World News in Tajik
Январь
2018

Новости за 11.01.2018

Ozodi.org 

Роҳи Хуҷанд - Душанбе дар чӣ вазъ аст?

Сардии ҳаво дар чанд рӯзи ахир саффи талабгорони сафар аз Суғд ба Душанберо тавассути роҳи заминӣ камтар кардааст. Рӯзи 11-уми январ дар истгоҳи “таксӣ”-ҳои Хуҷанд мусофирон хеле кам ба назар мерасиданд ва ронандаҳо барои пур кардани мошинҳои худ ба ин сӯву он сӯ медавиданд.

Ozodi.org 

Арабистони Саудӣ ба занҳои танҳо раводид медиҳад

Мақомоти Арабистони Саудӣ ироаи раводид ба занҳои болои синни 25-ро, ки бидуни раҳбаладии мардҳо ба ин кишвар меоянд, оғоз мекунанд. Дар ин боар нашрияи "ArabNews" рӯзи 11 январ хабар дод. Интизор меравад, ки татбиқи  қоидаи нав дар семоҳаи аввали соли 2018 шурӯъ шавад. Раводиди якдафъаи ба муддати як моҳ пешниҳод мешавад. Қаблан занҳои ҷавон ҳақ надоштанд бе раҳбаладии шавҳар ё бародар  ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд. Акнун ин қоида танҳо ба онҳое пахш намешавад, ки ҳанӯз 25-сола нашудаанд.  Комиссиюни Сайёҳии Арабистони Саудӣ мегӯяд... Читать дальше...

Ozodi.org 

NGN-ро боз бастанд, қаҳри муҳоҷиронро оварданд

Дар Тоҷикистон сар аз рӯзи 11-уми январ истифодаи паёмрасони интернетӣ NGN-ро дигарбора бастанд. Истифодаи онро рӯзи 18-уми декабр мамнӯъ карданд, дигарбора иҷоза доданд ва акнун боз бастаанд.

Ozodi.org 

Сокини Хуҷанд дар "балкон"-и ҳамсари собиқаш нағунҷид

Мӯҳсинҷон Турсунов, як сокини шаҳри Хуҷанд, аз болои ҳамсари собиқаш, ки ӯро барои зиндагӣ дар “балкон” ё айвони хонааш иҷозаи зист надод, ба додситонӣ шикоят бурдааст. Додгоҳ Муҳсинҷон Турсуновро пас аз ду соли талоқ дар “балкон”-и хонаи  ҳамсари собиқаш маскун кард. Аммо Матлуба Қаробоева ҳамсари ин мард ӯро барои зиндагӣ дар хонааш роҳ надод. Ин хонае, ки боис ба баҳси зану шавҳари собиқ қарор дорад, як ҳуҷра дорад ва масоҳаташ 27 метри мураббаъ ҳаст. Ба ҷуз аз “балкон” дигар ҷое барои маскун кардани шавҳари собиқи ин мард вуҷуд надорад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Дуздҳо ҷавоҳироти баробар ба 4,5 миллионро ба яғмо бурданд

Дуздҳои мусаллаҳ аз бутики Ritz - меҳмонхонаи машҳури Порис ҷавоҳиротеро баробар 4,5 миллион евро ғорат карданд. Дар ин бора пулис рӯзи 10 январ хабар дод. Дуздҳо шишаи бутикро шикастанд ва ҷавоҳироти пурарзишро бо худ бурданд. Пулис мегӯяд, ки се гумонбари дуздӣ дафъатан дар майдони Вендоми маркази Порис боздошт шуд. Ду нафари дигар дар ҳоли фирор қарор дорад. Дар ин ҳодиса касе захмӣ нашуд, вале ҷавоҳироти ба яғмо рафтаро низ пайдо накарданд. Дуздҳо зоҳиран ба дӯкон аз дари кӯча ворид шуда... Читать дальше...

Ozodi.org 

Олмон эълони иттиҳом алайҳи Шоҳурдиро таҳқиқ мекунад

Додситони Олмон заминаҳои ҳуқуқии тасмимеро баррасӣ мекунад, ки оё метавонад алайҳи рӯҳонии шинохтаи Эрон, раиси пешини қувваи қазоӣ, ки барои табобат дар Олмон қарор дорад ва қарор аст рӯзи 11 январ ба Теҳрон баргардад, иттиҳом пеш гузорад. Сухангӯи дафтари додситон гуфт, мақомот ҷамбаҳои қонуниеро меомӯзанд то муаян кунанд, ки  Оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошимӣ Шоҳрудӣ дар даҳсолаҳои фаъолияташ  ҳамчун раҳбари қувваи қазоии Эрон, ки дар ин муддат то 2000 инсон эъдом шуд,  дар ҷинояти алайҳи башарият даст дорад ё хайр. Читать дальше...

Ozodi.org 

Олмон эълони иттиҳом алайҳи Шоҳрудиро таҳқиқ мекунад

Додситони Олмон заминаҳои ҳуқуқии тасмимеро баррасӣ мекунад, ки оё метавонад алайҳи рӯҳонии шинохтаи Эрон, раиси пешини қувваи қазоӣ, ки барои табобат дар Олмон қарор дораду бояд рӯзи 11 январ ба Теҳрон баргардад, иттиҳом пеш гузорад. Сухангӯи дафтари додситон гуфт, мақомот ҷанбаъҳои қонуниеро меомӯзанд то муайян кунанд, ки  Оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ дар даҳсолаҳои фаъолияташ  ҳамчун раҳбари қувваи қазоии Эрон, ки дар ин муддат то 2000 инсон эъдом шудааст,  дар ҷинояти алайҳи башарият даст дорад ё хайр. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 11-уми январи 2018 (HD)

Тоҷикистону Узбекистон имкони рафтуомади бидуни раводиди шаҳрвандонашонро матраҳ кардаанд, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд садамаи бузурге ба вуқӯъ пайваст, алоқаи NGN-ро дубора бастанд, нарх дар бозорҳои Душанбе, анҷоми таҳқиқи қатли Марҷона ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ боз шуд

Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, ки бар асари резиши беш аз ҳадди зиёди сангреза дар минтақаи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) масдуд шуда буд, барои рафтуомади нақлиёт боз шудааст. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва мақомоти ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи гузашта роҳ қисман ва имрӯз пурра ба истифода дода шуд. Тайи се рӯзи ахир бар асари резиши санг ҳаракати мошинҳо дар ин масир масдуд шуда буд. Асомуддин Шокиров, муовини раиси... Читать дальше...

Ozodi.org 

Чаро нархи маводи ғизоӣ боло рафт?

Мушоҳидаи чанд бозори пойтахт нишон дод, ки нархи маҳсулоти хӯрока тағйир ёфтааст. Нархи маводи ғизоӣ барои як қишри бузурги ҷомеаи Тоҷикистон як мавзӯи ҳассос ба шумор меравад. Бинобар омори расмӣ, 30 дарсади аҳолии беш аз 8 миллиону 735 ҳазорнафараи Тоҷикистон камбизоат ба шумор мераванд.

Ozodi.org 

Додгоҳи Чеченистон боздошти Титиевро то ду моҳ тамдид кард

Додгоҳи Чеченистон боздошти раҳбари "Мемориал" дар Грозний Аюб Титиевро то ду моҳ тамдид кард. Дар ин бора вакили ӯ Петр Зайкин рӯзи 11 январ ба "Интерфакс" хабар дод. Титиев рӯзи сешанбе бо иттиҳлми нигаҳдории маводи мухаддир дар Чеченистон боздошт шуд. Созмонҳои ҳуқуқи инсон парвандаи ӯро сохта унвон кардаанд. Рӯзи гузашта, ходимони пулис дар деҳаи Курчалойи Чеченистон хонаводаи корманди "Мемориал"- Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Грозний,  Аюб Титиевро аз хонаашон берун карданд. Ба гуфтаи "Мемориал"... Читать дальше...

Ozodi.org 

Мемориал: хешовандони Аюб Титиевро аз хонаашон берун карданд

Ходимони пулис дар деҳаи Курчалойи Чеченистон хонаводаи корманди "Мемориал"- Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Грозний,  Аюб Титиевро аз хонаашон берун карданд. Ба гуфтаи "Мемориал", ходимони пулис рӯзи 10 январ ба хонаи хешони Титиев ворид шуда, талаб карданд, ки фарзандони хонавода - Бекхон ва Яъқуб ба идораи пулис ҳозир шаванд. Пулис ҳушдор додааст, ки дар акси ҳол онҳоро нохушӣ интизор аст. Дар вақти рейд танҳо занон- хешони бародари Титиев дар хона буданд. Пулис онҳоро ба кӯча ронд ва дари манзилро муҳр зад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Амрико аз Эрон талаб кард,ки зиндониҳои сиёсиро озод кунад

Кохи сафед аз Теҳрон талаб кард, ки  боздоштшудаҳои тазоҳуроти ахирро  озод кунад. Дар изҳороти ҳукумати Доналд Трамп, ки рӯзи чоршанбе пахш шуд, гуфта мешавад, ки хабари боздошт, шиканҷа ва куштори эътирозгарон Вашингтонро шадидан нигарон кардааст. ИМА даъват кард, ки ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ дар Эрон, аз ҷумла боздоштшудаҳои чанд рӯзи ахир озод шаванд. Шумори дақиқи одамоне, ки дар робита ба ҳодисаҳои охири Эрон боздошт шуданд, расман эълон нашудааст. Мақомот мегӯянд, чанд сад нафарро боздошт карданд ва аксари онҳо озод шуданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Эрон ва Иттиҳоди Аврупо аз қарордоди ҳастаӣ пуштибонӣ мекунанд

Дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз пуштибонии созишномаи ҳастаии Эрон даст мекашад, гуфта мешавад, Эрон ва Иттиҳоди Аврупо дар ҷаласаи вазирони умури хориҷӣ рӯзи 11-уми январ аз ин қарордод пуштибонӣ хоҳанд кард. Ин ҷаласа таҳти раҳбарии Федерика Моғеринӣ - сарвари бахши сиёсати хориҷии ИА баргузор мешавад ва қудратҳои Аврупо, ки ба ин созиш кумак кардаанд, Теҳронро мутақоид месозанд, ки онҳо ба қарордод содиқ мондаанд. Қарордоди ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ соли 2015 имзо шуд ва он таҳримҳои... Читать дальше...