World News in Tajik
Апрель
2024

Новости за 22.04.2024

Ozodi.org 

Ёдгорой ва даҳҳо нафари дигар чаро хонаву дари худро тарк карданд?  

Борону сел ба даҳҳо хонавода дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Темурмалик ва Восеъ осеб расондааст. Ҳар сол ба сабаби фалокатҳои табиӣ чандин нафар хонаву зодгоҳи худро тарк карда, ба минтақаҳои амн мекӯчанд. Чӣ гуна?

Ozodi.org 

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба чорякфинали Ҷоми Осиё баромад

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки бозии сеюмашро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд бо тими миллии Ҷопон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, дар гурӯҳи “С” ғолиб шуд ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Ozodi.org 

Тағйири иқлим сокинони Тоҷикистонро бехона мекунад

Борону сел ба даҳҳо хонавода дар ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Темурмалику Восеъ осеб расондааст. Ҳар сол ба сабаби фалокатҳои табиӣ чандин нафар хонаву зодгоҳи худро тарк карда, ба минтақаҳои амн мекӯчанд. Чӣ гуна?

Ozodi.org 

Вазири Бритониё дар Душанбе ба Э.Раҳмон чӣ гуфт?

Дэвид Кэмерон, вазири корҳои хориҷии Бритониё, сафарашро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон оғоз кард. Вай рӯзи 22-юми апрел бо вазири корҳои хориҷӣ ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот дошт. Эмомалӣ Раҳмон Бритониёро "шарики муҳими Тоҷикистон дар Аврупои Ғарбӣ" донистааст. Кэмерон чӣ гуфт?

Ozodi.org 

Паннир: "Сафари Кэмерон барои Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат муҳим аст"

Дэвид Кэмерон, вазири корҳои хориҷии Бритониё, сафарашро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 22-юми апрел аз Тоҷикистон оғоз кард. Таҳлилгари амрикоӣ Брюс Паннир мегӯяд, ҳарчанд тарҳи сафарро пештар рехтаанд, он баъд аз ҳамла ба "Крокус" барои Тоҷикистон пураҳамият аст.

Ozodi.org 

Тоҷикистону Русия "террористон"-ро дар марз нобуд кардаанд

Нерӯҳои Тоҷикистон ва Русия рӯзи 18-уми апрел ба размоишҳои муштарак дар Ҳарбмайдон, начандон дур аз марзи Афғонистон, поён доданд. Дар ҷараёни он шеваҳои ҷанг бо тундравон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуние тамрин шуд, ки гуё аз он тарафи сарҳад гузаштаанд. Видеоҳоро Вазорати дифои Русия нашр кард.

Ozodi.org 

Тоҷикистону Русия “террористон”-ро маҳв карданд

Нерӯҳои Тоҷикистон ва Русия рӯзи 18-уми апрел ба размоишҳои муштарак дар Ҳарбмайдон, начандон дур аз марзи Афғонистон, поён доданд. Дар ҷараёни он шеваҳои ҷанг бо тундравон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуние тамрин шуд, ки гуё аз он тарафи сарҳад гузаштаанд. Видеоҳоро Вазорати дифои Русия нашр кард.

Ozodi.org 

"Истиқлол" дар мусобиқаи лигаи олӣ пешсафи ягона шуд

Дар даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 19-21-уми апрел баргузор шуд, дар ду бозӣ мизбонон, дар ду дидор меҳмонон ғолиб омаданд ва ду бозӣ мусовӣ шуд.

Ozodi.org 

"Мегӯянд, бо "Толибон" робита надорем; ҷазояшро мо мебинем"

Баъзе аз паноҳҷӯёни афғонистонӣ шикоят доранд, ки Тоҷикистон се сол боз аттестат ва дипломҳояшонро эътироф ё баробарарзишӣ (нoстрификатсия) намекунад. Ин мушкил баъди ба қудрат расидани "Толибон" пеш омада, домангири хатмкардаҳои мактаби "Сомониён" дар Душанбе низ гаштааст.

Ozodi.org 

Кай бензини Данғара вориди бозори Тоҷикистон мешавад?

Полоишгоҳ ва ё ва ё корхонаи бузурги коркарди нафти “Данғара”, ки тақрибан 4 сол пеш сохтмонаш ба поён расид, то ҳол қатрае бензин истеҳсол накардааст. Полоишгоҳе, ки метавонад, дар як сол то 500 ҳазор тонна нафтро коркард кунаду бензини зиёде истеҳсол намояд.

Ozodi.org 

Тоҷикистон дипломҳои Афғонистонро эътироф намекунад

Баъзе аз паноҳҷӯёни афғонистонӣ шикоят доранд, ки Тоҷикистон се сол боз аттестат ва дипломҳояшонро эътироф ё баробарарзишӣ (нoстрификатсия) намекунад. Ин мушкил баъди ба қудрат расидани "Толибон" пеш омада, домангири хатмкардаҳои мактаби “Сомониён”-и муҳоҷирини Афғонистон дар Душанбе низ гаштааст.

Ozodi.org 

Дар Туркманистон назорати диндорон сахттар шудааст

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки дар Туркманистон назорати диндоронро дигарбора сахттар кардаанд. Аз ҷумла, ба кормандони идораҳои давлатӣ ҳушдор додаанд, ки иҷрои фаризаҳои динӣ дар ҷойи кор манъ аст.

Ozodi.org 

Сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Италия ва танқиди мухолифон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳукуматаш солҳои охир ба саркӯби дигарандешон ва нақзи озодиҳои мардум танқид мешавад, рӯзи 22-юми апрел ба Италия рафтааст. Дафтари матбуоти президент онро сафари расмӣ номид, вале ҷузъиёти барномаро нагуфт.