World News in Tajik
Май
2024

Новости за 15.05.2024

Ozodi.org 

Як мансабдори Русия хост, аз саркӯби беасоси муҳоҷирон пешгирӣ кунанд

"Ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон ҷомеаи Русияро ба ташвиш овардааст. Қариб ҳар рӯз маҳдуд кардани вуруди муҳоҷирон дархост мешавад. Андешаҳое низ садо медиҳанд, ки муҳоҷирони корӣ ба мо даркор нестанд. Дар ин бора чӣ фикр доред?"

Ozodi.org 

Таҳияи як қонуни нав дар Тоҷикистон. Мушкилӣ аз байн меравад?

Вакилони порлумон ва ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон рӯзи 14-уми май тарҳи қонунро "Дар бораи воситаҳои ахбори омма" баррасӣ карданд. Гуфта шуд, ин қонуни комиле хоҳад буд, ки бар пояи таҷрибаҳои пешрафта ва хулосаҳои коршиносони байнулмилалӣ кори расонаҳоро дар кишвар танзим хоҳад кард.

Ozodi.org 

Сокинони Қалъаи Дӯст бо пули худ беморхона месозанд

Пас аз чанд соли саргардонӣ ва ҷустуҷӯи пизишку табобат дар минтақаҳои дигар, сокинони як деҳаи дурдасти Тоҷикистон азм кардаанд, ки худашон беморхона созанд. Ҳоло бунёди зоишгоҳ ва шифохонаи наврасон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич шуруъ шудааст.

Ozodi.org 

Вазири рус хоҳони пешгирӣ аз саркӯби беасоси муҳоҷирон шуд

Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия, гуфт, танҳо чаҳор дарсади ҷиноятҳо дар ин кишвар ба муҳоҷирон марбут аст ва хоҳони пешгирӣ аз афзоиши бегонаситезӣ ва саркӯби беасоси коргарони хориҷӣ шуд. Изҳороти ӯ рӯзи 14-уми май дар Шӯрои Федератсия садо дод.

Ozodi.org 

Муҳоҷирони дохилиро аз пойтахти Туркманистон меронанд

Дар арафаи таҷлили Рӯзи конститутсия, парчами давлатии Туркманистон ва чорабиниҳои бахшида ба 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ муҳоҷирони дохилиро аз шаҳри Ишқобод меронанд.

Ozodi.org 

Пешниҳоди ҷорӣ кардани маҳдудият барои онҳое, ки узбекиро намедонанд

Муовини раиси палатаи қонунгузори порлумони Узбекистон ва раиси Ҳизби эҳёи миллӣ Алишер Қодиров пешниҳод кардааст, шахсоне, ки забони давлатии кишварашро намедонанд, бояд дар ниҳодҳои давлатӣ кор накунанд ва аз хидматрасониҳои давлатӣ истифода набаранд.