Май
2024

Новости за 07.05.2024

Ozodi.org 

Тиркушоӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Як нафар захмист

Дар сарҳади Тоҷикистон (ноҳияи Ҷаббор Расулов) ва Қирғизистон (ноҳияи Лайлак) рӯзи 7 май тирпаронӣ шудааст. Олимҷон Абдуллоев, омӯзгори 34-сола аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, захмӣ ва дар бемористон бистарист. Мақомоти сарҳадбонии ҳарду кишвар дар изҳороти ҷудогона ҳодисаро ба тарзи гуногун шарҳ доданд.

Ozodi.org 

Тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон. Як нафар захмист

Дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи ҳафтуми май тирпаронӣ шудааст. Як нафар захмист. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ҳодиса пас аз он рух дод, ки “чӯпонҳои тоҷик” ба ҳудуди он кишвар даромаданд. Раиси як деҳаи ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, баръакс, ҳодиса дар қаламрави Тоҷикистон рӯй дод.

Ozodi.org 

"20 000 рубл мефиристод." Ҷумъахон, гумонбари дигари ҳамла ба "Крокус" кист?

Волидони Ҷумъахон Қурбонови 21-сола аз ноҳияи Фархор, ки дар пайванд ба ҳамла дар Маскав дастгир шудааст, мегӯянд, аз сарнавишти фарзандашон хабар надоранд. Ҷумъахон дар пойтахти Русия кор мекард ва охири моҳи апрели имсол бо иттиҳоми таъмини ҳамлагарони "Крокус" бо пул ба ҳабс гирифта шуд.

Ozodi.org 

"Ба писарам насиҳат мекардам, ба роҳи рост рав"

Волидони Ҷумъахон Қурбонови 21-сола аз ноҳияи Фархор, ки дар пайванд ба ҳамла дар Маскав дастгир шудааст, мегӯянд, аз сарнавишти фарзандашон хабар надоранд. Ҷумъахон дар пойтахти Русия кор мекард ва охири моҳи апрели имсол бо иттиҳоми таъмини ҳамлагарони “Крокус” бо пул ба ҳабс гирифта шуд.

Ozodi.org 

Дар Варзоб як мардеро меҷӯянд, ки ҳангоми сел нопадид шуд

Дар пайи борони шадиду омадани сел дар Варзоб як сокини ноҳия бо чорвояш нопадид шудааст. Пайвандони ин чӯпон мегӯянд, чанд рӯз боз ӯро ҷустуҷӯ доранд, аммо бенатиҷа. Онҳо аз кори мақомот ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз бетаваҷҷӯҳии мардум ба ҳушдорҳо аз хатари селу обхезӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ozodi.org 

Владимир Путин барои тоҷикон чӣ кард?

Владимир Путини 71-сола рӯзи 7-уми май дар маросиме дар Кремл бори панҷум ба ҳайси президенти Русия савганд ёд кард. Вай моҳи марти имсол дар як маъракаи аз нигоҳи нозирони байнуламилалӣ “ношаффоф”, вале ба арзёбии ҳампаймонҳояш “баҳснопазир” худро пирӯз номид.

Ozodi.org 

"Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" барои ҳифзи идорааш ёрӣ мехоҳад

Масъулони созмоне, ки беш аз даҳ сол боз ба сарбозону ҷавонони синни хидмат кумак мерасонад, ба мушкили молӣ дучор шудааст. “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” аз мардум мехоҳад, барои ҳифзи идорааш дар Душанбе мадад кунанд. Чӣ гуна? Дар видео бинед.

Ozodi.org 

Фаластиниён умед доранд, аз Миср ба ватан бармегарданд

Даҳҳо ҳазор фаластинӣ, ки аз дасти ҷанги Ҳамосу Исроил ба Миср гурехтаанд, умедворанд, ки рӯзе ба сарзамину хонаҳояшон бармегарданд. Азбаски маълум нест, ин муноқишаи тӯлонӣ то кай давом мекунад, гуруҳе аз паноҳҷӯён дар Миср тиҷорате ба роҳ мондаанд, то зиндагиашонро ба навъе идома диҳанд.

Ozodi.org 

Баъд аз Русия... Тафтиши муҳоҷирон дар Қазоқистон сахттар шудааст

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон рӯзи 7-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки дар пайи ҳодисаи Маскав санҷишу боздошт ва ихроҷи зодагони Тоҷикистон дар ин кишвар низ афзудааст.

Ozodi.org 

Розиед, ки масъулонро барои ҷамъоварии пул дар мактабҳо ҷазо диҳанд?

Як вакили мардумӣ дар Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки барои ғайриқонунӣ ҷамъ овардани пул дар мактабҳо ҷазо таъин шавад. Дар Тоҷикистон ҳам ин мавзуъ тақрибан дар оғоз ва поёни соли таҳсил доғ мешавад. Бо вуҷуди таъкиди мақомот дар бораи манъи ҷамъоварии пул, сокинон мегӯянд, ин ҳолат ҷой дорад.