Май
2024

Новости за 06.05.2024

Ozodi.org 

Артиши Исроил ба шаҳри Рафаҳ ҳамла кардааст

Мақомоти Исроил ба қисмате аз фаластиниёни муқими шаҳри Рафаҳ гуфтаанд, ки хонаҳояшонро тарк кунанд, ки инро омодагии Исроил ба ҳамла ба ин шаҳр медонанд. Дар ин шаҳри ҳаммарз бо Миср бештар аз як миллион фаластинии беҷошуда паноҳ бурдаанд.

Ozodi.org 

"Бе хонаву бе дар мондем." Пайомадҳои сели харобиовар дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Варзоб ва шаҳри Истаравшан се нафар ҷон бохта, дар чанд минтақаи дигари Тоҷикистон пулу роҳу хонаҳо вайрон гаштаанд. Мақомот мегӯянд, ба қадри тавон ба ҳама кумак мерасонанд. Баъзе аз сокинони осебдида гуфтанд, ҳанӯз ёрӣ нагирифтанд.

Ozodi.org 

Сел ду зану як пирамарди тоҷикро кушт

Бедодгарии табиат дар чандин шаҳру минтақаи Тоҷикистон аз дирӯз идома дорад. Бино ба иттилои расмӣ дар пайи борону сел се нафар, аз ҷумла як зани 20 сола дар Суғд фавтидааст. Дар аксу наворҳои зиёде дида мешавад, ки занону кӯдаконро аз зери обу лой берун меоранд.

Ozodi.org 

Чаҳор дастаи пешсафи Лигаи олӣ бохт надоранд

Дар даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 3-5-уми май баргузор шуд, дар панҷ бозӣ мизбонон ва дар як дидор меҳмонон ғолиб омаданд.

Ozodi.org 

Чаро дар Русия ҳаққи таксирониро аз муҳоҷирон мегиранд?

Манъу маҳдудиятҳо дар кору зиндагии муҳоҷирон дар Русия идома дорад. Дар вилояти Курск ҳам онҳоро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум кардаанд. Волии вилоят гуфт, 82 дарсади мардум хостаанд, ки муҳоҷирон ронандаи таксӣ набошанд.

Ozodi.org 

Муҳоҷиронро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум карданд

Манъу маҳдудиятҳо дар кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Русия идома дорад. Дар вилояти Курск ҳам муҳоҷиронро аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум карданд. Волии вилоят гуфтааст, 82 дар сади мардум хостаанд, муҳоҷирон ронандаи таксӣ набошанд.

Ozodi.org 

Мансаби бародари Рамазон Раҳимзода ва писари муҳофизи президент

Раҳмоналӣ Раҳимзода, бародари Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, муовини аввали раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир таъйин шуд. Фармони раиси ҷумҳурӣ дар ин бора рӯзи 6-уми май баромад.

Ozodi.org 

Сабқати байнулмилалии чатрбозӣ дар Тоҷикистон

Деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара рӯзи 24-уми апрел мизбони нахустин мусобиқаи парапланеризм дар Тоҷикистон буд. Ин сабқат бо ширкати бештар аз 100 чатрбоз аз 12 кишвар баргузор шуд. Варзишгарони тоҷик мегӯянд, дар миёни чатрбозони ботаҷрибаи хориҷӣ онҳо мисли парандаҳои навболанд.

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар Dushanbe Grand Slam 2024 бо 7 медал чорум шуд

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024, ки рӯзҳои 3-5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳафт медал (як нишони тилло, се нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.