World News in Tajik
Апрель
2024

Новости за 02.04.2024

Ozodi.org 

Сафири Амрико тамдиди ҳабси Алсу Қурмашеваро танқид кард

Сафири Амрико дар Русия тамдиди ҳабси хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Алсу Қурмашеваро танқид кард. Линн Трейси онро "ҳамлаи Кремл ба озодии матубот" хонд ва "ғайри қобили қабул" донист.

Ozodi.org 

Путин хост, сиёсати муҳоҷират дар Русия "аз реша дигар шавад"

Президенти Русия баъди бештар аз даҳ рӯзи ҳамлаи маргбор дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав гуфт, сиёсати муҳоҷират дар кишвараш бояд "аз реша дигар шавад". Владимир Путин рӯзи 2-юми апрел ба ниҳодҳои масъули давлатӣ супориш дод, ки сари ин масъала кор кунанд.

Ozodi.org 

Сукути ҳукумат дар баробари гӯши бурида ва шиканҷаи тоҷикон дар Русия чӣ маъно дорад?

Набуди баёнияи возеҳи Тоҷикистон дар бораи бераҳмии маъмурони амниятии рус бо чаҳор тоҷики муттаҳам ба терроризм сабаби танқиди ҳукумат шудааст. Мунтақидон мегӯянд, ҳар шаҳрванди кишвар дар ҳар ҷое ҳаст ва ҳар ҷинояте карда бошад, ҳуқуқ дорад ва он бояд риоят шавад. Сукути ҳукумат нишонаи чист?

Ozodi.org 

Сукути ҳукумат дар бораи шиканҷаи тоҷикон дар Русия нишонаи чист?

Набуди баёнияи возеҳи Тоҷикистон дар бораи бераҳмии маъмурони амниятии рус бо чаҳор тоҷики муттаҳам ба терроризм сабаби танқиди ҳукумат шудааст. Мунтақидон мегӯянд, ҳар шаҳрванди кишвар дар ҳар ҷое ҳаст ва ҳар ҷинояте карда бошад, ҳуқуқ дорад ва он бояд риоят шавад. Сукути ҳукумат нишонаи чист?

Ozodi.org 

Наздикони Фаридуни Шамсиддин боздошт нашудаанд

Баъди ҳамла дар Крокус сару садо дар бораи ихроҷи наздикони тоҷикони муттаҳам ба он нашр шуд.Ҳамчунон дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳо дар бораи бозпурсиву таъқиби наздикони онҳо дар Тоҷикистон паҳн гардид.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 2-уми апрели соли 2024 (Пахши зинда)

Боздошти як тоҷикистонӣ ба гумони омодагӣ ба ҳамла дар Истанбул, наздикони Фаридуни Шамсиддинро баъди бозпурсӣ раҳо карданд, ихроҷи муҳоҷирон дар Тюмену Перм, сукути Тоҷикистон ба азияти тоҷикон дар Русия ва шухии якуми апрелии Доналд Трамп.

Ozodi.org 

Чаро тоҷикон ба гурӯҳҳои тундрав мепайванданд? (Қисми 2)

Ҳамали ахир ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Русия, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар он гумонбаранд, дигарбора номи ин кишварро дар сархати расонаҳо қарор дод. Аз Рустам Азизӣ дар як суҳбати вижа сабабҳои гаравидани ҷавонон ба саффи гурӯҳҳои ифротиро пурсидем

Ozodi.org 

Чаро тоҷикон ба гурӯҳҳои тундрав мепайванданд? (Қисми 1)

Ҳамали ахир ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Русия, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар он гумонбаранд, дигарбора номи ин кишварро дар сархати расонаҳо қарор дод. Аз Рустам Азизӣ дар як суҳбати вижа сабабҳои гаравидани ҷавонон ба саффи гурӯҳҳои ифротиро пурсидем

Ozodi.org 

Ҳамлаи ҳавоӣ ба консулгарии Эрон дар Димишқ. Теҳрон: "Паёми муҳиме ба Амрико фиристода шуд"

Дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ, ки ба Исроил нисбат дода мешавад ба консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Димишқ, дастикам 7 нафар афсари Сипоҳи посдорон ҷон бохтаанд. Вазорати корҳои хориҷии Эрон кордори сафорати Шведсия ба унвони ҳимоятгари манфиатҳои Амрико дар Эронро даъват кардааст. Эрон хостори ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти СММ шудааст.