World News in Tajik
Январь
2018

Новости за 25.01.2018

Ozodi.org 

Тоҷикистон барои шаҳрвандони Чин 2400 ҷойи кор тахсис дод

Ҳукумати Тоҷикистон барои шаҳрвандони Чин 2400 бурсия ё квотаи дигари корӣ ҷудо кард. Ҷойҳои корӣ бо амри раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷудо шуданд ва асосан ба мутахассисони сохтмони лӯлаи гази Туркманистон - Чин пешниҳод мешаванд.

Ozodi.org 

Тифле, ки аз баданаш 16 сӯзан ёфтанд, дар ҳолати кома аст

Тифле аз вилояти Фарғонаи Узбакистон, ки аз баданаш 16 сӯзан ёфтанд, феълан дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳри Тошканд бистарист. Пизишкон гуфтанд, ки вай дар ҳолати кома ё беҳушии дараҷаи аввал қарор дорад ва эҳтимоли зинда монданаш хеле кам аст.

Ozodi.org 

Ҷойи кори муҳоҷирони тоҷик дар Маскав сӯхт

Бозори «Садовод» як маҳалли бузурги кори муҳоҷирони тоҷик дар Русия дигарбора оташ гирифтааст. Як муҳоҷири тоҷик, ки рӯзи 25-уми январ шоҳиди сӯхтани қисме аз бозор шуд, навореро ба мо фиристод, ки тоҷирону оташнишонҳо баъзе аз дӯконҳоро холӣ мекунанд, то оташ доман паҳн накунад. Касе осеб надид.

Ozodi.org 

Додситони кул: Масъалаи NGN ҷиддӣ баррасӣ мешавад

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки Комиссияи вижаи ҳукуматӣ дар ҳоли ҳозир қонунмандии системаи мухобиротии NGN-ро месанҷад. Ба гуфта Додситони кулли Тоҷикистон, ин масъала ба таври хеле ҳам ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.​

Ozodi.org 

Авфи Байналмилал ба озодии оҷили Мирсаидов даъват кард

Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, рӯзноманигори шинохта Хайрулло Мирсаидовро, ки беш аз як моҳ боз дор боздоштгоҳ қарор дорад, "оҷилан ва бидуни шартгузорӣ" озод кунанд. "Мирсаидов зиндонии сиёсӣ аст, ки танҳо ба хотири таҷруба кардани ҳуқуқу озодиҳояш муҷозот мешавад", - омадааст дар изҳороти Афви Байналмилалӣ, ки рӯзи 25-уми январ пахш шуд.  Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори пешини оҷонси "Азия Плюс" ва Deutsche Welle, солҳои ахир раҳбари КВН -- Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик буд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Авфи Байналмилал ба озодии оҷили Мирсаидов даъват кард. ВИДЕО

Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, рӯзноманигори шинохта Хайрулло Мирсаидовро, ки беш аз як моҳ боз дор боздоштгоҳ қарор дорад, "оҷилан ва бидуни шартгузорӣ" озод кунанд. "Мирсаидов зиндонии сиёсӣ аст, ки танҳо ба хотири таҷруба кардани ҳуқуқу озодиҳояш муҷозот мешавад", - омадааст дар изҳороти Афви Байналмилалӣ, ки рӯзи 25-уми январ пахш шуд.  Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори пешини оҷонси "Азия Плюс" ва Deutsche Welle, солҳои ахир раҳбари КВН -- Маҳфили ҳозирҷавобони тоҷик буд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Пешниҳоди гузоштани пайкараи Фарҳоду Ширин дар Тоҷикистон

Толибҷон Боқиев, яке аз пайкарасозони чирадаст дар шаҳри Кулоб пешниҳод дорад, дар Тоҷикистон пайкараи Фарҳоду Ширинро гузоранд. Ӯ мегӯяд, бинандагони пайкараи ҷавоне, ки дили кӯҳро барои расидан ба висоли маъшуқ шикофт, зиёд хоҳад буд.

Ozodi.org 

Олмон ирсоли танкҳои "Леопард 2А4"-ро ба Туркия масдуд кард

Ҳукумати Олмон аз фурӯши тонкҳои навъи Леопард 2А4 ба Туркия даст кашид. Қаблан Анкара аз шариконаш дар НАТО хоҳиш карда буд, ки таслиҳоти кӯҳнаи артиши ин кишварро нав кунанд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва Зигмунд Габриэл, вазири умури хориҷии ин кишвар рӯзи 25-уми январ қарор карданд, ки ба масъалаи ирсоли танкҳо ба Туркяи баъди таъсиси ҳукумати эътилофӣ бармегарданд. Олмон аз кишварҳои умдаи тавлидкунандаи силоҳ буда, дар раддабандии фурӯш дар ҷаҳон ҷойи сеюмро дорад. Аммо масъалаи фурӯши... Читать дальше...

Ozodi.org 

Олмон ирсоли тонкҳои Леопард 2А4 ба Туркияро масдуд кард

Ҳукумати Олмон аз фурӯши тонкҳои навъи Леопард 2А4 ба Туркия даст кашид. Қаблан Анкара аз шариконаш дар НАТО хоҳиш карда буд, ки таслиҳоти кӯҳнаи артиши ин кишварро нав кунанд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва Зигмунд Габриэл, вазири хориҷии ин кишвар рӯзи 25 январ қарор карданд, ки ба масъалаи ирсол тонкҳо ба Туркяи баъди таъсиси ҳукумати эътилофӣ бармегарданд. Олмон аз кишваҳои умдаи тавлидкунандаи силоҳ буда, дар раддабандии фурӯш дар ҷаҳон ҷойи сеюмро дорад. Аммо масъалаи фурӯши силоҳ ба Туркия дар ҳоле барои Олмон ҳассос шуд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Пешниҳод: Воридоти мошинҳои истеҳсоли то соли 2005 ба Тоҷикистон манъ шавад

Чанд вазорату идораҳои давлатӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки воридоти мошинҳои истеҳсоли то соли 2005-ум ба кишвар манъ карда шавад. Саидусмон Судуров, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, рӯзи 25-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ин пешниҳод айни замон дар баррасии ҳукумат қарор дорад. "Дар сурати қабул шудани ин пешниҳод, аз 1-уми апрели имсол воридоти мошинҳое, ки истеҳсолашон то соли 2005-ум аст, манъ хоҳад шуд", - афзуд ӯ.   Судуров дар шарҳи зарурати ин иқдом гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Воридоти мошинҳои истеҳсоли то соли 2005 ба Тоҷикистон манъ мешавад

Чанд вазорату идораҳои давлатӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки воридоти мошинҳои истеҳсоли то соли 2005-ум ба кишвар манъ карда шавад. Саидусмон Судуров, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, рӯзи 25-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ин пешниҳод айни замон дар баррасии ҳукумат қарор дорад. "Дар сурати қабул шудани ин пешниҳод, аз 1-уми апрели имсол воридоти мошинҳое, ки истеҳсолашон то соли 2005-ум аст, манъ хоҳад шуд", - афзуд ӯ.   Судуров дар шарҳи зарурати ин иқдом гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Борис Ҷонсон аз шаҷараи ҷасади мумиёшудаи Базел будааст

Олимони шаҳри Базели Швейтсария шахсияти ҷасади мумиёшудаи занеро муайян карданд, ки соли 1975 дар калисои Ордени бародарони пойбарҳнаи кармелитӣ (Barfusser Church) ошкор шуда буд. Ин занро дар назди меҳроб гӯронида буданд ва либосе, ки дар тан дошт, ба ашрофзода буданаш далолат мекард. Замони марги ин зан дар санги рӯи қабраш дарҷ нашудааст, аммо маълум шуд, ӯ бар асари заҳролудшавӣ аз симоб фавтидааст. Дар натиҷаи ташхиси DNA ва кор дар бойгониҳо олимон шахсияти занро 99% маълум карданд. Ин зан Анна Катарина Бишофф буда... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 25-уми январи 2018 (HD)

Додситони кулл бастани NGN-ро таҳқиқ дорад, вале хадамоти алоқа шарҳ дод, ки чаро ин шаӣакаро бастааст, мақомот мегӯянд, нархи Интернетро камтар мекунанд, шаҳрдор, хешовандони муҳоҷиронро дашном додааст, дар Косово занони таҷовузшудагон ҷуброн мегиранд,дар Кӯлоб пайкараи Ширину Фарҳодро мегузоранд?

Ozodi.org 

Ҷаннатӣ: "Фазои маҷозӣ балои ҷони мо шудааст"

Раиси Маҷлиси хибрагони Эрон аз нишасти чандсоатаи раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон бо шуморе аз "мутахассисони фазои маҷозӣ" хабар дода ва гуфтааст, ки дар пайи ин нишаст қарор аст "як ҳаракате анҷом диҳанд."

Ozodi.org 

Эълони озмуни беҳтарин тарҳи меъмории "Истиқлолият ва Озодӣ"

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 25-уми январ озмуни беҳтарин тарҳи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзии "Истиқлолият ва Озодӣ" дар шаҳри Душанберо эълон кард. Дафтаи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз роҳандозии ин озмунро "ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ" гуфтааст. Дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки ин озмун дар як давр баргузор мешавад ва довталабон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Озмуни беҳтарин тарҳи меъмории "Истиқлолият ва Озодӣ"

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 25-уми январ озмуни беҳтарин тарҳи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзии "Истиқлолият ва Озодӣ" дар шаҳри Душанберо эълон кард. Дафтаи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз роҳандозии ин озмунро "ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ" гуфтааст. Дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ин озмун дар як давр баргузор мешавад ва довталабон... Читать дальше...

Ozodi.org 

"Қасди худкушӣ доштам", "шаробхор будам" Нақлҳои ошкору бепарда дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Барномаи «Китобхонаи гӯё», инак, 10 сол аст, ки дар 200 кишвар, аз ҷумла Осиёи Марказӣ татбиқ мешавад. Дар Душанбе бори аввал ин тарҳро раҳбари собиқи «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» марҳум Константин Бондаренко роҳандозӣ карда буд.