World News in Tajik
Апрель
2024

Новости за 11.04.2024

Ozodi.org 

Хавфи “депортатсия” аз Маскав ба садҳо муҳоҷири корӣ

Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи амалиёту санҷиш дар сохтмону манзил ва анбору коргоҳҳои дигари муҳоҷирон дар Маскав садҳо мавриди қонуншиканиро ошкор карда, иддаеро ба ҷавобгарӣ кашиданд. Дар Красноярск ба муҳоҷирон хидмати қарордодӣ пешниҳод шудааст. Санҷиш пас аз ҳамла ба “Крокус” сахттар шуд.

Ozodi.org 

Дар суроғи ду тоҷике, ки Русия гумонбар, аммо ВКД рад кард

Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба суроғи ду нафаре рафтанд, ки мақомоти Русия онҳоро ба ҳамла ба маҷмаи консертии “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав гумонбар дониста, вале Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рад кард. Онҳо аз ҷамоати Золи Зари ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ҳастанд. Тафсилот дар видео.

Ozodi.org 

"Дарси Крокус". Ҳамла дар Маскав чӣ мушкилотеро барои Тоҷикистон ошкор кард?

Коршиносон мегӯянд, ҳамла ба толори “Крокус Сити”-и Маскав ва пайомадҳои он мушкилоти зиёдеро ошкор кард, ки мақомоти Тоҷикистон пештар нодида мегирифтанд. Чӣ мушкилиҳо? Мақомот дар Душанбе бояд аз ин воқеа чӣ дарс бигиранд?

Ozodi.org 

"Низоми мутамаркази худкома." Баҳои бади Freedom House ба демократияи Тоҷикистон

Freedom House ё "Хонаи Озодӣ", қароргоҳаш дар Амрико, Тоҷикистонро яке аз ҳашт кишвари дорои "низоми мутамаркази худкома" номида, ба рушди демократия ва озодӣ дар ҷумҳурӣ баҳои пасттарин додааст.

Ozodi.org 

Билол Қурбоналиев, узви "Гурӯҳи 24" ба даҳ сол зиндон маҳкум шудааст

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе узви "Гурӯҳи 24" Билол Қурбоналиевро ба даҳ сол зиндон маҳкум кардааст. Ҳукм дар охири моҳи феврали имсол содир шуда, Радиои Озодӣ тасдиқи онро рӯзи 11-уми апрел гирифт.

Ozodi.org 

Додгоҳи олӣ бозбинии ҳукми Юсуф Солиҳовро талаб кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳовро, ки ба гуноҳи даст доштан дар қатли 22 узви як оила ва оташ задани ҷасади онҳо дар вилояти Хатлон ҳашт сол зиндонӣ шуда буд, "сабук" дониста, бозбинии онро талаб кардааст. Қарор рӯзи 9-уми апрел содир шуд.

Ozodi.org 

Ибодулло Машрабов рафторашро бо духтарони ҳунарпеша дуруст шумурд

Ибодулло Машрабов, ҳунарманди халқии Тоҷикистон, бархӯрдашро бо духтарони ҳунарпеша дуруст шумурдааст. Навори ин лаҳза чанд рӯз пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва боис ба вокунишҳои тунди корбарон шуд.

Ozodi.org 

Се писар ва се набераи раҳбари "Ҳамос" дар ҳамлаи Исроил кушта шуданд

Пайвандон ва расонаҳои наздик ба гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" хабар доданд, ки се писар ва се набераи Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ин гуруҳ дар як ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Ғазза, кушта шуданд. Исроил масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.