World News in Tajik
Январь
2018

Новости за 01.01.2018

Ozodi.org 

Диёрбек, писари Дилноза Каримова, дар Ҳиндустон даргузашт

Диёрбек Аминҷонов - писари Дилноза Каримова - овозхони маъруфи тоҷик, ки тайи се моҳи ахир аз бемории саратон ранҷ мебурд, шаби 31-уми декабри соли 2017 дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Деҳлии Ҳиндустон даргузашт.

Ozodi.org 

Фирӯзро интиқоди мардум наранҷондааст

Фирӯзи Ҳафизова аз камтарин овозхононест, ки метавонад дар бораи зиндагии шахсии худ ҳам бепарда сӯҳбат кунад. Мусоҳибаи солинавӣ бо ин овозхони тоҷикро дар ин навор тамошо кунед.

Ozodi.org 

Зулайхо гуфт, ки чаро ҷарроҳӣ кард?

Дар бораи ин сароянда овозаҳои зиёд паҳн мешуд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Зулайхо мегӯяд, кадоме аз онҳо рост буду кадоме дурӯғ.

Ozodi.org 

Нигина дар соли 2018 бо чеҳраи нав ба саҳна меояд. ВИДЕО

Нигина Амонқулова, соли 1986 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, номаш бори аввал баъди пирӯзӣ дар озмуни “Андалеб” матраҳ шуд. Аввалин таронае, ки Нигинаро машҳур кард, таронаи маъруфи солҳои 60-ум бо номи “Ранҷида нигорам омад” буд, ки Нигина Амонқулова бозхонӣ кардааст.

Ozodi.org 

Умедҳои солинавии раҳбарони ҷаҳон. Аз дабири кулли СММ то Эмомалӣ Раҳмон

Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёме ба муносибати Соли нави милодӣ гуфт, ки ҷаҳон бо хатарҳое чун миллигароӣ, бегонаситезӣ, тафовути табақотӣ ва ҳатто ҷанги атомӣ, рӯбарӯ аст. Дабири кулли СММ таъкид кардааст, ки ин хатарҳоро бо талошҳои якҷоя метавон бартараф кард.

Ozodi.org 

Умедҳои солинавии раҳбарони ҷаҳон - аз дабири кулли СММ то Эмомалӣ Раҳмон

Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёме ба муносибати Соли нави милодӣ гуфт, ки ҷаҳон бо хатарҳое чун миллигароӣ, бегонаситезӣ, тафовути табақотӣ ва ҳатто ҷанги атомӣ, рӯбарӯ аст. Дабири кулли СММ таъкид кардааст, ки ин хатарҳоро бо талошҳои якҷоя метавон бартараф кард.

Ozodi.org 

Ҳалокати як сокини Хатлон дар муноқиша миёни ҷавонон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки бар асари муноқишаи гурӯҳи ҷавонон дар ноҳияи Ҷайҳун, як ҷавони 31-сола ҷон бохтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса шаби 31-уми декабр дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Дӯстӣ -- маркази ноҳияи Ҷайҳур рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, се ҷавони деҳаи Истиқлоли ҷамоати Панҷи ноҳияи Ҷайҳур ба се панҷ ҷавони дигар, ки яке аз онҳо бошандаи ҳамон ноҳия, як нафарӣ аз Қӯрғонтеппаву Душанбе ва ду нафари дигарашон аз ноҳияи... Читать дальше...

Ozodi.org 

Фарзона: "Тарбияи фарзандамро ба касе бовар намекунам"

Фарзонаи Хуршед, овозхони тоҷик мегӯяд, "рости гап, ман ҳар саҳаре, ки аз хоб мехезам, бе фарзандон худро тасаввур карда наметавонам. Тарбияи фарзандро ба касе бовар карда наметавонам, ба хотире, ки фарзандони худам ҳастанд."

Ozodi.org 

Сурайё Қосимова: "Барои мо соли ғаму шодиҳо буд". ВИДЕО

Имсол бо ҳама ғаму андӯҳаш барои оилаи ҳунарманди маъруф Сурайё Қосимова ва духтарони ситорааш хотирмон шуд. Имсол бонувони ҳунарманд дар маъракаҳои фарҳангиву саҳнаҳои ҳунарӣ якҷо буданд, ҳамроҳ тарона хонданд ва консерти муштарак ҳам барпо карданд. Шояд ҳам лаҳзаҳои сангини зиндагӣ онҳоро бештар ба ҳам наздик кард.

Ozodi.org 

Вижабарномаи хабарии Радиои Озодӣ

Дар ин барнома муҳимтарин рӯйдоду таҳаввулоти Тоҷикистон дар соли 2017 пешкаши Шумо мешавад. Нигоҳе ба вазъи иқтисодии мардум дар соле, ки гузашт, бӯҳрони бонкҳо, баҳси танзим шурӯъ аз ҷаримаҳои бузург то манъи нолаву фиғон дар маросими азодорӣ, аз мавзуоти ин вижабарномаи хабарии Радиои Озодист. Умедворем соли 2018 барои ҳама соли зебоиҳо ва пур аз муваффақиятҳо бошад. Соли нав муборак!

Ozodi.org 

Дар эътирозҳои Эрон 10 нафар кушта шуд. ВИДЕО

Мақомоти Эрон пас аз чаҳор рӯзи ҳамоишҳои эътирозӣ, шумораи боздоштшудагони ин тазоҳуротро эълон карданд. Тибқи эълони мақомоти интизомии Эрон, 370 нафар дар рӯзҳои гузашта дар шаҳрҳои мухталифи Эрон боздошт шудаанд.

Ozodi.org 

Ҳалокати 10 нафар дар эътирозҳои Эрон. ВИДЕО

Мақомоти Эрон пас аз чаҳор рӯзи ҳамоишҳои эътирозӣ, шумораи боздоштшудагони ин тазоҳуротро эълон карданд. Тибқи эълони мақомоти интизомии Эрон, 370 нафар дар рӯзҳои гузашта дар шаҳрҳои мухталифи Эрон боздошт шудаанд.

Ozodi.org 

Рӯҳонӣ: "Раҳпаймоӣ ҳаққи мардум аст". Идомаи эътирозҳо дар Эрон. ВИДЕО