World News in Tajik
Апрель
2024

Новости за 01.04.2024

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон гази безарар истеҳсол мекунанд

Як ташкилоти мустақили кишоварзии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ азм дорад ба хонаводаҳо бо фанноварии нав газу рӯшноӣ орад ва ҳам мушкили чандинасраи занону деҳқононро ҳал кунад.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 1-уми апрели соли 2024

Коршиносон таҳқиқи мунсифонаи ҳамла ба толори консертии канори Маскавро зери суол мегузоранд, таъқиби муҳоҷирон баъди ин ҳамла ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Фаъоли қарақалпоқистонӣ Расул Ҷумъаниёзовро боздошт кардаанд

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 31-уми март фаъоли қарақалпоқистонӣ Расул Ҷумъаниёзовро боздошт карданд. Дар ин бора Амон Саъдуллоев, яке аз роҳбарони ҳаракати "Алға, Қарақалпоқистон!" хабар дод. Саъдуллоев гуфт, Ҷумъаниёзовро 26-уми март боздошт кардаанд.

Ozodi.org 

Ҳукумати Восеъ пули нимавайронаро таъмир мекунад

Раҳбарони ноҳияи Восеъ мегӯянд, қарор аст, ба зудӣ таъмири як пули муҳиме дар қаламрави ноҳия оғоз шавад, ки бисёр хатарнок шудааст. Гузашта аз ин агар ин пули нимавайрон фӯру биравад, дигар мошине наметавонад, ба самти Вилояти Бадахшони кишвар ҳаракат кунад.

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон гази безарар истеҳсол мекунанд

Як ташкилоти мустақили кишоварзии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ азм дорад ба хонаводаҳо бо фанноварии нав газу рӯшноӣ орад ва ҳам мушкили чандинасраи занону деҳқононро ҳал кунад.

Ozodi.org 

Нишоллопазӣ дар Тоҷикистон аз байн меравад?

Ҳар сол дар моҳи Рамазон бозори фурӯши нишолло дар Тоҷикистон гарм мешавад. Аксарият ин ширинии хуштамъ ва суннатиро рӯйи дасторхон мегузоранд. Ба гуфтаи ҳалвогарон, нишоллопазӣ ҳунари бисёр нозук аст ва бояд ҳифз карда шавад.

Ozodi.org 

Reuters: Эрон дар бораи эҳтимоли ҳамла ба Русия хабар дода буд

Се манбаи огоҳ ба хабаргузории "Рейтерс" рӯзи 1-уми апрел гуфтаанд, ки пеш аз ҳамлаи маргбор ба як толори консертӣ дар наздикии Маскав, Эрон Русияро аз эҳтимоли "амалиёти густурда" дар ин кишвар огоҳ кардааст.

Ozodi.org 

Генерали рус гуфт, эҳтимол дар сари ҳамлагарони "Крокус" чип гузоштаанд

Сардори пешини намояндагии "Интерпол" дар Русия, генерал-майори мустаъфӣ Владимир Овчинский дар Шабакаи аввали Русия гуфтааст, эҳтимол дар мағзи сари омилони ҳамла ба толори "Крокус"-и шаҳри Маскав чип ҷойгир карда шудааст.

Ozodi.org 

Дар интихоботи шаҳрдорҳои Истанбул ва Анқара мухолифон пешсафанд

Дар интихоботи шаҳрдори Истанбули Туркия номзади мухолифон ва шаҳрдори ҳозира Экрем Имомоғлу пешсаф аст. Дар ин бора расонаҳои Туркия бо истинод ба натиҷаҳои пешакии интихобот хабар доданд.

Ozodi.org 

Фақр, беадолатӣ, мағзшӯӣ... Чаро тоҷикон абзори дасти ДОИШ мешаванд?

Рӯйхати тоҷикистониёни муттаҳам ба даст доштан дар ҳамлаҳои террористии ДОИШ дар ҳоли афзоиш аст. Чаро тоҷикон ба таври фазоянда абзори дасти ин гурӯҳ мешаванд ва чӣ касе масъули ин амр аст?

Ozodi.org 

Паҳлавонони тоҷик аз Туркия бо ду медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик аз мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” (“Antalya Grand Slam 2024”), ки рӯзҳои 29-31-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, бо ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) бармегарданд.