World News in Tajik
Май
2024

Новости за 17.05.2024

Ozodi.org 

Кетрин Патз: "Воқеаҳои ду сол пеши Бадахшон таъсири амиқ гузоштаанд"

Аз ҳодисаҳои хунин дар Хоруғ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду сол гузашт. Ҳодисае, ки рӯзи 16-уми майи соли 2022 бо талаби таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков ва истеъфои раисони шаҳри Хоруғ ва ВМКБ сар шуд ва бо марги 34 нафар поён ёфт.

Ozodi.org 

Оқибатҳои нооромиҳои Бадахшон аз назари таҳлилгари ғарбӣ

Як созмони байнулмилалӣ мегӯяд, бо гузашти ду сол аз кушта шудани 34 кас ва ҳабси даҳҳо нафари дигар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ҳанӯз касе ба ҷавобгарӣ кашида нашуд. Human Rights Watch дар як баёния аз шарикони Тоҷикистон хост, ҳодисаҳои моҳи майи соли 2022-ро аз ёд набаранд.

Ozodi.org 

КДАМ: Сафарҳо ба манотиқи марзии Тоҷикистон маҳдуд карда мешаванд

Марзбонҳои Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷиён хостаанд, ки бе шиноснома ё санадҳои дигари тасдиқкунандаи ҳувият ба минтақаҳои сарҳадӣ дар Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нараванд. Ин ду вилоят дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.

Ozodi.org 

Муҳлати ҳабси Исломов, писаронаш ва як қирғизистонӣ дар Русия дароз шуд

Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав рӯзи 17-уми май муҳлати ҳабси Исроил Исломови 62-сола ва писаронаш Аминҷону Диловарро, ки дар пайванд ба ҳодисаи "Крокус" дастгир шудаанд, то 22-юми август дароз кард. Айни қарор нисбат ба шаҳрванди Қирғизистон Алишер Қосимов содир шуд.

Ozodi.org 

Писари додситони пешини Узбекистон дар Дубай 4 коргоҳ доштааст

Муҳаққиқони OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, дар доираи тарҳи "Dubai Unlocked" санадҳоеро дар бораи амволи Алишер Қодиров, писари додситони кулли пешини Узбекистон Рашид Қодиров дар шаҳри Дубай ошкор кардаанд.

Ozodi.org 

Таҳдиди пайваста. Дар Тоҷикистон чӣ гуна бо офатҳои табиӣ мубориза мебаранд?

Ҳар сол айёми баҳор дар Тоҷикистон бо офатҳои табиӣ ҳамроҳ аст ва талафоти ҷонӣ, молӣ ва иқтисодии зиёде ба кишвар мерасонад. Ниҳодҳои давлатӣ аз чораҳои пешгирона сухан мегӯянд, аммо коршиносони мустақил онҳоро нокофӣ медонанд.

Ozodi.org 

Ба “Нақши Рустам” ва “Тахти Ҷамшед” дар Эрон чӣ шуд?

Баъд аз нашри гузоришҳои пай дар пай дар бораи он ки бинои “Нақши Рустам” ва маҷмӯаи бостонии “Тахти Ҷамшед” дар Эрон ба сабаби беэътиноӣ ба муҳофизати он дар хатар аст, мақомот гуфтаанд, боронгариҳои зиёд сабаби осеб дидани биноҳои қадима шудаанд.

Ozodi.org 

Аз Масъуд то Пупал. Хонаҳои муҷаллали даҳ мақоми пешини Афғонистон дар Дубай

ОCCRP (Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта) маълум кардааст, ки ба камияш даҳ мансабдори пешини Афғонистон ва наздикони онҳо дар Дубай соҳиби дафтар ва хонаҳои муҷаллал ҳастанд.

Ozodi.org 

Манъи қонунии идгардак дар Тоҷикистон. Мардуму мақомот чӣ мегӯянд?

Дар ҳоле ки вокуниши мардум ба манъи “идгардак” дар Тоҷикистон яксон нест, дар Кумитаи дин ва Маҷлиси Намояндагон касе ҳозир нашуд сабабҳои ин тасмимро дар рӯ ба рӯйи дурбини Радиои Озодӣ шарҳ диҳад.

Ozodi.org 

Боздошти наздик ба 800 шаҳрванди Қирғизистон дар хориҷ

Муовини вазири адлияи Қирғизистон Орозбек Сидиқов 16-уми май дар порлумон гуфт, дар ҳоли ҳозир 788 шаҳрванди ин кишвар дар боздоштгоҳҳои муваққатии кишварҳои хориҷӣ мунтазири содир шудани ҳукми додгоҳ ҳастанд.