World News in Tajik
Май
2024

Новости за 10.05.2024

Ozodi.org 

Раҳмон ва Путин аз Крокус ва муҳоҷирон гуфтанд

Дар паспанзари боздошту ихроҷи оммавии муҳоҷирони тоҷик аз Русия, раҳбарони Тоҷикистон ва Русия ба мувофиқа расидаанд, ки мақомоти ду тараф якҷо нишаста ин масъаларо баррасӣ кунанд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ин бора бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар Маскав суҳбат кардааст.

Ozodi.org 

Овоздиҳӣ барои “ҳуқуқ ва бартариятҳо”-и Фаластин дар СММ

Имрӯз, 10-уми май қарор аст дар Маҷмаи кулли СММ барои қабули қатъномае овоз диҳанд, ки “ҳуқуқ ва бартариятҳое” барои Фаластинро пешбинӣ мекунад ва аз Шӯрои амният даъват хоҳад кард, ки дархости Фаластинро барои қабули он ба узвияти СММ ба ҳайси кишвари 194-ум бипазирад.

Ozodi.org 

"Билет ба Русия арзону камхарид шудааст"

Саҳни фурӯдгоҳи Душанбе ин шабу рӯз пуродам аст. Мусофирони зиёдеро дидан мумкин аст, ки ночор аз Русия баргаштаанд. Аниқтараш бо баҳонаву сабабе онҳоро иҷборан аз ин кишвар берун кардаанд.

Ozodi.org 

“Патент мепурсанд, регистратсия мепурсанд”

Баъди ҳамла ба Крокус ва боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик шумори хоҳишмандони муҳоҷират ба Русия коҳиш ёфтааст. Масалан, дар Санкт-Петербург шумори тоҷикони корҷӯ 60 фоиз кам шудааст. Радиои Озодӣ дар фурудгоҳи Душанбе бо онҳое сӯҳбат карданд, ки аз Русия баргаштанд ва ё ихроҷ шудаанд.

Ozodi.org 

Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар мусобиқаи “Тоскӯлоҳи бузург” шикаст хӯрд

Паҳлавони тоҷик Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар нахустин рӯзи мусобиқаи байналмилалии ҷудо Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024, ки рӯзи 10-уми май дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона – баргузор шуд, шикаст хӯрд.

Ozodi.org 

Ихтилофи нави демократҳои Тоҷикистон. Усмонзода: "Мехоҳанд маро барканор кунанд"

Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) рӯзи 8-уми май бо нашри як муроҷиатнома аз ихтилофҳои дарунҳизбӣ ва эҳтимоли баргузор шудани Анҷумани ғайринавбатӣ ё "ғайриоинномавӣ" хабар дод.

Ozodi.org 

Имкони охирини гуштигирони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ

Варзишгарони тоҷик дар марҳилаи охирини мусобиқаи интихобӣ дар риштаҳои гуштии юнонию румӣ ва гуштии озод, ки 9-уми май дар Туркия шуруъ шуд, барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса мубориза мебаранд.