World News in Tajik
Май
2024
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Новости за 03.05.2024

Ozodi.org 

Се медали паҳлавонони тоҷик дар Dushanbe Grand Slam 2024

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, се медал (як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 3-уми майи соли 2024 (Пахши зинда)

Сафири ИМА аз Тоҷикистон хост, рӯзноманигорони боздоштшударо раҳо кунад, ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, Тоҷикистон бояд пахши тарғиботи Русияро манъ кунад, ҷашни 70-солагии Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар маҳбас ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Раҳмону Путин масъалаи муҳоҷирати кориро баррасӣ кардаанд

Раҳбарони Тоҷикистон ва Русия дар як суҳбати телефонӣ ҳамкориҳоро аз ҷумла дар бахши муҳоҷирати корӣ баррасӣ кардаанд. Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин рӯзи 3-юми май ва баъди ҳафтаҳо тафтишу боздошт ва ихроҷу банд мондани муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия сурат гирифт.

Ozodi.org 

Қирғизистон баъд аз ҳодисаи Сузак “Урааним Манас”-ро манъ кард

Вазорати маориф ва илми Қирғизистон хабар додааст, ки баргузории чорабиниҳои оммавии хонандагон дар доираи озмуни “Урааним Манас” дар саросари ин кишвар “ба далелҳои амниятӣ” манъ карда шуд.

Ozodi.org 

"Тамоюли саркӯбгарӣ дар Тоҷикистон бадтар мешавад"

Тоҷикистон дар шохис ё индекси имсолаи озодии баён ду зина поин рафта, дар мақоми 155-ум ҷой гирифт. Вазъи озодии баёнро дар миёни 180 давлат санҷидаанд. Радабандии навро Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Sans Frontieres), қароргоҳаш дар Париж, 3-юми май, дар Рӯзи ҷаҳонии озодии баён, нашр кард.

Ozodi.org 

Мошини "Портер" дар Ҷалолобод 29 кӯдакро пахш кард

Як мошини “Портер” дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон 29 кӯдакро пахш кардааст. Ҳодиса 2-юми май замоне рух дод, ки хонандагон дар ҷамъомаде дар поёни куҳ дар маъракае шеърхонӣ мекарданд.