World News in Tajik
Март
2024

Новости за 31.03.2024

Ozodi.org 

Фиреб баъд аз ҳамлаи террористӣ. Аз бераҳмии ДОИШ то бешармии Кремл

Радио Свобода, бахши русии Радиои Озодӣ, посухи чанд суолро дар бораи ҳамла ба толори мусиқӣ дар наздикии Маскав аз сиёсатшиноси амрикоӣ, ноиби президенти Шӯрои сиёсати умури хориҷӣ дар Вашингтон Илан Берман ва публитсист, хабарнигори пешини нашрияи Financial Times дар Маскав Дэвид Саттер пурсид.

Ozodi.org 

"Агар гӯши Шуморо ҳам бибуранд..." Вокуниши корбарони рус ба боздошти тоҷикон

Имрӯз дар бораи ҳодисае суҳбат мекунем, ки пиру ҷавон дар Тоҷикистон дар бораи он гап мезананд. Дар бораи нақши эҳтимолии шаҳрвандони Тоҷикистон дар марги 144 нафар дар толори консертии "Крокус" дар канори Маскав.

Ozodi.org 

"Ҳамаи инро ФСБ бо дастури Путин тартиб дод..."

Дар бораи ҳодисае суҳбат мекунем, ки пиру ҷавон дар Тоҷикистон дар бораи он гап мезананд. Дар бораи нақши эҳтимолии тоҷикон дар қатли 144 нафар дар толори "Крокус" дар Русия. Мебинем, ки шаҳрвандони Русия дар бораи ин боздошти чаҳор тоҷике, ки ба "амали террористӣ" муттаҳам мешаванд, чӣ мегӯянд.

Ozodi.org 

Беш аз 400 коргари хориҷиро аз Санкт-Петербург меронанд

Мақомоти Русия беш аз 400 коргари хориҷиро дар Санкт-Петербург ба нақзи қонуни муҳоҷират муттаҳам карданд. Ин афрод, ба иттилои расмӣ, маҷбурӣ аз ҳудуди Русия ронда хоҳанд шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти додгоҳҳои Санкт-Петербург рӯзи 30-юми март хабар дод, аммо шаҳрвандии онҳоро ошкор накард.

Ozodi.org 

Чаро ҷавонони тоҷик ба амалҳои террористӣ даст мезананд?

Боздошти шаҳрвандон ё зодагони Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар ҳамлаи маргбор ба маркази мусиқии "Крокус Сити" дар канори Маскав хабарсоз шуд. Дар барнома ба ин суол посух меҷӯем, ки сабаби асосии рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба ифротгароӣ чист? Бекориву нодорӣ, ноогоҳӣ ва ё фишору маҳдудият?