World News in Tajik
Май
2024
26
27
28
29
30
31

Новости за 04.05.2024

Ozodi.org 

Беҳрӯзи Хоҷазода дар Dushanbe Grand Slam медали нуқра гирифт

Паҳлавони маъруфи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, медали нуқра ба даст овард.

Ozodi.org 

Ҷавонони тоҷик ҷоизаи НАСА-ро бурданд

Дар шаҳри Хуҷанд гурӯҳе аз ҷавонони соҳибистеъдод ба офаридани комикс ва ё тасвирҳое машғуланд, ки дар байни наврасону ҷавонон дар дигар кишварҳо маҳбубияти зиёд дорад. Як видеои офаридаи онҳо чанде пеш дар як озмуни НАСА, Оҷонси кайҳоншиносии Амрико соҳиби ҷоиза ҳам шуд.

Ozodi.org 

Даъвати вазорати меҳнати Тоҷикистон аз муҳоҷирон: Муваққатан ба Русия наравед

Як рӯз баъди сӯҳбати телефонии президентони Тоҷикистон ва Русия дар бораи бӯҳрони идомаёбандаи боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия,  ҳамакнун Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон ҳам аз шаҳрвандон хост, муваққатан  ба Русия сафар накунанд.

Ozodi.org 

Нахуствазири Гурҷистон аз қабули қонуни "агенти хориҷӣ" дифоъ кард

Бо вуҷуди эътирозҳои оммавӣ, Иракли Кобахидзе, нахуствазири Гурҷистон  зарурати қабули  қонуни “агенти хориҷӣ”-ро ҳамчун, ба гуфтааш, шарти кам кардани ихтилоф дар ҷомеа, онгуна, ки Иттиҳоди Аврупо тақозо мекунад, дуруст шумурд.

Ozodi.org 

Валентина Чупик: Маъракаи боздошти муҳоҷирон нажодпарастӣ аст

Як ҳомии маъруфи ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, мақомоти Русия дар паи боздошту азияти “ҳама ғайриславяниҳо” ҳастанд ва ҳоло на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистон ҳам дар фурудгоҳҳову даромадгоҳҳои заминии Русия мавриди азияти оммавӣ қарор гирифтаанд.

Ozodi.org 

Салом, хоҳар. Чаро ман кӯҳкан набошам?

Оё зан метавонад кӯҳкан бошад, зери замин нақб канад ва ё дар корхонаи истеҳсоли маводи кимиёӣ кор кунад? Ҳамин баҳс дар Тоҷикистон солҳо боз ҳаст. Шаш моҳ пеш он дубора доғ шуд, замоне ки мақомоти Тоҷикистон ҷалби занонро ба 194 навъи кор манъ карданд.

Ozodi.org 

"Салом, хоҳар": Занон дар Тоҷикистон кадом корҳоро (на)кунанд?

Оё занон метавонанд кӯҳкан бошанд, зери замин нақб кананд ва ё дар корхонаи истеҳсоли маводи кимиёӣ кор кунанд? Ҳамин масъала солҳо боз дар Тоҷикистон ҳаст, вале шаш моҳ пеш дигарбора доғ шуд. Замоне ки мақомоти Тоҷикистон ҷалби занонро ба 194 навъи кор манъ карданд.