World News in Tajik
Январь
2024

Новости за 15.01.2024

Ozodi.org 

Беш аз 38 км. Душанбе ва Бишкек як санади дигар имзо кардаанд

Гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон барои таъйини 38,35 километри дигари сарҳад ба созиш расидаанд. Вале дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки шарти созиш чист ва кадом минтақаҳоро дар бар мегирад. Бахше аз сарҳади ду кишвар номуайяну ҷанҷолист ва тарафҳо барои соҳибӣ ба он талош доштанд.

Ozodi.org 

Аз ҷанги Исроилу "Ҳамос" 100 рӯз гузашт

Рӯзи якшанбе аз замони ҳамлаи террористии созмони "Ҳамос" ба ҷануби Исроил 100 рӯзи расо гузашт. Дар посух ба ин ҳамла, Исроил дар Навори Ғазза амалиётеро оғоз кард, ки сабаби талафоти зиёд дар байни ғайринизомиён ва бахусус занону кӯдакон шуд.

Ozodi.org 

Муҳоҷирони тоҷик дар Химпек коршиканӣ кардаанд

Ҳудуди сад муҳоҷири тоҷик дар корхонаи кимиёии “Химпэк” дар шаҳраки Шахтаи вилояти Ростови лаби Дон бо эътироз ба зидди кордиҳанда корпартоӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, раҳбарони корхона ваъда дода буданд, ки маошашонро боло мебаранд, вале ба ваъдаашон вафо накарданд.

Ozodi.org 

Сафири Туркия дар бораи марзи Тоҷикистон гуфт

Баъди 5 рӯзи сафари вазири умури хориҷии Туркия ба Тоҷикистон, сафири ин кишвар дар Душанбе аз натиҷаи он дар ҳузури хабарнигорон суҳбат кард. Дипломати турк сафари Ҳоқон Фиданро ба Душанбе бомуваффақият арзёбӣ карда, ҳамчунин, мавқеи кишварашро ба баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон баён дошт.

Ozodi.org 

ҲНИТ ҳукми як фаъолаш ва наздикони ӯро "худсарона" номид

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар дохили кишвар манъ аст, мурофиа ва ҳукми ғоибонаи фаъоли мухолифон Илҳомҷон Ёқубов ва волидону хоҳарашро "худсарона", "сиёсӣ" ва "идомаи саркӯб" номид.

Ozodi.org 

Зиндон ва бемористони рӯҳӣ барои танқиди президент

Шавкат Мирзиёев, ки баъди расидан ба қудрат дар Узбекистон барои оғози чанд ислоҳот, аз ҷумла бардоштани баъзе маҳдудиятҳои вобаста ба озодии баёну дин ситоиш мешуд, ба назар мерасад, “ҷомаашро чаппа пӯшидаааст”.