World News in Tajik
Январь
2024

Новости за 06.01.2024

Ozodi.org 

Даъвову баҳс барои хона дар Тоҷикистон зиёдтар мешавад

Як сокини шаҳри Хуҷанд, ки мегӯяд, хонаашро аз даст додааст, ҳалномаи додгоҳро ғайриқонунӣ медонад. Вай аз додгоҳ домангир аст, ки бо ёрии шавҳари собиқаш манзили сабтшуда ба номи ӯро ба ҳамсари як корманди додситонӣ додааст. Шавҳари собиқи зан ин даъворо беасос медонад.

Ozodi.org 

СPJ аҳволи матбуоти Тоҷикистонро "бисёр бад" хондааст

Як гурӯҳи ҳомии озодии баён мегӯяд, матбуот дар Тоҷикистон пас аз ҷанги дохилии солҳои 90-ум “бадтарин аҳвол”-ро дорад, чун раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон худро ба “раҳбари мутлақе табдил додааст, ки ҳеҷ таҳаммули мухолифон”-ро надорад.