World News in Tajik
Апрель
2024

Новости за 29.04.2024

Ozodi.org 

"Ҳабса" кӯдаконро дуздид." Чаро баъзе аз занони тоҷик дар Сурия монданд?

Баъзе аз занони ҷангҷӯёни тоҷик ба сабаби "дуздида шудани фарзандонашон" дар урдугоҳҳои Сурия мондаанд. Вагарна, ба гуфтаи сафир Зубайдулло Зубайдзода, қарор буд ҳамроҳи 47 нафар рӯзи 25-уми апрел ба Душанбе баргарданд.

Ozodi.org 

Муҳоҷирони тоҷик дар марзи Қазоқистон бо Русия банд мондаанд

Зиёда аз 300 нафар бо мошину автобус аз Тоҷикистон ба Қазоқистон расида, аммо ду рӯз боз наметавонанд вориди хоки Русия шаванд. Марзбонони рус дар як рӯз танҳо ба 5-6 мошин иҷозаи гузаштан медиҳанд. Достони муҳоҷиронро дар навор бинед.

Ozodi.org 

Фасод ё хиёнат? Ҷузъиёти ҳабси муовини вазири дифои Русия

Тимур Иванов, муовини вазири мудофиаи Русия, рӯзи 24-уми апрел бо иттиҳоми ришваситонӣ ба ҳабс гирифта шуд. Ҳамроҳи ӯ чанд тани дигар дастгир шудаанд. Муовини вазири мудофиаи Русия айбномаро қабул надорад.

Ozodi.org 

"Комилан мувофиқ нест." Ёддошти эътирозии Тоҷикистон ба сафири Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ибрози "нигаронии ҷиддӣ" аз "муносибати махсусан дағалонаи мақомоти Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон" ба сафири ин кишвар дар Душанбе нота (ёддошти эътирозӣ) супоридааст. Семён Григоревро рӯзи 29-уми апрел эҳзор карданд.

Ozodi.org 

Вазири қазоқ барои қатли ҳамсараш муҳокима мешавад

Дар Қазоқистон як моҳ боз муҳокимаи парвандаи қатли бераҳмонаи Салтанат Нукенова идома дорад. Дар курсии айбдорӣ вазири пешини иқтисоди Қазоқистон нишастааст. Ин қазияро, ки баҳси хушунат ва озору азияти занонро доғ кардааст, дар Тоҷикистон ҳам бисёриҳо пайгирӣ доранд.

Ozodi.org 

"Tik-Tok" монад ё баста шавад?

Бархе кишварҳо дастрасӣ ба шабакаи TikTok-ро манъ карданд ва бархеи дигар қасд доранд онро маҳдуд кунанд. Ҷонибдорони маҳдудсозӣ мегӯянд, ин шабака ба амнияти миллии онҳо хатар дорад. Дар Тоҷикистон ҳам ҳаводорони TikTok кам нестанд. Радиои Озодӣ аз сокинон пурсид, ки назарашон ба ин шабака чист?

Ozodi.org 

Ҷоми CAFA аз Эрон шуд. Тоҷикистон бе медал монд

Тими мунтахаби духтарони то 18-солаи Эрон дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024, ки аз 21-ум то 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе доир гардид, ғолиб шуд.