World News in Tajik
Май
2024

Новости за 13.05.2024

Ozodi.org 

"Рухсатнома ҳанӯз ҳаст." Созиши нав бо Узбекистон кай иҷро мешавад?

Баъзе аз ронандагони мошинҳои борбар гуфтанд, бо гузашти қариб як моҳ аз созиши нави Тоҷикистону Узбекистон, масъалаи рухсатнома ё "дозвол" ҳамчунон мондааст. Онҳо аз мақомот мехоҳанд, ки ҳарчи зуд онро қабул карда, мавриди иҷро қарор диҳанд, то кашондани бор осон ва баҳои маҳсулот арзон шавад.

Ozodi.org 

Вакилонаш хостаанд, Раҳматшоҳ Қурбоновро ба ҳабси хонагӣ гиранд

Вакилони мудофеи Раҳматшоҳ Қурбонов, ронандаи 44-солаи зодаи Тоҷикистон (ҳамзамон шаҳрвандии Русияро дорад), аз Додгоҳи Санкт-Петербург хостаанд, ки то поёни таҳқиқи парвандааш ӯро аз Боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ гузаронад.

Ozodi.org 

Оби дарёи Панҷ баланд шудааст, хатараш чист?

Оби дарёи Панҷ, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро аз ҳам ҷудо мекунад, дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бештар ҷорӣ шуда, соҳилҳоро хароб мекунад. Сокинон аз он нигаронанд, ки агар вазъ чунин идома ёбад, эҳтимол садҳо гектар замини кишту хона зери об бимонад.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 13-уми майи соли 2024

Ронандаи тоҷик, ки дар садамаи маргбори автобус дар Санкт-Петербург нақш дорад, ду моҳро дар боздошт мегузаронад; пайомади борону обхезӣ дар Тоҷикистону Афғонистон; иҷозатномаи убури марз барои мошинҳои боркаш лағв мешавад ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Раҳматшоҳ Қурбоновро ду моҳ ба ҳабс гирифтанд

Вакилони мудофеи Раҳматшоҳ Қурбонов, ронандаи 44-солаи зодаи Тоҷикистон (ҳамзамон шаҳрвандии Русияро дорад), аз Додгоҳи Санкт-Петербург хостаанд, ки ӯро аз Боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ гузаронад. Мусофирбари зери идораи ӯ рӯзи 10-уми май ба дарёи “Мойка” афтод ва ҳоло ба марги 7 нафар гумонбар аст.

Ozodi.org 

Созиши нави Душанбе ва Тошканд кай ба иҷро медарояд?

Ронандаҳои боркаш мехоҳанд, ки созишномаи нав байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи лағви рухсатномаи гузаштан аз сарҳад ҳарчӣ зуд татбиқ шавад. Ин рухсатнома чандин муддат боз вуҷуд дорад, вале хариду фурӯши он дар солҳои охир баҳсбарангез гардидааст.

Ozodi.org 

Ронандаи автобус Раҳматшоҳ Қурбонов барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд

Ронандаи автобус Раҳматшоҳ Қурбонов барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ бо доштани нақш дар садамаи маргбори автобуси Санкт-Петербург ва ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Русия муттаҳам мешавад.

Ozodi.org 

Созиши нави Тоҷикистону Узбекистон кай ба иҷро медарояд?

Ронандаҳои боркаш мехоҳанд, ки созишномаи нав байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи лағви рухсатномаи гузаштан аз сарҳад ҳарчӣ зуд татбиқ шавад. Ин рухсатнома чандин муддат боз вуҷуд дорад, вале хариду фурӯши он дар солҳои охир баҳсбарангез гардидааст.

Ozodi.org 

Сукути ҳукумати Узбекистон дар баробари таҳқиқоти Озодӣ

Бо гузашти беш аз ду ҳафта, мақомоти Узбекистон ба таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ вокуниш накардаанд. Дар он таҳқиқот даҳҳо миллион доллар зиёни расондаи як ширкати вобаста ба оилаи президенти Узбекистон ба буҷаи ин кишвар ошкор шуда буд.

Ozodi.org 

Яке пахта мехоҳад, дигарӣ не. Сабаб чист?

Чанде аз деҳқонони вилояти Суғд аз он шиква доранд, ки мақомот онҳоро дар нимаи баҳор маҷбур кардаанд, ки пахта бикоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки кишоварзон солҳои пеш аз ҳисоби пахта фоидаи кам ва ба сабаби камии дору ҳосили андак мегирифтанд.

Ozodi.org 

Эътирозгаронро аз назди бинои порлумони Гурҷистон ронданд

Ҳазорҳо маъмури пулис ва нерӯҳои вижаи Гурҷистон субҳи 13-уми май баъд аз задухӯрд бо тазоҳургарон дар шаҳри Тбилиси (Тифлис) тавонистанд аз чор даромадгоҳи порлумони ин кишвар дуторо аз эътирозгароне, ки тамоми шаб онҷо буданд, холӣ кунанд.

Ozodi.org 

Путин вазири дифоашро иваз кард

Владимир Путин, президенти Русия, ҳампаймони наздику қадимии худ Сергей Шойгуро аз мансаби вазири дифоъ сабукдӯш кард. Ӯ ба ҷойи Николай Патрушев дабири Шӯрои амнияти Русия таъйин шуд. Мансаби нави Патрушев маълум нест. Сухангӯйи Кремл гуфт, рӯзҳои наздик вазифаи нави ӯ ҳам дақиқ мешавад.