World News in Tajik
Январь
2024

Новости за 18.01.2024

Ozodi.org 

"28 кас ба куҷо равем?" Мусодираи хонаи бародари Ҳоҷӣ Ҳалим. ВИДЕО

Наздикони Мирзокарим Назаров, бародари Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, мегӯянд, ки Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур хонаи онҳоро дигарбора ба фоидаи Кумитаи сармоягузорӣ мусодира кард. Хона дар кӯчаи Қаротегини Душанбе ҷойгир аст.

Ozodi.org 

Яке аз наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим: "Моро ғам медиҳанд"

Наздикони Мирзокарим Назаров, бародари Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе манзили онҳоро дар кӯчаи Қаротегини пойтахт ба фоидаи Кумитаи сармоягузорӣ мусодира кардааст.

Ozodi.org 

Порлумони Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро сахт танқид кард

Порлумони Аврупо бо қабули як қатъномае аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба ҳуқуқи мардум эҳтиром гузорад ва саркӯбу ба зиндон андохтани хабарнигорону фаъолони маданиро бас кунад. Ба ин қатънома 481 нафар раъйи мувофиқ ва 25 нафар раъйи мухолиф додаанд.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 18-уми январи соли 2024

Порлумони Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро сахт танқид кард; Бастрикин гуфтааст, пули “депортатсия”-ро кордиҳанда пардозад; Хешовандони Ҳоҷӣ Ҳалим мегӯянд, шояд хонаашонро бигиранд; Мошини боркаш пули Кӯлобро шикасту мардумро бе роҳ гузошт.

Ozodi.org 

"Тоҷикистон бояд ислоҳ шавад." Порлумони Аврупо шартҳои худро эълом дошт. ВИДЕО

​Порлумони Аврупо бо қабули як қатънома ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби расонаҳои мустақилу хабарнигорон, мунтақидони давлат ва вакилони мудофеъ сахт танқид кард ва иҷрои дархостҳои Душанберо барои пайвастан ба барномаҳои имтиёздори Иттиҳоди Аврупо ба иҷрои шартҳое бастагӣ дод.

Ozodi.org 

Чин суръати Интернетро дар Тоҷикистон “тез мекунад”

Баъди танқиди зиёд аз сифату суръати интернет дар Тоҷикистон, мақомот мегӯянд, бо ширкати Ҳуавейи Чин созишнома имзо карда, дар саросари кишвар ҳазорҳо мавҷгири интернети босуръат ва замонавиро насб мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, ҳамкорӣ ду паҳлӯ дорад, ҳам мусбат ва ҳам манфӣ.

Ozodi.org 

Порлумони Қирғизистон аз ВКД дар бораи боздоштҳо маълумот хост

Гуля Кожоқулова, вакили порлумони Қирғизистон пешниҳод кард, вазорати корҳои дохилӣ ва додситонии он кишвар дар бораи боздошти рӯзноманигорони Temirov LIVE маълумот диҳанд. Кожоқулова дар ин бора рӯзи 18 январ изҳор дошт.

Ozodi.org 

"Боз ҳамонҳо!" Назари раҳгузарон ба тағйироти кадрӣ ВИДЕО

Рӯзи 16-уми январ дар баъзе аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла, Бонки миллӣ, Академияи илмҳо ва Кумитаи ҷавонон, тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Чизе, ки намояндагони мухолифон бештар ҷойивазкунии кадрҳои кӯҳна ё вафодор ба ҳукумати ҳозира медонанд.