World News in Tajik
Май
2024

Новости за 14.05.2024

Ozodi.org 

Идомаи "шикор"-и муҳоҷирон дар ҷойи кору истироҳаташон дар Русия

Афтодани як мусофирбар ба дохили рӯде дар Санкт-Петербург, ки ронандааш тоҷик буд ва боис ба марги 7 нафар шуд, ҳамлаҳои лафзиро ба зидди муҳоҷирон дубора афзуд. Ҳоло дар баъзе аз минтақаҳои Русия пешниҳод доранд, ки муҳоҷиронро аз рондани нақлиёти ҷамъиятӣ маҳрум ё санҷиши онҳоро сахттар кунанд.

Ozodi.org 

Тақрибан ними беҷошудаҳо дар Қазоқистон ба хонаи худ баргаштаанд

Ҳукумати ноҳияи Махамбети Қазоқистон рӯзи 14-уми май хабар дод, ки камаш 146 каси дигар, аз ҷумла 91 кӯдак ва 3 зани ҳомила дар пайи обхезиҳои охир аз деҳаи Талдиколи вилояти Атирау ба ҷойи бехавф бурда шудаанд.

Ozodi.org 

"Маҷбур карданд, ки пахта корем." Зиёни расидаро ба деҳқонон кӣ медиҳад?

Чанде аз деҳқонон дар шимоли Тоҷикистон аз он шиква доранд, ки мақомот дар нимаи баҳор онҳоро барои кишти пахта маҷбур мекунанд. Масъулони идораи кишоварзӣ гуфтанд, кишти пахта кам шудааст ва ин ба иқтисоди мамлакат зарар мерасонад. Кишоварзон мегӯянд, солҳои пеш аз пахта фоидаи кам мегирифтанд.