World News in Tajik
Январь
2018

Новости за 03.01.2018

Ozodi.org 

Садама дар шоҳроҳи Русия 10 нафарро кушта ба ҷой гузошт

Матбуоти Русия менависад, ки дар пайи ба ҳам бархурдани ду мошин дар минтақаи мухтори Хантӣ-Мансииск 10 нафар, бо шумули 4 кӯдак, ҳалок шуд.  Хабаргузории Интерфакс аз қавли сухангӯи пулиси роҳ гуфт, ки садамаи нақлиёт рӯзи 3 январ дар шоҳроҳи Ниягани Хантӣ-Мансииск ба вуқӯъ паваст.  Мақомот мегӯянд, ки мошини Mazda 6 ва Renault Duster бо ҳам сар ба сар заданд ва гумон меравад, ки яке аз ронандаҳо назорати мошинашро аз даст дода буд. Мақомот мегӯянд, яке аз чаҳор кӯдаки фавтида камтар аз як сол дошт.

Ozodi.org 

Фаластиниҳо мегӯянд, ки Трамп онҳоро "шантаж" мекунад

Фаластиниҳо ба изҳороти президенти Амрико Доналд Трамп дар бораи қатъи кӯмакҳо бо хашм вокуниш карданд ва гуфтанд,  Байтулмуқаддас барои фурӯш нест ва Трамп онҳоро "шантаж" мекунад. "Байтулмуқаддас моли фурӯшӣ нест, ин тилло ё нуқра нест",- гуфт сухангӯи раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос рӯзи 3 январ дар Каронаи Ғарбии руди Урдун. Як рӯз пеш президент Трамп дар Твиттер навишт, ки "агар Фаластиниҳо хоҳиши сулҳу созиш надоранд, чаро мо ба онҳо дар оянда пул диҳем?". Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамасола... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 3-юми январи 2018

Дафни Диёрбек фарзанди Дилноза дар Хуҷанд То ба ҳукумат рафтани масъалаи NGN Ҷарима шудани ширкати нафтии Тоҷикистон Таҳдиди Трамп барои танбеҳи Покистон Шеваи нави таҳсил дар Тоҷикистон Дар барномаи имрӯз аз Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Чиллаи "тирамоҳ" дар зимистони Тоҷикистон

Гармии тирамоҳӣ дар чиллаи зимистон бештар кишоварзонро нигарон кардааст, ки ба далели гарм омадани фасли зимистон, аз ҳосили кам ва ҳам талаф ёфтани ҳосил дар баҳорон ҳарос доранд

Ozodi.org 

Эрон рафторашро дигар мекунад, ё не?

Оятуллоҳ алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон тазоҳурот дар кишварро кори дасти душманон номид. Кишварҳои ғарбӣ аз Эрон хостанд ба ҳуқуқи мардум эҳтиром бигузорад. Дар бораи вокуниши Хоманаӣ ба тазоҳурот ва таҳаввулоти дигари Эрон Тоҳири Сафар бо Мардо Соғом мудири минтақавии Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.

Ozodi.org 

Юлдуз Усманова ба принсипҳои худ хиёнат кард?

Овозхони маъруф Юлдуз Усмонова чанд соли пеш аз ширкати ҳунармандону овозхонон дар таблиғот ё рекламаи маҳсулот дар телевизионҳо интиқод карда буд. Вале ахиран худаш дар таблиғи тиҷоратии маҳсулоти як ширкат иштирок кард. Магар ин овозхон ба принсипҳои худ хиёнат кард?

Ozodi.org 

Тоҷикистон таҳсилоти фосилавӣ ҷорӣ мекунад

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасмим дорад, дар наздиктарин фурсат низоми таҳсили ғоибонаро ба таҳсили фосилавӣ табдил диҳад. Дар низоми фосилавии таълим донишҷӯ метавонад аз тариқи интернет дарс ва имтиҳон супурда, дар як сол як маротиба аз кори худ ба омӯзгорон ҳисобот диҳад.

Ozodi.org 

ВАО: Чин мехоҳад ёрии низомӣ ба Кореяи Шимолиро афзоиш диҳад

Чин ба Кореяи Шимолӣ афзоиши кӯмакҳои низомӣ, бо шумули воридоти мушакҳои навъи миёна ва дурпарвозро пешниҳод кард. Ин пешниҳод ба шарте ироа шудааст, ки агар Пхенян аз идомаи озмоиши силоҳи ҳастаӣ худдорӣ кунад. Санади пешниҳодӣ муҳри махфӣ дорад ва онро Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин рӯзи 15 сентябр, 12 рӯз баъди озмоиши ҳастаии зеризаминии Кореяи Шимолӣ пешниҳод кард. Ин санадро ба нашрияи Washington Free Beacon нафаре додааст, ки дар гузашта бо хадамоти махсуси Чин ҳамкорӣ дошт. Нашрия маводро рӯзи сешанбе чоп кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

ВАО: Чин мехоҳад ёрии низомӣ ба Кореия Шимолиро афзоиш диҳад

Чин ба Кореяи Шимолӣ афзоиши кӯмакҳои низомӣ, бо шумули воридоти мушакҳои навъи миёна ва дурпарвозро пешниҳод кард. Ин пешниҳод ба шарте ироа шудааст, ки агар Пхенян аз идомаи озмоиши силоҳи ҳастаӣ худдорӣ кунад. Санади пешниҳодӣ муҳри махфӣ дорад ва онро Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин рӯзи 15 сентяб, 12 рӯз баъди озмоиши ҳастаии зеризаминии Кореяи Шимолӣ пешниҳод кард. Ин санадро ба нашрияи Washingto Free Beacon нафаре додааст, ки дар гузашта бо хадамоти махсуси Чин ҳамкорӣ дошт. Нашрия маводро рӯзи сешанбе чоп кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Амрико иддаои Эронро "пуч" номид

Сафири Амрико дар Созмогни Милал иддаои раҳбарони Эронро, ки гуфтанд, тазоҳуроти бесобиқа дар 9 соли ахир кори душманони Эрон аст, бепоя номид ва гуфт, ин мардуми кишвар аст, ки ба зидди истибдод бархостаанд.

Ozodi.org 

Дар Дания шишаи водкаи русии $1,3 миллиониро ба яғмо бурданд

Молики як бар, ё шаробхонаи Дания мегӯяд, як шиша водкаи русӣ, ки $1,3 миллион арзиш дошт, вале бима нашуда буд, аз коллексия ё маҷмӯи шишаҳои шаробҳои ӯ ба яғмо рафт. Пулиси Копенҳаген рӯзи 3 январ тасдиқ кард, ки яғмогаре ба қаҳвахонаи 33, воқеъ дар маркази пойтахт ворид шуда, шишаи нодири Russso-Baltique-ро аз бар дуздидаст. "Ман ин ин шишаи водкаро аз Русия, аз корхонаи бо номи Dartz factory, ки қимматтарин мошин ва шишаи водкаҳо дар ҷаҳонро тавлид мекунад, гирифта будам. Ин шиша шаш моҳ як бахши коллексияи ман буд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Амрико кумак ба Покистонро мутаваққиф мекунад

Кохи Сафед аз Покистон хост, ки барои муқобила бо терроризм кори бештаре анҷом диҳад ва гуфт, ки бо ҳадафи фишор болои Исломобод дар рӯзҳои наздик “тадбирҳои вижа”-е роҳандозӣ мекунад.

Ozodi.org 

Падари Дилноза: "Марги Диёрбек як даҳшат шуд"

Падари овозхон Дилноза Каримова дар сӯҳбати телефонӣ аз Хуҷанд гуфт, баъди хоксупории наберааш Диёрбек Аминҷонов ҳамаи аъзои хонавода дар ҳолати андӯҳи амиқ қарор доранд.

Ozodi.org 

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 3-юми январи 2018 (HD)

Дафни Диёрбек фарзанди Дилноза дар Хуҷанд То ба ҳукумат рафтани масъалаи NGN Ҷарима шудани ширкати нафтии Тоҷикистон Таҳдиди Трамп барои танбеҳи Покистон Шеваи нави таҳсил дар Тоҷикистон Дар барномаи имрӯз аз Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Саакашвилӣ Русияро дар сохтакории мавод айбдор кард

Михаил Саакашвилӣ, раҳбари ҷумбиши “Ҳизби нирӯҳои тоза”-и Украина ва собиқ президенти Гурҷистон Хадамоти федеролии амнияти Русияро дар сохтакории шаҳодати зидди ӯ дар додгоҳ айбдор кард. Саакашвилӣ ин иттиҳомотро баъди он ба забон овард, ки дар ҷараёни мурофиа дар Киев додситонҳо аз додгоҳ хостанд, ки барои худдории Саакашвилӣ аз посух додан ба саволҳои раёсати Хадамоти амнияти миллии Украина ба ҳабси хонагӣ гирифта шавад. Додрасҳо гуфтанд, ки мурофиа рӯзи 11 январ идома хоҳад кард. Додситонҳои Украина Саакашвилиро... Читать дальше...

Ozodi.org 

Кохи Сафед нисбати Исломобод тадбирҳои вижа ҷорӣ мекунад

Кохи Сафед аз Покистон хост, ки барои муқобила бо терроризм кори бештаре анҷом диҳад ва гуфт, ки бо ҳадафи фишор болои Исломобод дар рӯзҳои наздик “тадбирҳои вижа”-е  роҳандозӣ мекунад. “Мо медонем, ки дар амри хатми терроризм онҳо кори бештаре карда метавонанд ва мо ҳам мехоҳем, ки амал кунанд”, гуфт Сара Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 2 январ. Вай гуфт, ки тадбирҳои нави Вашингтон дар ин замина дар 48 соати наздик эълон мешавад. Ҳушдори Кохи Сафед замоне садо дод, ки сафири ИМА дар СММ Никкӣ Ҳейлӣ ба хабарнигорон гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Кохи Сафед: Рӯзҳои наздик нисбати Исломобод тадбирҳои вижа ҷорӣ мешавад

Кохи Сафед аз Покистон хост, ки барои муқобила бо терроризм кори бештаре анҷом диҳад ва гуфт, ки бо ҳадафи фишор болои Исломобод дар рӯзҳои наздик “тадбирҳои вижа”-е  роҳандозӣ мекунад. “Мо медонем, ки дар амри хатми терроризм онҳо кори бештаре карда метавонанд ва мо ҳам мехоҳем, ки амал кунанд”, гуфт Сара Сандерс, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 2 январ. Вай гуфт, ки тадбирҳои нави Вашингтон дар ин замина дар 48 соати наздик эълон мешавад. Ҳушдори Кохи Сафед замоне садо дод, ки сафири ИМА дар СММ Никкӣ Ҳейлӣ ба хабарнигорон гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Истеъфои Ҳасан Рӯҳониро дар Тбилисӣ талаб карданд

Эрониҳои муқими Гурҷистон рӯзи 3 январ дар назди сафорати Эрон дар Тбилисӣ, пойтахти Гурҷистон даст ба эътироз заданд ва истеъфои Ҳасан Рӯҳониро талаб карданд. Ҷамъомадагон, ки теъдоди онҳо ба даҳҳо нафар мерасид, дар баробари истеъфои раиси ҷумҳури Эрон, ҳамчунин риояи меъёрҳои демократӣ дар ватани худро матраҳ карданд. Бори дуввум аст, ки эрониҳои муқиби Гурҷистон дар назди сафорати Эрон, воқеъ дар маркази Тбилисӣ ҷамъ мешаванд, мегӯяд хабарнигори Радиои Озодӣ. Эътирозгарон гуфтанд, ки бисёри... Читать дальше...

Ozodi.org 

Баъди панҷ рӯзи эътирозҳо - тарафдорони ҳукумати Эрон ба хиёбонҳо баромаданд

Телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, ки баъди ором шудани эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ва задухӯрди тарафдорону мухолифони режим дар Ҷумҳурии Исломӣ, рӯзи 3 январ даҳҳо ҳазор ҷонибдори ҳукумат ба хиёбонҳо рехтанд. Телевизиони англисизабони давлатии PressTV рӯзи 3 январ саҳнаҳое аз раҳпаймоиҳои тарафдорони ҳукуматро пахш кард, ки бо парчами Эрон дар даст ва шиорҳои пуштибонӣ аз ҳукумат дар кӯчаҳо дида шуданд. Телевизиони давлатӣ гузориш дод, ки раҳпаймоиҳо ба тарафдории ҳукумат дар шаҳрҳои Аҳвоз,... Читать дальше...

Ozodi.org 

Мактаби "Зан --роҳбар" ба Нигор чӣ дод?

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа 172 хатмкардаи мактаби яксолае бо исми рамзии “Зан -- раҳбар” рӯзи 2-юми январ аз ҷониби мақомоти вилояти Хатлон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Ozodi.org 

Чархболи Русия бо ду сарнишин дар Сурия суқут кард

Рӯзи 31 декабр чархболии ҷанги Ми-24-и Русия дар Сурия суқут кард ва ду сарнишинро ба ҳалокат расонд. Дар ин бора гурӯҳи таҳқиқотии Conflict Intelligence Team рӯзи 3 январ бо такя ба шабакаҳои иҷтимоӣ гузориш дод. Маълум шудааст, ки яке аз ҳалокшудаҳо майор Артем Кулиш буд ва исми хонаводагии дигарӣ Матвеев гуфта шудааст.  Чархбол, ки корвонро раҳбаладӣ мекард, ба хати барқ бархурд ва суқут кард. Ба гуфтаи Conflict Intelligence Team минтақае, ки чархбол суқут кард, ба рӯйхати "манотиқии шиддатзудо" шомил мешавад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Марде барои ҳамхобагӣ бо духтари 10-солааш боздошт шуд

Дар Узбакистон сокини ноҳияи Избосканро бо гумони дастдарозӣ ба номуси духтари 10-солааш боздошт карданд. Ин хабарро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия рӯзи 2 январ ба Радиои Озодлик низ тасдиқ карданд. "Тайи шаш моҳ модари духтар мушоҳида кардааст, ки шавҳари ӯ бо фарзандашон муносибатҳои шубҳаовари шаҳвонӣ дорад. Зан баъд аз пурра мутмаин шудан аз бадкории шавҳараш ба пулис муроҷиат мекунад", - гуфт як манбаъ. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Избоскани вилояти Андиҷон мегӯянд, ҳоло зидди ин мард бар пояи банди... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳакамон аз Шри-Ланк бозии “Хуҷанд” дар плей-оффи Ҷоми AFC-ро доварӣ мекунанд

Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) доварони бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2018 миёни дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон - «Аҳал»-и Туркманистонро таъйин кард.

Ozodi.org 

Ҳакамон аз Шри-Ланка бозии “Хуҷанд” дар плей-оффи Ҷоми AFC-ро доварӣ мекунанд

Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) доварони бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2018 миёни дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва ғолиби ҷуфти «Дордой»-и Қирғизистон - «Аҳал»-и Туркманистонро таъйин кард.