World News in Tajik
Январь
2024

Новости за 03.01.2024

Ozodi.org 

Мошини мудири "Амонатбонк" дар ноҳияи Восеъ худаш сӯхт ё касе сӯзонд? ВИДЕО

Муфаттишон дар вилояти Хатлон таҳқиқ доранд, ки мошини хидматии раиси намояндагии "Амонатбонк" дар ноҳияи Восеъ дар назди хонааш худ оташ гирифт ва ё касе барқасдона сӯзонд. Ҳодиса шаби 26 ба 27-уми декабри соли 2023 рӯй додааст.

Ozodi.org 

Мошини мудири "Амонатбонк" дар Восеъ худаш сӯхт, ё ...

Дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мошини хидматии сардори “Амонатбонк” оташ гирифтааст. Ҳоло маълум нест, ки ҳодиса тасодуфӣ аст ё амали барқасдона. Сӯхтори мошинҳои хидматии мансабдорон бори аввал нест.

Ozodi.org 

Раиси як хоҷагиро барои номаи шикоятӣ 5 сол зиндонӣ кардаанд

Раиси як хоҷагии деҳқониро дар ноҳияи Дӯстӣ ба гуноҳи ҳамкорӣ бо "Ислоҳ ТВ", сомонаи наздик ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон (қисми дуи моддаи 3073-и Кодекси ҷиноӣ) ба панҷ сол зиндон маҳкум кардаанд.

Ozodi.org 

Панҷ қирғизистониро баъди заминларза ба ҷои амн кӯчондаанд

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 2-юми январ гуфт, шаҳрвандони ин кишвар дар заминларзаи Ҷопон осеб надидаанд. Аммо панҷ қирғизистонӣ аз шаҳри Тояма - наздик ба маркази заминларза - ба ҷои амн кӯчонида шудаанд.

Ozodi.org 

Тасдиқи барканории Ширин Амонзода баъди як сол. Ӯ ҳоло дар куҷост?

Порлумони Тоҷикистон баъд аз тақрибан як сол (28 декабри 2023) фармони президентро дар бораи барканории Ширин Амонзода аз мансаби вазири кору муҳоҷират тасдиқ кард. Ӯ 23-юми январи 2023 аз мақом озод шуда буд. Дар фармон сабабро “гузаштан ба кори дигар” гуфтаанд, вале ӯ ҳеч мақоме нагирифт.

Ozodi.org 

"Эътироф накунед, чун ҷиноят алайҳи мардум хоҳад буд"

Соли 2024 ба бозгашти "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон се сол пур хоҳад шуд. Ин гурӯҳи тундрав даъватҳои ҷомеаи байнулмилалиро барои ислоҳи тарзи рафтораш, бахусус дар заминаи риояи ҳуқуқи занон, нодида мегирад ва дар айни замон эътирофношуда мемонад.

Ozodi.org 

Навбатпоии онлайнии узбекистониҳо барои харидани мошин

Ҳазорҳо узбекистонӣ, ки орзуи арзонтар харидани мошинҳои истеҳсоли худиро доранд, мегӯянд, бо вуҷуди ду рӯз нишастан дар назди компютер ё телефон натавонистанд тавассути платформаи “УзАвтоСавдо” бо ширкати мошинсоз қарордоди онлайнӣ банданд.

Ozodi.org 

"Пулакист, вале муомила хуб аст, кор буд мешавад"

Баъзе аз сокинони Тоҷикистон аз муносибати, ба гуфтаашон, дағал ё нодурусти табибон дар бемористонҳо шикоят доранд. Чанд рӯз пеш раиси ҷумҳурӣ низ дар паёми солонааш аз пизишкон хост, ки одоби баланди муошират дошта бошанд ва бо корафтодаҳо нек рафтор кунанд. Аз чанд роҳгузар дар маркази вилояти Хатлон пурсидем, ки оё аз муносибати пизишкон бо беморону наздикони онҳо розиянд? Ва агар эътирозе доранд, аз чист?