World News in Tajik
Январь
2018

Новости за 06.01.2018

Ozodi.org 

Вайбер дубора фаъол шуд. Сокинон: "Вақте паёмрасон нест..."

Баъд аз нисфирӯзи 6-уми январ дастрасӣ ба шабакаи Вайбер дар Тоҷикистон дубора имконпазир шуд. Рӯзи гузашта корбарони Вайбер дар дохили Тоҷикистон гуфта буданд, ки ин барнома қисман масдуд шуда, танҳо имкони ирсоли паёмҳои хаттӣ ё СМС вуҷуд дораду бас. Аммо мардум бе Вайбер ва паёмрасонҳои дигар чӣ кор хоҳанд кард? Назарҳоро дар ин навори видео бибинед.

Ozodi.org 

Вайбер дубора фаъол шуд. Сокинон: "Вақте паёмрасон нест..." ВИДЕО

Баъд аз нисфирӯзи 6-уми январ дастрасии комил ба шабакаи Вайбер дар Тоҷикистон дубора имконпазир шуд. Рӯзи гузашта корбарони Вайбер дар дохили Тоҷикистон гуфта буданд, ки ин барнома аз 4-уми январ қисман масдуд шуда, тавассути он танҳо имкони ирсоли паёмҳои хаттӣ ё СМС вуҷуд дораду бас.

Ozodi.org 

Тиллерсон гуфт, қасд дорад ба ҳайси вазири умури хориҷӣ бимонад

Рекс Тиллерсон гуфт, ки қасд дорад дар соли 2018 низ ба ҳайси вазири умури хориҷии Амрико кор кунад. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш гузоришҳо аз таниши мавҷуд миёни вазири умури хориҷӣ ва раиси ҷумҳури Амрико нашр шуданд. Рекс Тиллерсон дар мусоҳибаи рӯзи 5-уми январ бо телевизиони CNN гуфт, бовар дорад, маъмурияти Доналд Трамп дар соли 2017 бисёр муваффақият дошт ва дар ҳоли иҷрои сиёсатҳое аст, ки 2018-ро муваффақтар аз соле пеш хоҳад сохт. Ӯ дар посух ба суоле гуфт, ният дорад дар маъмурияти... Читать дальше...

Ozodi.org 

Шавкат Мирзиёев дар феҳристи даҳ раҳбари таъсиргузор

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, ба даҳгонаи раҳбароне ворид шудааст, ки имкони тағйир дар кишвари худ ва минтақаву ҷаҳонро доранд. Ин феҳрист аз тарафи шореҳони сиёсии яке аз нашрияҳои маъруфи Туркия – Derin Ekonomi – таҳия шудааст. Оҷонси хабарии “Ҷаҳон” рӯзи 6-уми январ навишт, Мирзиёев аз рӯзи аввали расиданаш ба қудрат дар Узбакистон ба ислоҳоти густарда, аз ҷумла дар бахши иқтисоду сайёҳӣ, таъмини озодии виҷдон ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, даст задааст. Ин нашрия яке аз қадамҳои муҳими... Читать дальше...

Ozodi.org 

Вазири дифои ИМА: Аз иқдоми ҷавобии Покистон нигарон нестам

Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико гуфт, ки кишвараш ироаи кумаки тақрибан думиллиарддолларии низомӣ ба Покистонро боздошт ва дар мавриди вокунишу иқдоми ҷавобии Покистон ташвиш надорад. Дар нишасти рӯзи 5-уми январ дар Пентагон аз Маттис пурсиданд, ки оё фишори Вашингтон болои Исломобод Покистонро ба бастани роҳи икмолотии нирӯҳои мустақар дар Афғонистон водор нахоҳад кард? Маттис гуфт, “дар ин маврид ҳеч гуна нигаронӣ надорад.” Исломобод шаш сол пеш дар ҷараёни танишҳои ҷиддиаш бо Вашингтон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Занон дар Туркманистон аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шудаанд

Аз моҳи декабри соли гузашта занон дар Туркманистон аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шудаанд. Вебсайти “Альтернативные новости Туркменистана” рӯзи 5-уми январ навишт, ки нозирони роҳ дар ин бора ба занони ронанда расман ҳушдор додаанд. Бино ба иттилои ин вебсайт, дар оғози соли нав нозирони роҳ шаҳодатномаи ронандагӣ ё парвонаи чанде аз занонро гирифта, мошини онҳоро ба истгоҳи ҷаримавӣ фиристодаанд. Як зани сокини Ишқобод гуфтааст, то замоне ки ин мушкил ба сараш наомад, ҳушдорро шӯхӣ пиндошта буд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи 15 табиб – барои “буриши қайсарӣ”

15 пизишки тоҷик барои риоя накардани қоидаҳои “буриши қайсарӣ” ё таваллуд аз роҳи ҷарроҳӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳабибулло Воҳидов – додситони вилояти Суғд – рӯзи 5-уми январ дар ҷаласаи ҷамъбасти як соли фаъолияти ниҳодаш гуфт, “алайҳи ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шуд”.

Ozodi.org 

Як духтари 22-соларо дар Душанбе дуздидаанд

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон як сокини шаҳри Душанберо бо гумони дуздии духтари 22-сола боздошт кардаанд. Мақомот рӯзи 6-уми январ гуфтанд, ки ҳодиса охири моҳи декабри соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст. Бино ба иттилои расмӣ, гумонбар дар боздошт қарор дорад ва ба одамрабоӣ муттаҳам аст. Дар иттилоияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки гумонбар духтарро аз манзили падараш рабудааст. “Сокини 52-солаи кӯчаи Камоли Хуҷандии пойтахт ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кард... Читать дальше...

Ozodi.org 

Муҷозоти беш аз 150 мансабдори тоҷик

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар натиҷаи санҷишҳои аудиторонаш дар вазорату идораҳо 153 мансабдор ҷазои “моддиву маъмурӣ” гирифта, 6 нафар аз вазифа сабукдӯш шудаанд.

Ozodi.org 

Баҳси хиёнат ё амвол? 22 сол ҳукми Бердиев барои қатли Нигора

Додгоҳи вилояти Суғд як сокини шаҳри Истаравшанро бо ҷурми қатли ҳамсари дувумаш ба 22 соли зиндон маҳкум кард. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки Маҷид Бердиев муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш сангин сипарӣ хоҳад намуд.