World News in Tajik
Январь
2024

Новости за 24.01.2024

Ozodi.org 

Аз моҳи феврал дар Тоҷикистон нархи хадамоти мобилӣ гаронтар мешавад

Дар ҳоле, ки дар сомонаҳои интернетии ин ширкатҳо хабари афзоиши нархи хидматрасонӣ нашр шудааст, мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ин бора изҳори беэътилоӣ мекунанд. Ҷузъиёти мавзӯъро ҳамкоронам Барот Юсуфӣ ва Искандари Фирӯз пайгирӣ карданд.

Ozodi.org 

"Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар Тоҷикистон. Чаро?

Соли 2024 дар Тоҷикистон "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон шудааст. Ҳукумат дар эъломияе ҳадафи тасмимро "баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам кардани институти ҳуқуқи инсон... ва баланд бардоштани мақоми қонун" номид. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистонро солҳо боз барои нақзи густурдаи ҳуқуқи одамон, аз ҷумла ҳаққи бунёдии онҳо ба мисли озодии виҷдону баён танқид мекунанд.

Ozodi.org 

Низоъ дар Ховари миёна тавсеа меёбад

Дар пасманзари ҷанги Исроил дар Ғазза, афзоиши ҳамлаҳо дар минтақа ва изҳороти зидду нақизи кишвару гурӯҳҳо дар чанд рӯзи ахир, вазъи бе ин ҳам ноором дар Ховари Миёна, мутташаниҷ шудааст.

Ozodi.org 

Барканории гурӯҳӣ – ҳосили сиёсати нодурусти кадрӣ?

Барканории гурӯҳии мансабдорони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомии вилояти Хатлон дар ҳафтаи гузашта (дар пайи ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон) баҳси гарму суолҳои зиёдеро эҷод кард. Дар гузашта чунин маврид кам иттифоқ афтода буд, ё агар сурат гирифтааст, расонаӣ нашуда буд.

Ozodi.org 

Муъминов сармураббии "Вахш" шуд

Тоҳирҷон Муъминов, мутахассиси 53-солаи футболи тоҷик, сармураббии дастаи лигаи якуми Тоҷикистон – “Вахш”-и Бохтар – таъйин гардид.

Ozodi.org 

Гутерриш: Мухолифати Исроил бо ташкили кишвари Фаластин ҷангро тӯлонитар мекунад

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Исроилро ҳушдор дод, ки напазируфтани роҳҳи ҳалли ташкили кишвари мустақили Фаластин, ҷанги кунуниро, ки таҳдид ба сулҳи ҷаҳонӣ аст, ба таври номаҳдуд дарозтар хоҳад кард.

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар 1/8 финали Ҷоми Осиё бо Имороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад

Тими миллии Имороти Муттаҳидаи Араб, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар дар гурӯҳи “С” ҷойи дуюмро гирифт, ба 1/8 финали Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт ва дар плей-офф бо мунтахаби Тоҷикистон рақобат мекунад.