World News in Tajik
Январь
2024

Новости за 20.01.2024

Ozodi.org 

Чаҳор узви як оилаи тоҷик дар Ростови Русия ҷон бохтаанд

Дар натиҷаи як фалокат дар Русия чаҳор узви як хонаводаи тоҷик ҷон дода ва як нафари дигари онҳо ба кома афтодааст. Чаҳор узви оила аз деҳаи Гулистони ноҳияи Исфара шаби 17 ба 18-уми январ бинобар нафасгир шудан аз ҳавои олуда бо монооксиди карбон дар шаҳри Ростов ба ҳалокат расидаанд.

Ozodi.org 

Баъди 30 сол Бохтар соҳиби нақлиёти ҷамъиятӣ шуд.

Бохтар, яке аз калонтарин шаҳрҳои Тоҷикистон ва маркази бузургтарин вилояти кишвар пас аз даҳсолаҳо соҳиби нақлиёти умумӣ ва ё ҷамъиятӣ шуд. Бо кумаки яке аз бонкҳои аврупоӣ дар ин шаҳр чанде пеш автобусҳои мусофирбар ба ҳаракат даромаданд ва ҳамкорони мо ҳам дар яке аз онҳо нишастанд.

Ozodi.org 

Қонуни нави фарҳанг саҳнаро барои Қадами Қурбон танг мекунад?

Як илова ба Қонуни нави фарҳанги Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки аз ин ба баъд сафарҳои дохиливу хориҷии ҳунармандони тоҷик ва барномаи ҳунарии онҳо бояд бо Вазорати фарҳанг ҳамоҳанг карда шавад.

Ozodi.org 

Се тоҷики истисморшуда дар Мянмарро ба Душанбе баргардонданд

Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки гурӯҳҳои ҷиноӣ аз роҳи фиреб ба Мянмар, як кишвари дур ва ноором дар ҷанубушарқи Осиё бурда истисмор кардаанд, ба кишвар баргардонданд.

Ozodi.org 

Исроил бомбборони Ғаззаро сахттар кардааст

Исроил рӯзи шанбе ҳамлаҳо ба ҷануби Навори Ғаззаро саххтар кард ва як рӯз баъд аз онки нахуствазир Бенямин Нетаняҳу ва Ҷо Байден доир ба ихтилофи назарашон дар бораи ояндаи фаластиниён суҳбат карданд.

Ozodi.org 

Мухолифон аз қатъномаи танқидӣ дар бораи Тоҷикистон истиқбол карданд

Паймони Миллии Тоҷикистон, як эътилофи созмону гуруҳҳои мухолифи давлат дар хориҷ аз як қатъномаи Порлумони Аврупо истиқбол кардааст, ки дар он ҳукумати Тоҷикистон сахт танқид шудааст.

Ozodi.org 

Ҷоми Осиё: Чаҳор даста ба 1/8 финал роҳ ёфт

Аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳҳои “А”, “В”, “С” ва “D” чаҳор дастаи мунтахаб - Қатар, Австралия, Эрон ва Ироқ - пешакӣ ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо карданд.

Ozodi.org 

Рӯзгори муҳоҷир: "Аз бом афтодам, ҳаётам дигар шуд" ВИДЕО

Ҷунайдулло Исмоилов, муҳоҷири 31-солаи тоҷик, мегӯяд, тақрибан панҷ сол дар соҳаи сохтмон дар Русия кор кард, вале як фоҷеа дидгоҳашро ба зиндагӣ комилан дигар намуд. Соҳаи фаъолияташро низ тағйир дод.