World News in Tajik
Август
2018

Новости за 31.08.2018

Ozodi.org 

Омӯзгорони Русия ба Тоҷикистон омаданд ВИДЕО

Шоми 31 август гурӯҳи 26-нафараи омӯзгорон аз Русия ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расид. Инҳо бахше аз 55 омӯзгореанд, ки қарор аст дар соли хониши 2018-2019 дар мактабҳои мухталифи Тоҷикистон дарс диҳанд. Бахши дигари омӯзгорон шурӯъ аз 29 август вориди Душанбе шудаанд. Онҳоро дар фурудгоҳ мақомоти маорифи Тоҷикистон, сафорати Русия ва маъмурияти мактабҳое, ки дар онҷо қарор аст кор кунанд, пешвоз гирифтанд. Соли ҷорӣ 29 омӯзгор барои нахустин бор дар доираи барномаи ҳамкориҳои гуманитарии... Читать дальше...

Ozodi.org 

Омӯзгорони Русия ба Тоҷикистон омаданд

Шоми 31 август гурӯҳи 26-нафараи омӯзгорон аз Русия ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расид. Инҳо бахше аз 55 омӯзгореанд, ки қарор аст дар соли хониши 2018-2019 дар мактабҳои мухталифи Тоҷикистон дарс диҳанд. Бахши дигари омӯзгорон шурӯъ аз 29 август вориди Душанбе шудаанд. Онҳоро дар фурудгоҳ мақомоти маорифи Тоҷикистон, сафорати Русия ва маъмурияти мактабҳое, ки дар онҷо қарор аст кор кунанд, пешвоз гирифтанд. Соли ҷорӣ 29 омӯзгор барои нахустин бор дар доираи барномаи ҳамкориҳои гуманитарии... Читать дальше...

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Қарори шаҳрдорӣ барои пойгаи аспдавонӣ дар Душанбе: аз ҷалби беҳтаринҳо то таъмини амният

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки 15 сентябри соли равон, соати 15 : 00 дар "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор карда шавад

Ozodi.org 

Пешвои ҷудоиталабони Донетск кушта шудааст

Бино ба гузоришҳо, Александр Захарченко, раҳбари ҷудоиталабони тарафдори Русия дар Украина дар натиҷаи таркише кушта шудааст. Хабаргузориҳои “Интерфакс” ва “ТАСС“ рӯзи 31-уми август хабар доданд, ки ӯ дар натиҷаи таркиш дар қаҳвахонае дар шаҳри Донетск ҷон додааст. Ба гуфтаи манобеи Интерфакс, мақомоти Донетск, чанд нафарро бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони Захарченко дастгир кардаанд. Манобеи ҷудоиталабони тарафдори Русия, мақомоти Украинаро дар ин сӯиқасд муттаҳам кардаанд. Александр Захарченко, раҳбари Ҷумҳурии Худхондаи Донетск буд.

Ozodi.org 

Як рӯз баъди таҳлукаи нархи сим-карт: Кӣ фоида дид?

Онҳое, ки шоҳиди  таҳлукаи ҳазорҳо сокинон шудаанд, тамоми ҳарфу тасмимҳо дар атрофи нархгузорӣ шудани симкортҳоро ҳамчун тасмими “беандешона”, “иштибоҳӣ” ва "барои ҷомеа носозгор” интиқод карданд.

Ozodi.org 

Ҷунайдулло Худоёров: "Ҳукми додгоҳ ноодилона аст"

Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт Ҷунайдулло Худоёров, як корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии "Фейсбук"-ро барои нашри шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо ҷурми "ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) -"Салафия", ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ozodi.org 

"Ман бештар насиҳати падару модарамро гӯш мекунам"

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки бештар насиҳати киро гӯш мекунанд, аз волидайн, дӯстон, ҳамсабақон ва ё каси дигар. Шумо ҳам бубинед ва бигӯед, ки насиҳати киро гӯш мекунед. Ба ин рақам нависед, аз тариқи ИМО, Вотсапп ва Вайберу Телеграм. +420 724 053 959

Ozodi.org 

Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид

Шакармамад Мирмамадов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия медали биринҷӣ ба даст овард. Ин панҷумин медали варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳост.

Ozodi.org 

Як сол баъди "тӯи президентӣ": Саидшову Марҷона интизори нахустфарзанд. ВИДЕО

Як омӯзгори ҷавон, ки соли гузашта бо кӯмаки президенти Тоҷикистон арӯсӣ кард, мегӯяд, ки ҳоло интизори таваллуди нахустфарзанд мебошад ва мехоҳад навзодро ба хотири раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ кунанд.

Ozodi.org 

Коршиносони СММ: "Поксозии Мянмар хусусияти наслкушӣ дошт"

Гуруҳи маъмурони ҳақиқатёби Созмони Милал афсарони баландпояи артиши Мянмарро ба нақзи ҳуқуқи аққалиятҳои мусулмони Роҳинҷа муттаҳам карданд.Ба гуфтаи коршиносони созмон таъқибҳо хусусияти наслкушӣ доранд.

Ozodi.org 

Қаҳрамони навори шаҳвонӣ ба ҳуҷум гузашт

Абдуҳамид Отаҷонов, муллои 61-сола аз вилояти Хоразми Узбекистон, ки навори ишқварзиаш дар Интернет роҳ ёфт, кормандони пулисро ба дахолат дар умури хусусиаш айбдор кард.

Ozodi.org 

ВАО: Амрико аз пуштибонии фаластиниҳо даст мекашад

Ҳафтаҳои наздик маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп аз қатъи сармоягузорӣ ба Оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид дар умури Ховари Миён ахабар хоҳад дод. Дар ин бора нашрияи The Washington Post рӯзи 30 август бо такя ба манбаҳояш гузориш дод. Ба маълумоти нашрия, Кохи сафед ҳамчунин норозигиашро ба харҷи маблағ баён мекунад ва талаб мекунад, ки теъдоди паноҳандагони фаластинӣ  аз 5 миллион ба 500 ҳазор нафар коҳиш ёбад. Вашингтон ин коҳишро ба тамоюл надоштани фаластиниҳо ба музокирот бо Исроил ва бетартибиҳо дар навори Ғазза... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 31-уми августи соли 2018

Бонки Миллӣ ба “Юнистрим” ва “Золотая корона” иҷозати фаъолият дод, марги як зан дар пушти дари сафорати Тоҷикистон, қаҳрамони навори шавҳонӣ ба ҳуҷум гузашт, генералҳои Мянмарро ба наслкушӣ айбдор мекунанд, хурмоҳои беҳтарин дар ҷашнвораи хос ва медали биринҷии Комроншоҳи Устопириён

Ozodi.org 

ИМА паноҳандаи узбекро барои кӯмак ба тундравҳо 11 сол зиндонӣ кард

Додгоҳе дар Амрико паноҳандаи узбекро барои кӯмаки молиаш ба гурӯҳи террористӣ рӯзи 30 август ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум кард. Муҷрим 6 соли ин муҳлатро дар зиндон сипарӣ кардаст. Додгоҳи Амрико Ҷамшед Мухторови 42-соларо моҳи июн барои таъмини 300 доллар ва кӯмакҳои дигар ба гурӯҳи террористии "Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ" муҷрим эълон кард. Ин гурӯҳ аз мухолифони ҳукумати дунявии Узбекистон ба шумор меояд, ки ҳамлаҳоеро ҳам дар он кишвар ва ҳам дар Афғонистон пиёда кардааст. Додгустар Ҷон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Таркиш дар корхонаи Нижний Новгород хисороти ҷонӣ ба бор овард

Рӯзи 31 август дар корхонаи ба номи Свердлови канораҳои Нижний Новгород таркиш ба амал омад ва гуфтаи хабаргузории Интерфакс дасти кам се нафарро қурбон кард. Дар ин бора хадамоти наҷот ба хабаргузорӣ иттилоъ дод.  Дар бораи сабаби инфиҷор маълумот дастрас нашудааст. Корхона маводи тарканда истеҳсол мекард.