World News in Tajik
Апрель
2024

Новости за 16.04.2024

Ozodi.org 

"Ояндааш норӯшан аст." Таъсири ҳамлаи Эрон ба нархи нафт

Дар охири ҳафтаи гузашта дар миёни хабарҳои эҳтимоли ҳамлаи Эрон ба Исроил баҳои маводи сӯхт дар ҷаҳон боло рафт. Акси садои ҳаргуна болоравии нархи нафт дар ҷаҳон ба Тоҷикистон ҳам мерасад. Вале бар хилофи интизориҳо аз пайомади ҳамла рӯзи 15-уми апрел арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ поин омад.

Ozodi.org 

Пас аз ҳамлаи Эрон ба Исроил нархи нафт чанд шуд?

Дар охири ҳафтаи гузашта дар миёни хабарҳои эҳтимоли ҳамлаи Эрон ба Исроил баҳои маводи сӯхт дар ҷаҳон боло рафт. Акси садои ҳаргуна болоравии нархи нафт дар ҷаҳон ба Тоҷикистон ҳам мерасад.

Ozodi.org 

Як зани муҳоҷир мегӯяд, дар Русия латукӯб шуд

Як зани муҳоҷир аз Қирғизистон мегӯяд, аз сӯйи марди ношиносе дар Маскав латукӯб шуд. Ба нақли Ойпарӣ Ҷумъаалӣ, “марди хашин” ҳангоми рондани мошин ба ӯ ҳамла кардааст. Тафсилот дар гузорише аз "Мигрант Медиа".

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 16-уми апрели соли 2024 (Пахши зинда)

Хонаҳои як деҳаи ноҳияи Рӯдакиро об зер кард, боз як паноҳандаи тоҷик аз Полша ихроҷ шуд, баҳси "Қонуни агенти хориҷӣ" дар Гурҷистон боиси эътирозҳо шуд ва афзоиши азияти муҳоҷирон баъди ҳамла ба толори "Крокус"-и канори Маскав.

Ozodi.org 

Эътирози мухолифони "агенти хориҷӣ" дар Гурҷистон

Ҳазорҳо нафар шоми 15-уми апрел дар назди порлумони Гурҷистон эътироз карданд. Онҳо ба лоиҳаи ислоҳшудаи қонун "Дар бораи агенти хориҷӣ" мухолиф ҳастанд. Дар пайи бархӯрди эътирозгарону полис камаш 14 кас боздошт шудааст.

Ozodi.org 

"Сел хонаамро чаппа кард, кӯдаконро базӯр наҷот додем"

Дар натиҷаи боридани борону омадани сел даҳҳо нафар дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Ваҳдату ноҳияи Рӯдакӣ, зиён дидаанд. Ҳодиса шаби 14 ба 15-уми апрел рӯй дод. Ба иттилои расмӣ, борону сел талафоти ҷонӣ надошт, вале танҳо дар як маҳаллаи ноҳияи Рӯдакӣ ба 24 манзил осеб расонд.

Ozodi.org 

Созишнома қабул шуд, Тоҷикистон аз Туркия бесарнишин мехарад?

Порлумони Тоҷикистон созишномаеро бо Туркия қабул кард, ки роҳро барои харидани таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла бесарнишинҳо, аз ин кишвар боз мекунад. Созишнома моҳи июли соли 2023 байни ҳукуматҳо имзо шуда, ҷузъиёти онро рӯзи 11-уми апрели имсол дар Маҷлиси Намояндагон ошкор карданд.

Ozodi.org 

Мулоқоти раисони Суғду Бодканд дар бораи обёрии заминҳо

"Омодагӣ ба обёрии заминҳои кишоварзӣ" аз мавзӯи асосии суҳбати раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон будааст. Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбоев рӯзи 15-уми апрел дар шаҳри Гулистон гузашт. Ҷузъиёт дастрас нест.

Ozodi.org 

Талаби HRW аз Туркия ва кишварҳои аврупоӣ дар бораи мухолифони тоҷик

Созмони муътабари Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз Туркия ва давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо хостааст, мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро, ки дар қаламрави ин кишварҳо паноҳанда ҳастанд, ба Душанбе насупоранд.

Ozodi.org 

Дар чаҳор ноҳияи Тоҷикистон сел омадааст

Шаби 15 ба 16-уми апрел дар чаҳор ноҳияи Тоҷикистон сел омадааст. Ба иттилои расмӣ, ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ надошт, аммо ба хонаву дари сокинон осеб расонд.

Ozodi.org 

Қазияи "Крокус". Шикояти Лутфуллои Назримад ба зидди қарори додгоҳ

Лутфуллои Назримад, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон, ки дар пайванд ба ҳамлаи маргбор ба маҷмааи "Крокус Сити"-и Маскав дастгиру ҳабс шуд, ба зидди қарори додгоҳ шикоят бурдааст. Додгоҳи Басманниии шаҳри Маскав амр додааст, ки ӯ то 22-юми май дар боздошт бимонад. Худаш хоҳони бозбинии қарор аст.