World News in Tajik
Январь
2024

Новости за 25.01.2024

Ozodi.org 

$2 миллиард – нақшаи Тоҷикистону Қазоқистон

Тоҷикистон ва Қазоқистон нақша доранд, ки додугирифтро ба ду миллиард доллар расонанд. Мурат Нуртлеу, муовини сарвазир ва ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, 25-уми январ дар поёни сафари расмияш ба Тоҷикистон дар ин бора изҳорот дод.

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 25-уми январи соли 2024

Ширкатҳои мобилӣ аз боло бурдани нархи хадамот дар Тоҷикистон худдорӣ карданд; вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ба Тоҷикистон омад; талаби раҳоии рӯзноманигор Алсу Қурмашева ва манъи кори вазнини занон дар Тоҷикистон.

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон 194 намуд кори вазнин барои занон манъ шуд

Дар Тоҷикистон 194 намуд кори вазнин барои занон манъ шуд. Агар то ин вақт 334 намуд кор барои занон манъ буд, пас ҳоло ин шумора кам шудааст. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ талаб доранд, ки баробарҳуқуқии ҷинсӣ ҳифз шавад.

Ozodi.org 

Ширкатҳои мобилӣ аз боло бурдани нарх даст кашиданд. Кори кӣ буд?

Пас аз эътирози Хадамоти алоқа, се ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон аз боло бурдани нархи хадамот даст кашиданд. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, бозор бо дастур кор намекунад ва барои поён бурдани нархи гуфтугӯ ва интернет бояд ислоҳот гузаронда шавад.

Ozodi.org 

"Ба Боғи Ғалаба мебаранд." Роҳи дутабақа ба ҷойи "Танк" дар Душанбе. ВИДЕО

Дар шаҳри Душанбе кӯчондани ёдгории меъмории "Майдони Ғалаба" ё ба гуфтаи душанбегиҳо, "Танка" аз нишебии маъруф ба "Текстил" ба "Боғи Ғалаба" дар канораи шарқии пойтахт, оғоз ёфтааст. Бино бар қарори ҳукумати шаҳр, дар ҷойи он эстакада ё роҳи дутабақа сохта мешавад.

Ozodi.org 

Ҷоми Осиё: 11 даста ба 1/8 финал баромад

Марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар, ки бо иштироки 24 тими миллӣ ҷараён дорад, шаби панҷшанбеи 25-уми январ ба поён мерасад.

Ozodi.org 

Размоиши калонтарини НАТО аз замони Ҷанги сард оғоз шуд

Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) рӯзи 24-уми январ размоиши калонтарини худро аз замони Ҷанги сард шурӯъ кард. Дар ин размоиш беш аз 90 ҳазор нерӯи кишварҳои узви паймон иштирок доранд. Размоиш то моҳи май идома хоҳад кард.

Ozodi.org 

Як вакили порлумони Қирғизистонро ҳабс карданд

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 24-уми январ вакили порлумони он кишвар Эмил Жамгирчиевро то 26-уми феврал ба ҳабси пешакӣ гирифт. Жамгирчиев дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нигаҳ дошта мешавад.

Ozodi.org 

Гуруснанишинии фаъоли зиндонӣ дар Қазоқистон

Роҳбари ҳизби сабтношудаи "Алға, Қазоқистон!" Марат Жиланбоев бо нишони эътироз аз бетағйир мондани ҳукмаш дар зиндон гуруснашинии бемуҳлат эълом кардааст. Дар ин бора Меирҷон Доскараев, вакили мудофеи Жиланбоев, рӯзи 24-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.