World News in Tajik
Апрель
2024

Новости за 05.04.2024

Ozodi.org 

"Аъло мехонд." Лутфуллои Назримад, гумонбари қазияи "Крокус" кист?

Шахсони наздик ба хонаводаи Лутфуллои Назримад, яке аз гумонбарони ҳамла ба "Крокус"-и Маскав гуфтанд, ки ӯ тобистони соли гузашта Донишгоҳи шаҳри Бохтарро хатм карда, дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафтааст. Мақомоти Русия ӯро рӯзи 28-уми март ба ҳабс гирифтанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳеч вокуниш накардааст.

Ozodi.org 

Шодӣ Ҳафиззода раиси дастгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ шудааст

​Шодӣ Ҳафиззода, сардори собиқи Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ (УБОП), раиси Дастгоҳи ВКД таъин шудааст. Ин генерали 43-сола аз наздикони вазир Рамазон Раҳимзода аст.

Ozodi.org 

"Аз сарнавишти фарзандам дар Русия нигаронам"

Бо гузашти ду ҳафта аз ҳамлаи маргбор дар Крокус сӯҳбатҳо атрофи он ва ҳамчунин нигарониҳо аз паёмади ин ҳодиса кам нашудааст. Бархеҳо мегӯянд, аз тақдири норушани муҳоҷирони меҳнатӣ, боздошту ихроҷи онҳо, ки аз ягона манбаи даромад маҳрум мемонанд, хавотиранд.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 5-уми апрели соли 2024

Муфтии Маскав мегӯяд, намози Ид дар Маскав бе маҳдудият аст; гирифтани патенти кор дар Русия душвор шуд; нигаронии тоҷикон баъди ҳамла дар толори консертии Русия.

Ozodi.org 

Дарёфти патент барои муҳоҷирон дар Русия мушкил шудааст

Баъд аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус” ҷараёни додани патент ба муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия бисёр суст шудааст. Дар марказҳои хидматрасонӣ ба муҳоҷирон навбатҳои дароз мушоҳида мешаванд. Баъзеҳо барои гирифтани иҷозаи кор ҳафтаҳо интизор мондаанд.

Ozodi.org 

Лутфуллои Назримад, гумонбари қазияи "Крокус" кист?

Шахсони наздик ба хонаводаи Лутфуллои Назримад, яке аз гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав гуфтанд, ки ӯ тобистони соли гузашта Донишгоҳи шаҳри Бохтарро хатм карда, дар ҷустуҷӯйи кор ба Русия рафт. Мақомоти Русия ӯро рӯзи 28-уми март ба ҳабс гирифтанд.

Ozodi.org 

Шохаи "Хуросон" кай пайдо шуд ва чӣ гуна то Маскав расид?

Ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл", воқеъ дар Красногорски Русия, рӯзи 22-юми март сабаби марги 144 нафар шуд. Масъулияти онро гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба дӯш гирифт. Ин созмон дар аксар кишварҳои дунё террористӣ эътироф шудааст.

Ozodi.org 

Расонаҳои Ғарб дар бораи ҳамла ба "Крокус" ва тоҷикон чӣ мегӯянд?

Расонаҳои ғарбӣ ҳанӯз ҳам дар бораи ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар Маскав мақолаву таҳлил менависанду мегӯянд, ки чаро чунин ҳодиса иттифоқ уфтод. Мо чанде аз ин нашрияву сомонаҳо, инчунин, расонаҳои мустақили Русияро варақ задем ва матолиби онро барои Шумо хулоса кардем.

Ozodi.org 

Матбуоти Ғарб дар бораи "Крокус" ва тоҷикон чӣ мегӯянд?

Расонаҳои ғарбӣ ҳанӯз ҳам дар бораи ҳамлаи маргбор ба толори консертии "Крокус" дар Маскав мақолаву таҳлил менависанду мегӯянд, ки чаро чунин ҳодиса иттифоқ уфтод. Мо чанде аз ин нашрияву сомонаҳои хабариву таҳлилӣ ва расонаҳои мустақили Русияро варақ задем ва матолиби онро барои Шумо хулоса кардем.