World News in Tajik
Январь
2024

Новости за 19.01.2024

Ozodi.org 

Воқеан ҷангҷӯёни тоҷик бо Исроил меҷанганд?

Бархе расонаҳои русӣ ахиран иддао кардаанд, ки садҳо зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ғазза муқобили Исроил меҷанганд. Ин хабарро бори аввал Андрей Серенко, таҳлилгари рус рӯзи 9-уми январ дар Телеграм каналаш нашр кард ва он ба дигар расонаи русзабон кучид.

Ozodi.org 

Чаро Раҳмон даҳҳо мансабдорро аз кор ронд?

Рӯзи 19-уми январ ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон таҳти раёсати президенти Тоҷикистон сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа мақомоти қудратии Хатлонро барои бемасъулиятӣ дар пешгирӣ аз терроризму экстремизм ва коррупсия сахт интиқод карда амр додааст, ки бисёриҳо аз кор ронда шаванд.

Ozodi.org 

Муҳокимаи ду зиёии шинохтаи тоҷик оғоз ёфт

Рӯзи дар Душанбе мурофиаи додгоҳии Абдухалил Холиқзода, мудири шифохонаи маъруфи Сино ва ду нафари дигар - адиби маъруфи тоҷик Абдуқодири Рустам ва раҳбари чопхонаи Эр Граф Сӯҳроб Раҷабзода шурӯъ шуд.

Ozodi.org 

Паси дарҳои баста. Муҳокимаи нависанда, "муҳаррир" ва масъули чопи "Ҳаводис". ВИДЕО

Муҳокимаи соҳибкор Абдухалил Холиқзода, нависанда Абдуқодири Рустам ва мудири нашриёти "Эр Граф" Сӯҳроб Раҷабзода рӯзи 19-уми январ дар Боздоштгоҳи муваққатӣ шуруъ шуд, аммо паси дарҳои баста ва бе ҳузури хабарнигорон.

Ozodi.org 

Рақиби нави размикори тоҷик Лоиқ Раҷабов маълум шуд

Лоиқ Раҷабов, размикори тоҷик, қувваозмоии навбатии худро дар мусобиқоти UFC дар вазни сабук бо Абдулкарим Ал-Селвадӣ аз Урдун баргузор мекунад. Ин набард 2-юми марти имсол дар Арабистони Саудӣ дар назар аст.

Ozodi.org 

Теъдоди нозирони БДА-ро дар Тоҷикистон 30% кам карданд. ВИДЕО

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон додааст, то теъдоди нозирони роҳ ва ё кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) 30 дар сад кам карда шавад. Шумораи кормандони ниҳоде, ки ронандагон аксаран аз ришваситонӣ ва худсарии онҳо шикоят мекунанд.

Ozodi.org 

"Маданӣ" ба ҷои "гражданӣ" дар Тоҷикистон. Навбати Суду Прокуратура?

Вакилони порлумони Тоҷикистон калимаи "гражданӣ"-ро, ки решааш аз забони русӣ омадааст, аз номи Кодекси мурофиавӣ низ бардоштанд. Ба ҷояш вожаи "маданӣ" гузоштанд. Маҷлиси Миллӣ онро рӯзи 9-уми январ пазируфтааст. Аз он пеш, дар соли 2022, номи Кодекси гражданӣ ба Кодекси маданӣ иваз шуда буд.

Ozodi.org 

"Маданӣ" ба ҷойи "гражданӣ" дар Тоҷикистон

Вакилони порлумони Тоҷикистон калимаи "гражданӣ"-ро, ки решааш аз забони русӣ омадааст, аз номи Кодекси мурофиавӣ низ бардоштанд. Ба ҷояш вожаи "маданӣ" гузоштанд.

Ozodi.org 

ИМА: Барои ҳалли масъалаи Исроил, "роҳе ҷуз ташкили кишвари Фаластин вуҷуд надорад"

Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 18-уми январ гуфт, барои ҳалли таҳдидҳои амниятӣ ба Исроил ва чолишҳои бозсозии Ғазза "ҳеч роҳе" ҷуз ташкили кишвари Фаластин вуҷуд надорад.