World News in Tajik
Январь
2024

Новости за 31.01.2024

Ozodi.org 

Пирӯзии Эрон ба Сурия. Ҷуфтҳои даври чорякниҳоӣ дар Ҷоми Осиё

Тими миллии Эрон дар бозии охирини ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар дастаи мунтахаби Сурияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 5:3 (замони асосӣ ва изофа - 1:1) шикаст дод ва ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт.

Ozodi.org 

Ҷашни Сада: Чаро оташ барои эрониён муҳим аст?

Рӯзи 30-юми январ ҷашни Сада буд. Аз муҳимтарин ҷашнҳои роиҷ дар миёни эрониёни бостон, ки акнун дар ҳоли эҳё шудан аст – бавижа дар Тоҷикистон, ки аз соли 2018 ба ин сӯ ба таври расмӣ баргузор мешавад.

Ozodi.org 

Хадамоти алоқа гуфт, Интернет арзон мешавад. Кай?

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, мумкин аст, дар ояндаи наздик арзиши истифода аз Интернет поин равад. Солҳост, ки дар кишвар шикоят аз суръати сусти Интернет ва қимати баланди он зиёд аст ва рӯзе нест, ки як корбар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи суръати Интернет шикояту даъво накунад.

Ozodi.org 

Wikipedia-и тоҷикӣ 20-сола шуд. Мушкилу пешрафт кадом аст? ВИДЕО

Гурӯҳе аз ҷавонон дар як маҳфиле дар Душанбе 20-солагии Википедия (Wikipedia)-и тоҷикӣ, яке аз донишномаҳои ройгонро таҷлил карданд. Манбаи иттиллое, ки ҳоло мардуми зиёде аз он истифода мебаранд, агарчӣ иттиллои ноқис дар он кам нест.

Ozodi.org 

Википедияи тоҷикӣ 20-сола шуд, онро дидаед?

Гуруҳе аз ҷавонону донишмандони ҷавон дар Тоҷикистон дар як маҳфиле дар Душанбе 20-солагии Википедияи тоҷикӣ, яке аз донишномаҳои ройгонро таҷлил карданд. Манбаи иттиллое, ки ҳоло мардуми зиёде аз он истифода мебаранд, агарчӣ иттиллои ноқису дурӯғ дар он кам нест.

Ozodi.org 

Чаро дар Ашт зардолуҳои 20-соларо решакан карданд?

Дар ноҳияи Ашт ҷанҷол ба сари як порча аз боғ сабаби решакану аз байн бурдани даҳҳо дарахти зардолу шудааст, ки соҳибонаш ду даҳсола барои парвариши он заҳмат кашидаанд. Набиҷон Одирматов, соҳиби зардолузор мегӯяд, ранҷеро, ки барои бунёди боғ кашида буд, барбод доданд.

Ozodi.org 

Ҷоми Осиё: Мунтахаби Ҷопон - дар чорякфинал

​Дастаи мунтахаби Ҷопон, ки дар бозии ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар тими миллии Баҳрайнро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт. Ин ҳафтумин дастаест, ки ба чорякфинал баромад.

Ozodi.org 

"Мушкил чодару ҳиҷоб аст ё..?" Додхоҳии занони Афғонистон дар Душанбе. ВИДЕО

Гурӯҳе аз занону духтарони паноҳанда ва муҳоҷири Афғонистон дар Тоҷикистон эътирози худро аз мамнуъ будани кору таҳсил барои ин қишр дар зери ҳокимияти “Толибон” баён карданд. Онҳо ҳафтаи гузашта бо баҳонаи Рӯзи ҷаҳонии омӯзиш дар сафорати Афғонистон дар Душанбе ҷамъ омаданд.

Ozodi.org 

Бозпурсии чанд корманди Фурудгоҳ барои фирори Дилшод Саидмуродов ва ҳамроҳонаш

​Раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон бозпурсии чанд корманди Фурудгоҳи Душанберо дар пайванд ба фирори Дилшод Саидмуродов ва ҳамроҳонаш, ки ба қатли бонкдори тоҷик муттаҳам ҳастанд, тасдиқ кард. Вале гуфт, онҳоро ба ҳабс нагирифтаанд.

Ozodi.org 

"Наметавонем ба Узбекистон гузарем." Навбатпойии тӯлонӣ дар "Ойбек"

Чанд ронандаи мошини боркаш мегӯянд, убур аз гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод-Ойбек” дар рӯзҳои ахир мушкилтар шудааст. Ба гуфтаи ронандагон, мошинҳои зиёд дар ин гузаргоҳ ҷамъ шудааст ва наметавонанд аз Тоҷикистон ба Узбекистон гузаранд. Мақомот расман масъаларо шарҳ надодаанд.

Ozodi.org 

Ҷоми Осиё: Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ба чорякфинал роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки дар бозии шашуми ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар тими миллии Арабистони Саудиро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо кард.