World News in Tajik
Январь
2024

Новости за 27.01.2024

Ozodi.org 

Петар Шегрт: "Дар бозӣ бо Иморот танҳо барои ғалаба мекӯшем"

Даври 1/8-ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар шаби якшанбеи 28-уми январ бо ду бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби миллии Австралия – Индонезия ва Тоҷикистон – Имороти Муттаҳидаи Арабӣ оғоз меёбад.

Ozodi.org 

Миёни пули Восеъ шикаст

Расо ду ҳафта мешавад, сокинони деҳае дар ноҳияи Восеъ ба мушкили рафтуомад, рӯ ба рӯ ҳастанд. Пуле, ки аз он мардум худро то шоҳроҳи асосӣ мерасонданд, дар зери мошини гаронвазне ду тақсим шуд. Маҳмудҷон Раҳматзода ба ин маҳал рафт.

Ozodi.org 

Андози нав дар Тоҷикистон: Аз ҳар мошин, аз 1584 то 2880 сомонӣ. ВИДЕО

Андоз ё молиёти нав барои маҳву коркарди мошинҳо дар Тоҷикистон ронандагонро сахт нигарон кардааст. Тибқи қонуни нав, барои нобуд кардани нақлиёт аз соҳибони онҳо аз 1584 сомонӣ то 2880 сомонӣ талаб мешавад. Мақомот тасмимро муҳим, аммо ронандагону коршиносон меъёри онро "вазнин" донистанд.

Ozodi.org 

Андози нав аз ҳар мошин: аз 1584 то 2880 сомонӣ

Андоз ё молиёти нав барои маҳву коркарди мошинҳо дар Тоҷикистон ронандагонро сахт нигарон кардааст. Тибқи қонуни нав, барои нобуд кардани нақлиёт аз соҳибони онҳо аз 1584 сомонӣ то 2880 сомонӣ талаб мешавад. Мақомот тасмимро муҳим, аммо ронандагону коршиносон меъёри онро "вазнин" донистанд.

Ozodi.org 

Даъво сари ҳавзи об. Кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ?

Сокинони яке аз маҳаллаҳои бузургтарини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, ду ҳавзи азими об, ки дар гузашта ба мардум хидмат мекард, чанд сол боз аз истифода дур мондааст. Ба қавли сокинон, моликони ҳавзҳо баъди хусусӣ кардан, ба ин ҳавзҳо эътибор намедиҳанд ва мардум акнун аз об танқисӣ мекашанд.

Ozodi.org 

Барканорӣ ва таъйини муовинони Юсуф Раҳмон ва раисони 6 ноҳия

Дар идомаи тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, ки мухолифон онро "ҷойивазкунии мансабдорони вафодор ба ҳукумат" медонанд, муовинони додситони кул ва раисони шаш ноҳия дар Бадахшону Хатлон дигар шуданд.

Ozodi.org 

Парвонаи кор – тарҳи баҳсбарангез дар Қазоқистон

Гурӯҳе аз вакилони порлумони Қазоқистон рӯзи 25-уми январ тарҳ (лоиҳа)-еро тасдиқ карданд, ки ба мақомоти ин кишвари Осиёи Марказӣ иҷоза медиҳад, ба "сабабҳои амниятӣ" аз додани парвонаи кор (аккредитатсия) ба расонаҳои хориҷӣ ва хабарнигорони онҳо худдорӣ кунанд.

Ozodi.org 

"Захира тамом шуд." Маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон кай поён меёбад? ВИДЕО

Ташвишу шикояти сокинони Тоҷикистон дар мавриди бо маҳдудият гирифтани нерӯи барқ рӯзҳои охир бештар шудааст. Дар ҳоле ки мақомот барои содир кардани он ба баъзе аз кишварҳои ҳамсоя қарордоди нав имзо карданд.

Ozodi.org 

"Захираи ҳезум тамом шуд", лимит кай поён меёбад?

Ташвишу шикояти сокинони Тоҷикистон дар мавриди бо маҳдудият гирифтани нерӯи барқ рӯзҳои охир бештар шудааст. Дар ҳоле ки мақомот барои содир кардани он ба баъзе аз кишварҳои ҳамсоя қарордоди нав имзо карданд.

Ozodi.org 

Сабаби рондани дастҷамъии мансабдорон чист?

Пас аз танқиди сахти фаъолияти мақомоти қудратии вилояти Хатлон аз тарафи президент Эмомалӣ Раҳмон аксар раҳбарони ин ниҳодҳоро якбора аз кор ронданд. Ингуна тағйироти кадрӣ суолҳои зиёдеро эҷод кардааст, бахусус дар бораи сиёсати кадрӣ дар кишвар.

Ozodi.org 

"Имсол вазнинтар шуду беҳтар не"

Шикоф ё фосилаи байни қишри сарватманд ва мардуми камбизоат дар саросари олам, аз ҷумла Тоҷикистон, солҳои охир бештар ва баробарӣ камтар шудааст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсиданд, ки худро намояндаи кадоме аз ин табақа медонанд ва рӯзгори худро чӣ гуна мегузаронанд? Дар навор бинед.