World News in Tajik
Январь
2018

Новости за 16.01.2018

Ozodi.org 

Таҳсил ба ҷои талбандагӣ. Як лӯлӣ барои ҳамтаборонаш мактаб сохт. ВИДЕО

Як сокини деҳаи лӯлитаборон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои атфоли маҳаллӣ мактаб сохтааст. Акбаралӣ -- ин мактабдори бемаълумот аз ҷануби Тоҷикистон мехоҳад ҳамтаборони лӯлиашро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Ozodi.org 

Як лӯлӣ барои ҳамтаборонаш мактаб сохт

Як сокини деҳаи лӯлитаборон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои атфоли маҳаллӣ мактаб сохтааст. Акбаралӣ -- ин мактабдори бемаълумот аз ҷануби Тоҷикистон мехоҳад ҳамтаборони лӯлиашро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Ozodi.org 

"Профилактика" дар ВКД. Оҷонсӣ аз мардум кумак хост

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои ошкор кардани фасоди молӣ дар Вазорати умури дохилӣ, нақлиёт, Кумитаи дин ва сохтмон аз мардум кумак хостааст.

Ozodi.org 

Ҷустуҷӯи 10 ҷосуси эҳтимолии Эрон дар саросари Олмон

Додситонии Федеролии Олмон гуфт, ки кормандони пулис дар робита ба бозҷӯии 10 ҷосуси эҳтимолӣ аз Эрон силсилаи ҷустуҷӯҳоро анҷом доданд.  Аммо мақомот гуфтанд, ки дар пайи ин рейдҳои рӯзи 16 январ дар саросари кишвар, касе боздошт нашуд. Сухангӯи додситони федеролӣ Стефан Бил гуфт, ки рейдҳо баъди даёфти маълумот аз хадамоти истихбороти дохилӣ - Дафтари ҳимоят аз Қонуни асосӣ, ки масъулияти амалиёти муқовимат бо ҷосусиро бар дӯш дорад, ба роҳ монда шуд. Маҷаллаи Олмонии Focus, гузориш дод,... Читать дальше...

Ozodi.org 

Узбакистон барои мусофирон дар шоҳроҳҳо масҷид месозад

Узбакистон барнома дорад, ки дар канори шоҳроҳҳои бузург ва кӯчаҳои ин кишвари дорои 30 миллион аҳолӣ, силсилаи масҷидҳои хурдро бунёд кунад.   Анвар Қорӣ Турсунов, Имоми аршади Тошканд рӯзи 15 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки масҷидҳои хурд ба хотири таъмини ибодати панҷвақтаи мусалмонон бунёд мешаванд. Як мақоми Кумитаи давлатӣ дар умури дин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин масҷидҳо ҳамчунин ниёзи сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои мусалмониро бароварда месозанд. Ӯ афзӯд, ки агар чунин дархост аз тарафи адюни дигар низ ироа шавад... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 16-уми январи 2018 (HD)

"Сомон Эйр" як масъули ин ширкатро барои огаҳ накардани мусофирон аз тағйири вақти парвоз ҷазо додааст, қиссаи деҳаи маҳрум аз барқ, вазъи хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, лӯлиёни Хатлон ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Интиқоди дипломати амрикоӣ аз вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон

Як дипломати амрикоӣ ҳукумати Тоҷикистонро барои ҷилавгирӣ аз кори гурӯҳҳои динии, ба қавли ӯ, осоишта ва эҷоди баъзе маҳдудият дар пӯшиши мазҳабӣ ва манъи рафтани то ҳаждаҳсолаҳо ба масҷид интиқод кардааст. Кевин Коверт, кордори сафорати Амрико дар Душанбе, рӯзи 16-уми январ дар як паёми расмӣ гуфт, «ин иқдом боис ба нигаронист». Изҳороти Кевин Коверт дар рӯзи озодии дин, ки ҳар сол 16-уми январ дар Амрико таҷлил мешавад, нашр шуд. Мақомоти тоҷик то ба ҳол ба паёми кордори сафорати Амрико посухе надоданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Рӯҳониёни Покистон ҳамлаи интиҳориро "ҳаром" эълон карданд

Беш 1,800 рӯҳонии Покистон, аз ҷараёнҳои мухталифи исломӣ, бо нашри як фатво ҳамлаи интиҳориро амали "ғайри исломӣ" эълон карданд. Ин рӯҳониён гуфтанд, ки аз рӯи таълимоти Исломӣ бомбагузории интиҳорӣ мамнуъ ва "ҳаром" аст Фатвои рӯҳниён рӯзи 16 январ дар як китоб аз ҷониби президенти Покистон Мамнун Ҳусейн ва Донишгоҳи Давлатии Исломӣ муаррифӣ шуд. Ҳусейн дар ин китоб навиштааст, ки ин фатво "пояи қавии эътидолро дар як ҷомеаи Исломӣ таъмин мекунад". Покистон даҳсолаҳо боз аз ҳамлаҳои ҷангиёни Исломӣ заҷр мекашад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Назарбоев барои мулоқот бо Трамп ба Вашингтон рафт

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар доираи як сафари расмии серӯза вориди Вашингтон шуд. Дафтари матбуотии президенти Қазоқистон гуфт, ки  қарор аст рӯзи 16 январ Назарбоев бо президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот кунад.  Дар чаҳорчӯби ин сафар иштироки президенти Қазоқистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ дар назар аст. Расонаҳои расмии Қазоқистон пештар хабар доданд, ки дар ҳошияи сафари Назарбоев ба Вашингтон раҳбарони ду кишвар мавзӯи шарикии стратегӣ ва созишномаҳои "чандмиллиарддолларӣ"-ро матраҳ мекунанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Сиёсатмадори серб дар шимоли Косово кушта шуд

Оливер Иванович, раҳбари сиёсии сербҳои қавмӣ субҳи 16 январ дар назди дафтари кориаш дар шимоли Косово, қисмати шимолии шаҳри тақсимшудаи Митровитса, ки дар он теъдоди сербҳо бартар аз қавмҳои дигар аст, ҳадафи тир қарор гирифт. Вакили Иванович - Небойша Влаҷич ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Иванович субҳи имрӯз дар пайи тирандозӣ кушта шуд. Оливер Иванович президенти ибтикори шаҳрвандӣ  бо номи "Озодӣ, Демократия ва Адолат" буд, ки дар интихоботи маҳаллии Косово, соли 2017 вориди сабқат шуд. Ксения Бозович... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ифтитоҳи филиали Донишгоҳи славянӣ дар як мактаби Кӯлоб

Дар як мактаби шаҳри Кӯлоб филиали Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия боз мешавад. Ҳукумати Русия тарҳи созишномаи ифтитоҳи филиали Донишгоҳи славянӣ дар Кӯлобро ба тасвиб расонд. Дар ин бора рӯзи 16-уми январ оҷонси "Интерфакс" хабар дод. Филиали донишгоҳ дар назди як мактаби миёнаи маҳаллӣ боз шуда, ба шогирдон аз рӯи барномаи таълимоти ҳамагонии Русия дарс дода мешавад.   Филиали Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон бо номи “Мактаби миёнаи Русияву Тоҷикистон” дар мактаби рақами 7-и шаҳри Кӯлоб амал мекунад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Рӯзноманигор хисороти маънавии Отамбоевро бо хонааш ҷуброн мекунад

Нурбек Сидиқов, намояндаи Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон рӯзи 15 январ аз додгоҳ талаб кард, ки барои ҷуброни хисороти маънавии Отамбоев дороиҳои вакили пешини порлумон Чолпон Ҷакупов ва рӯзноманигор Норин Айипро ба фурӯш гузорад.  Ба иддаои намояндаи Отамбоев ин ду нафар бо шарҳҳои худ дар сомонаи Zanoza.kg ба шарафу обрӯи Алмосбек Отамбоев латма заданд.  Намояндаи Отамбоев талаб дорад, ки коттеҷи Ҷакупов дар Иссиқкӯл ва хонаи Айип фурӯхта шаванд. Ба рӯзноманигор сеяки хона тааллуқ дорад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Боздошти чанд мақомдори Туркманистон бо айби фасодкорӣ

Мақомоти Туркманистон чанд мансабдори давлатӣ, аз ҷумла кормандони хадамоти амнияти миллиро бо айби фасодкорӣ боздошт карданд. Рӯзи дақиқи боздоштҳо маълум нест, аммо гуфта мешавад, ки маъракаи мубориза бо фасод баъди соли нав оғоз шуд. Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар вилояти Дашоғуз чанд афсари амниятро бо айби фасодкорӣ ва ҳамкорӣ бо фурӯшандагони маводи мухаддир боздошт кард. Бархе манбаҳо аз Туркманистон хабар медиҳанд, ки кормандони хадамоти амният ва пулис аз фурӯши шаробҳои ғайриқонунӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Бонки миллии Қазоқистон ба асардуздӣ муттаҳам шуд

Аксбардоре аз Канада мегӯяд, ки Қазоқистон аксҳои бардоштаи ӯро дар пули миллиаш истифода истифодааст. Кейт Тестер аз Онтарио посухи Бонки миллии Қазоқистонро мунтазир аст. Аккосони хориҷӣ, ки даъвои ҳаққи муаллифӣ доранд, барои ҳифзи ҳуқуқи ҳамтои худ муттаҳид шудаанд. Пештар аз ин аксбардори швейтсарӣ Марсел Буркхард акси яке аз турнаҳо дар 500 тангаи Қазоқистонро моли худ эълон кард. Акнун аксбардори дигар аз Канада Кейт Тестер ҳам ба ин даъво ҳамроҳ шуд. Тестер мегӯяд, турнаи дигарро, ки дар пули миллии Қазоқистон нашр шудааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Оҷонсӣ барои ифшои фасод дар ВКД ва Кумитаи дин аз мардум ёрӣ хост

Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон аз сокинон хостааст, ки барои ифшои хавфи амалҳои коррупсионӣ дар чаҳор ниҳоди умдаи давлатӣ кумак кунанд. Мақомоти Оҷонсӣ рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "профилактика"-и Вазорати умури дохилӣ, нақлиёт, Кумитаи дин ва сохтмон аз моҳи феврал то апрели имсол идома хоҳад кард. Манбаъ афзуд, "ба ин хотир, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват мешавад, барои ошкор кардани хавфи амалҳои коррупсионӣ дар вазорату кумитаҳои мазкур, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолият... Читать дальше...

Ozodi.org 

Як масъули ширкати "Сомон-Эйр" муҷозот шуд

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» як кормандашро барои огоҳ накардани баъзе мусофирон аз парвози пеш аз муҳлат дар рӯзи 14-уми январи имсол муҷозот кард. Рӯзи 14-уми январ чанд муштарии ширкати «Сомон Эйр» шикоят карданд, ки парвози аз рӯи нақша барномарезишудаи онҳо аз Душанбе ба Хуҷанд ва баръакс на дар вақти пешбинишуда, балки як соат пеш аз нақша анҷом шуд ва онҳо натавонистанд саривақт ба Хуҷанд ва Душанбе парвоз кунанд. Ширкати ҳавопйамоии «Сомон Эйр» рӯзи 16-уми январ гуфт, дар ин маврид... Читать дальше...