World News in Tajik
Май
2024

Новости за 16.05.2024

Ozodi.org 

Тоҷикистон кай аз фақирӣ халос мешавад?

Global Finance дар як радабандии нав Тоҷикистонро кишвари қашшоқи Осиёи Марказӣ ва Шӯравии собиқ номид. Ин натиҷагирӣ бар пояи маълумоти Сандуқи Байнулмилалии Пул таҳия шудааст. Ин дар ҳолест, ки OCCRP санади моликияти баъзе аз мансабдорони тоҷикро дар хориҷа фош кард.

Ozodi.org 

Тамдиди ҳабси гумонбарони ҳамла ба "Крокус"

Муҳлати ҳабси чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Русия гумонбаранд, то се моҳи дигар дароз шуд. Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав гуфт, онҳо то 22-юми август дар Боздоштгоҳи муваққатӣ хоҳанд монд.

Ozodi.org 

Муҳлати ҳабси 4 гумонбари ҳамла ба "Крокус"-ро дароз карданд

Муҳлати ҳабси чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Русия гумонбаранд, то се моҳи дигар дароз шуд. Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав гуфт, онҳо то 22-юми август дар Боздоштгоҳи муваққатӣ хоҳанд монд.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 16-уми майи соли 2024 (Пахши зинда)

Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси пешакии тоҷикони муттаҳам бо ҳамла ба Крокусро се моҳ тамдид кард, Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз рӯйхати кишварҳои камбизоат берун нашудааст, соҳибкори кӯлобӣ дар тиҷорат муваффақ нашуд, шуғли дӯстдоштааш-дучархасавориро идома медиҳад.

Ozodi.org 

Dubai Unlocked: Ифшои маълумот дар бораи "вилла"-ҳои ҳамсари Қоҳир Расулзода

Муҳаққиқони OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, дар доираи тарҳи "Dubai Unlocked" санадҳоеро дар бораи моликияти Иқболхон Нозирова (Ихболхон Назирова), ҳамсари Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, дар Дубай ёфтаанд.

Ozodi.org 

Саидакрам Раҷабализода то охири август дар Боздоштгоҳ мемонад

Додгоҳи ноҳияи Басманни дар пойтахти Русия муҳлати ҳабси Саидакрам Раҷабализода, шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон ва яке аз гумонбарони ҳамла ба маркази "Крокус Сити Ҳолл"-ро, ки ҳангоми боздошт гӯшашро буридаанд, се моҳ дароз кард.

Ozodi.org 

"Хоруғу Рӯшонро аз ёд набаред." Дархост аз шарикони Тоҷикистон

Як созмони байнулмилалӣ ибрози нигаронӣ кардааст, ки бо гузашти ду сол аз кушта шудани 34 кас ва боздошту ҳабси даҳҳо нафари дигар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ҳанӯз касе ба ҷавобгарӣ кашида нашуд.