Май
2024

Новости за 12.05.2024

Ozodi.org 

Nemo аз Швейтсария пирӯзи “Eurovision 2024” шуд

Nemo, овозхон аз Швейтсария, бо таронаи "Code" дар озмуни мусиқии "Eurovision 2024" ҷойи аввалро соҳиб шуд. Вай гуфт, умед дорад, ки "Eurovision" битавонад дар оянда ба ҳимоят аз сулҳу ишқ идома диҳад.

Ozodi.org 

Пешниҳоди "таҳрим" ба зидди идора ва мансабдорони алоҳидаи Тоҷикистон

Як созмони муътабари амрикоӣ аз ҳукумати Иёлоти Муттаҳида хостааст, ба зидди он идора ва мансабдорони Тоҷикистон, ки дар поймол кардани озодии динии сокинон нақш доранд, таҳримҳои ҳадафмандона (мақсаднок) ҷорӣ кунад.

Ozodi.org 

Аз сарвазири Гурҷистон хостанд, қонуни "агентҳо"-ро пас бигирад

18 созмони байнулмилалии рӯзноманигорӣ ва ҳуқуқи башар аз Ираклий Кобахидзе, сарвазири Гурҷистон, хостаанд, ки тарҳи қонунро дар бораи "агентҳои хориҷӣ" пас гирифта, амнияти хабарнигорон ва озодии матбуотро дар ин кишвар таъмин кунад.

Ozodi.org 

"Шикоят аз сарбозшикор кам шудааст." Афзоиши ихтиёриён ё тарсу ҳароси волидон?

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон, хабар дод, ки муроҷиат ва шикояти мардум аз ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиши Тоҷикистон дар даъвати имсолаи баҳорӣ "кам шудааст". Натиҷаи афзоиши ихтиёриён аст ва ё тарсу ҳароси волидон?

Ozodi.org 

Виктор Рассадин ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифт

Виктор Рассадин, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар марҳилаи охирини мусобиқаи интихобӣ дар риштаи гуштии озод, ки 11-уми май дар Туркия баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса гардид.

Ozodi.org 

Чаро дар Хатлон шифохонаи хоси кӯдакон нест?

Дар Хатлон, ки сераҳолитарин вилояти Тоҷикистон аст, шифохонаи махсус барои кӯдакон нест. Волидоне, ки бачаҳояшон бемор мешаванд, шикоят мекунанд, ки як шуъбаи кӯдакона дар шифохонаи вилоятӣ барои аҳолии чанд миллионнафарӣ кофӣ нест ва бояд барои муолиҷаи тифлон шифохонаи бузургтаре бунёд шавад.

Ozodi.org 

Чаро дар Хатлон шифохонаи махсуси кӯдакон нест?

Панҷ сол пеш беморхонаи кӯдаконаи вилоятиро дар Кӯлоб бастанд ва акнун фақат як шуъба дар назди бемористони вилоятӣ фаъол аст. Сабаби чунин тағйиротро  набуди эҳтиёҷ ба як бемористони хоси кӯдакона дар шаҳри Кӯлоб гуфта буданд.