Май
2024

Новости за 18.05.2024

Ozodi.org 

Латукӯби донишҷӯёни хориҷӣ ва эътирози садҳо нафар дар Бишкек

Бино ба иттилои расмӣ дар пайи бетартибиҳо дар шаҳри Бишкек, шаби 18- уми май 28 нафар осеб дидаанд. Сафорати Покистон гуфт, дар ин ҳодиса 14 шаҳрвандаш осеб дидааст. Дар робита ба эътирозҳо, мақомоти Ҳиндустон ва Покистон вокуниш карда, аз донишҷӯёни худ хостанд, аз ҷойи зисташон берун нараванд.

Ozodi.org 

Раҳматилло Зоиров даргузашт

Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқдони шинохта, раҳбари собиқи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва дар гузашта мушовиру баъдан мухолифи президент Эмомалӣ Раҳмон, дар 67-солагӣ даргузашт.

Ozodi.org 

Дар Рафаҳ ҷасади се гаравгони исроилӣ ёфт шудааст

Низомиёни исроилӣ мегӯянд, ҳангоми амалиёт дар Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза, ҷасади се гаравгон, як марду ду занеро пайдо кардаанд, ки 7- уми октябри соли гузашта, гурӯҳи "Ҳамос"онҳоро ба асорат гирифта буд. Ҷасадҳо ба Исроил интиқол шудаанд.

Ozodi.org 

"Барои қаллобони интернетӣ ҳамла ба занон осонтар аст." Чӣ бояд кард?

Як таҳқиқи барномаи занони СММ, ки давоми як сол тул кашидааст, маълум кардааст, ки беш аз нисф ё 53 дар сади занони озордида дар Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ба хушунат бо истифода аз фанновариҳои навин дучор шудаанд.

Ozodi.org 

Салом, хоҳар. Чӣ кор кунам, фиреб нахӯрам?

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз боздошти ҷавонон барои шантаж ё таҳдиду бадномсозии духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд. Аксаран ба духтарон таҳдид кардаанд, ки бо истифода аз аксу наворҳо онҳоро бадном мекунанд. Чӣ бояд кард? Чӣ тавр аз дасти рахнагарони бадкор эмин монд.

Ozodi.org 

"Захира ҳаст, вале аҳолӣ фақир." Баҳои Global Finance ба Тоҷикистон

Тоҷикистон дар гузоришҳои байнулмилалӣ тақрибан ҳамеша яке аз кишварҳои фақиртарини дунё ном бурда мешавад. Global Finance рӯзи 7-уми май дар радабандии нав Тоҷикистонро кишвари қашшоқи Осиёи Марказӣ ва Шӯравии собиқ номид. Ин натиҷагирӣ бар пояи маълумоти Сандуқи Байнулмилалии Пул таҳия шудааст.