Май
2024

Новости за 02.05.2024

Ozodi.org 

"Ночор дарро бастем." Ба сари ошхонаи муҳоҷирон дар Русия чӣ омад?

Сахттар шудани тафтиши хориҷиён дар Русия боис шудааст, ки баъзе аз зодагони Осиёи Марказӣ ба маконҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ошхонаҳо, нараванд. Соҳибони баъзе аз қаҳвахонаву тарабхонаҳо гуфтанд, чунин вазъ ба тиҷорати онҳо зарба зад. Номи қаҳрамонҳо барои амнияти онҳо иваз карда шудааст.

Ozodi.org 

Аз масҷиду мадраса ба Донишкадаи санъат. Ба имомҳо дар Душанбе чӣ ёд медиҳанд?

Ҳудуди 400 рӯҳонӣ аз гӯшаву канори Тоҷикистон ҷамъ шуда, дар Донишкандаи фарҳанг ва санъат роҳҳои мубориза бо ифротгароиро омӯхтанд. Масъулини Кумитаи дин ва танзими анъана ташкили ин давраҳои омӯзиширо муҳим гуфтанд, ҳарчанд бархе коршиносон ин роҳро чандон муассир намеҳисобанд.

Ozodi.org 

Муҳоҷиршикор боиси баста шудани ошхонаҳои муҳоҷирон дар Русия шудааст

Шиддат гирифтани тафтиши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия баъди ҳамла дар Крокуси Маскав боиси он шудааст,ки аксарияти зодагони Осиёи Марказӣ аз рафтан ба маконҳои ҷамъиятӣ аз ҷумла ошхонаҳо худдорӣ мекунанд.

Ozodi.org 

Аз масҷиду мадраса ба Донишкадаи санъат. Ба имомон дар Душанбе чӣ ёд медиҳанд?

Дар Тоҷикистон ҳудуди 400 рӯҳониро аз шаҳру навоҳии мухталиф ба курси серӯзаи бозомузӣ ё такмили ихтисос ҷалб намудаанд. Ин иқдом аз сӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо сурат гирифта, намояндагони ин ниҳод бовар доранд,ташкили чунин курсҳо барои рӯҳониён муҳим аст.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 2-уми майи соли 2024 (Пахши зинда)

Мақомдори қирғиз табодули қитъаҳои марзӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистонро аз эҳтимол дур намедонад, ошхонаҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия баста мешаванд, баррасии Қонуни "Агенти хориҷӣ" дар Гурҷистон ихтилоф барангехт ва бозомӯзии домуллоҳо дар Тоҷикистон.

Ozodi.org 

Қонуни "Агентии хориҷӣ" дар Гурҷистон ихтилоф барангехт

Бо вуҷуди мухолифат ба лоиҳаи Қонуни «Агенти хориҷӣ» дар Гурҷистон порлумони ин кишвар онро тасвиб кард. Қабули ин қонун аз ҷониби вакилон, хашми ҳазорон шаҳрванди Гурҷистонро овард. Эътирозгарон онро намунаи қонуни Русия медонанд, ки зидди озодии баён ва саркӯби фаъолони ҷомеа истифода мешавад.

Ozodi.org 

Мансабдорони туркманро ба харидани соат бо акси президент маҷбур мекунанд

Раҳбарони корхонаҳои давлатиро дар вилояти Балкани Туркманистон маҷбур мекунанд, ки соатеро бо акси Бердимуҳаммадовҳо бихаранд. Ин соати дастӣ аз 1500 то 300 ҳазор манат арзиш дорад.

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик мақсад доранд дар Олимпиадаи Порис-2024 медал бигиранд

Дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи имсол дар пойтахти Фаронса шаҳри Порис  баргузор мешаванд, беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвар барои 329 маҷмуи медалҳо дар 32 намуди варзиш мубориза    хоҳанд бурд.