World News in Tajik
Январь
2024

Новости за 30.01.2024

Ozodi.org 

"Боз бонк мекобӣ." Чаро баъзе аз сокинон пули нақд медиҳанд? ВИДЕО

Масъулони корхонаи “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” баъзе аз сокинонро ба риоя накардани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ гунаҳкор карданд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумат гуфтааст, ҳамаи пардохтҳо бояд ғайринақдӣ сурат бигиранд, то фасодкорӣ нашавад.

Ozodi.org 

"Бой намегӯяд, чӣ дорад." То ифшои дороии мансабдорон чӣ қадар монд? ВИДЕО

Ба Тоҷикистон барои эълони дороии мансабдорон, ки қаблан мегуфтанд “ҷомеа ба қабули он омода нест”, камаш ду соли дигар зарур будааст. Ҳоло роҳҳои чӣ гуна пешкаш кардани онро як гуруҳи иборат аз намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ баррасӣ дорад.

Ozodi.org 

Вазирони тоҷик то ду соли дигар сарваташонро нишон медиҳанд?

Раҳбари Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон мегӯяд, то ду соли дигар дороиҳои мансабдорони кишварро эълон мекунанд. Эълони ин ки мансабдорон чанд хонаву мошин доранд, дар аксар кишварҳои дунё як кори маъмулӣ аст, вале дар Тоҷикистон не. Чаро?

Ozodi.org 

Сӯиқасд ё амали террористӣ? Боздошти 8 нафар дар Кӯлоб

Додситонӣ таркиши мошини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлобро "амали терорристӣ" номид. Рӯзи 5-уми январ намояндаи ҳизби ҳоким дар Кӯлоб бар асари таркиши мошинаш маҷрӯҳ шуда буд. Додситони Кӯлоб гуфтааст, ки як гурӯҳеро бо иттиҳоми даст доштан дар амали террористӣ боздошт кардаанд.

Ozodi.org 

Як созмон гуфт, фасод дар Тоҷикистон зиёдтар шудааст

Дар як раддабандии нави байналмилалӣ, ки сатҳи хидмати содиқонаи идораҳои давлатӣ барои мардум ва пок будани онҳо аз фасоду ришвахориро арзёбӣ мекунад, Тоҷикистон имсол дар яке аз зинаҳои поин қарор дорад.

Ozodi.org 

"Ақибнишинии фарогир аз демократия." Фасод дар Тоҷикистон зиёдтар шудааст. ВИДЕО

Дар радабандии нави як созмони байнулмилалӣ дар бораи фасоду ришвахорӣ, Тоҷикистон имсол чаҳор зина поинтар рафтааст, ки ба маънии ҳарчӣ бештар реша паҳн шудани ин зуҳуроти хатарзо дар идораҳои давлатӣ аст.

Ozodi.org 

Мардеро, ки гӯшу бинии занашро бурид, зиндонӣ карданд

Дар Қирғизистон мардеро, ки гӯшу бинии занашро бурида буд, ба 20 сол зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи вилояти Чуй рӯзи 26-уми январ ҳукмро эълон кард. Азамат Эстебесов барои шиканҷаи ҳамсараш дар зиндони низомаш сангин адои ҷазо хоҳад кард.

Ozodi.org 

Ба кӯдакон дар Тоҷикистон як ҳаққи дигар доданд. Ҷабр камтар мешавад? ВИДЕО

Ба кӯдакон дар Тоҷикистон ҳақ додаанд, ки агар аз касе ё чизе норозӣ ҳастанд, беибо ба идораҳои давлатӣ муроҷиат кунанд. Агар ба шарте ки "ақидаи худро мустақилона баён карда тавонанд". Ин кор пас аз ислоҳи қонун "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон" имконпазир шуд. Он аллакай ба иҷро даромадааст.

Ozodi.org 

Ба кӯдакон дар Тоҷикистон як ҳаққи дигар доданд

Ба кӯдакон дар Тоҷикистон ҳақ додаанд, ки агар аз касе ё чизе норозӣ ҳастанд, беибо ба идораҳои давлатӣ муроҷиат кунанд. Агар ба шарте ки "ақидаи худро мустақилона баён карда тавонанд". Ин кор пас аз ислоҳи қонун "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон" имконпазир шуд. Он аллакай ба иҷро даромадааст.

Ozodi.org 

Ҷоми Осиё: То ҳоло чор дастаи мунтахаб ба чорякфинал роҳ ёфтааст

Аз рӯи натиҷагирии чаҳор бозии ҳаштякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар то ҳоло чаҳор тими миллӣ – Австралия, Тоҷикистон, Урдун ва Қатар – ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтаанд.

Ozodi.org 

Парванда ба зидди 8 нафар дар пайванд ба "таркиш"-и мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб. ВИДЕО

Дар пайванд ба “таркиш”-и мошини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлоб ба зидди 8 нафар парванда боз шудааст. Парвандаро маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳқиқ доранд.

Ozodi.org 

Расонаҳо: Исроил шартҳои созиш бо "Ҳамос"-ро пазируфтааст

Исроил дар гуфтугӯи Порис ба шартҳои миёнаравҳо барои созиш бо гуруҳи фаластинии "Ҳамос" розӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Маарив" бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додааст. Худи "Ҳамос" то ҳол ба пешниҳодҳо посух надодааст.

Ozodi.org 

"Шаҳрӣ шудед, чорводорӣ накунед. Мо ҳанӯз қишлоқием"

Шаҳрдории Душанбе аз сокинони деҳоте, ки ду сол пеш ба қаламрави пойтахт шомил шудаанд, хостааст, ки ҳарчӣ зудтар ба чорводорию паррандапарварӣ поён диҳанд. Сокинони ин рустоҳое, ки қаблан аз ноҳияи Рудакӣ буданд, мегӯянд, агар аз ин кор даст кашанд, бе ягон манбаи даромад мемонанд.