназамин, наздикии Сурия, бештар кардааст. Reuters хабар медиҳад, ки феълан Русия ҳамла ба Идлибро бо Туркия муҳокима мекунад. Анкара пуштибони қисме аз гуруҳҳои ҷангӣ дар ин минтақа аст. Читать дальше...
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дархост кардаанд, ки муҳлати аз як ном ба номи дигар гузарондани симкортҳо ("переоформление") то 1-уми ноябри имсол дароз шавад. Ин дархост ба нархи симкортҳо дахл надорад.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Хадамоти алоқа ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муҳлати аз як ном ба номи дигар гузарондани симкортҳо ("переоформление")-ро як моҳ дароз карданд.
Шаҳриёр Даминов, варзишгари тоҷик, дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар Палембанги Индонезия дар мусобиқа ба масофаи 1000 метр бо байдаркаи якнафара мақоми дуюм ва медали нуқраи бозиҳоро ба даст овард