World News in Tajik
Май
2024

Новости за 11.05.2024

Ozodi.org 

Боздошти даҳҳо эътирозгар дар  Ереван

Дар Ереван дар эътирозҳо бо талаби истеъфои нахуствазири Арманистон Никол Пашинян дасти кам 48 нафар ба иттиҳоми итоат накардан ба амри полис боздошт шуданд.

Ozodi.org 

Лашкари бузурги малах ба қаламрави Хатлон ҳамла кардааст.

Дар ҳамин ҳол дар вилояти Хатлон кишоварзони зиёде аз дасти малах ба дод омадаанд. Онҳо мегӯянд, агар мақомот дар маҳви ин ҳашароти зиёновар ба онҳо кӯмак накунад, ҳазорон хонавода аз ҳосили зироаташон маҳрум ва фақиру бенаво мешаванд.

Ozodi.org 

Қазоқистон тафтиши муҳоҷиронро сахт кард

Вазорати корҳои хориҷаи Узбекистон аз муҳоҷирон хостааст, бо омодагии хуб ва тамоми санадҳои зарурӣ ба Қазоқистон сафар кунанд. Аз ин пеш муҳоҷирон ва мақомоти Тоҷикистон ҳам аз сахт шудани тафтиши муҳоҷирон дар Қазоқистон хабар доданд.

Ozodi.org 

Маҷмӯаи «Ворисони Шашмақом» аз чоп баромад

Дар Душанбе дар арафаи таҷлили Рӯзи Шашмақом маҷмӯаи «Ворисони Шашмақом»-и Фурқат Саидзода ба табъ расид. Саидзода раҳбари дастаи «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов мебошад.

Ozodi.org 

Саидҷаъфар Усмонзода барканор, Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократии Тоҷикистон интихоб шуд

Рӯзи шанбе, 11 май дар дар анҷумани 18-уми ғайринавбати Ҳизби демократии Тоҷикистон Садиҷаъфар Усмонзода аз раисии ҳизб барканор ва ба ҷои ӯ Шаҳбози Аброр интихоб шуд. Худи

Ozodi.org 

Достони тоҷири тоҷик дар Лос-Анҷелеси Амрико

Дар ҳоле, ки аксар муҳоҷирони тоҷик барои кору зиндагӣ дар Амрико, Ню-Йоркро интихоб мекунанд, як ҷавони тоҷик дар Лос -Анҷелес, яке аз гаронтарин аёлатҳои ИМА маскан гирифта, ба мардум самбӯсаву оши палав пешниҳод мекунад.