World News in Tajik
Февраль
2024

Новости за 01.02.2024

Ozodi.org 

Изҳороти сармураббиёни мунтахаби Тоҷикистону Урдун пеш аз бозӣ

Даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар рӯзи 2-юми феврал бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Урдун оғоз меёбад. Дар шаҳри Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ, соати 16:30 бо вақти Душанбе.

Ozodi.org 

Сарсонии даҳҳо ронандаи тоҷик дар марз бо Узбекистон

Даҳҳо мошини борбар дар гузаргоҳи “Фотеҳобод - Ойбек”, дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон, ҷамъ шудаанд. Сабаб рухсатнома ё иҷозаи гузаштан ба он сӯйи марз аст. Ронандагон мегӯянд, санадро Вазорати нақлиёт медиҳад, вале нархи онро якбора боло бурдааст. Шарҳи расмӣ дастрас нест.

Ozodi.org 

"$60 буд, $130 шуд." Сарсонии даҳҳо ронандаи тоҷик дар марз. ВИДЕО

Даҳҳо мошини борбар дар гузаргоҳи “Фотеҳобод - Ойбек”, дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон, ҷамъ шудаанд. Сабаб рухсатнома ё иҷозаи гузаштан ба он сӯйи марз аст. Ронандагон мегӯянд, санадро Вазорати нақлиёт медиҳад, вале нархи онро якбора боло бурдааст. Шарҳи расмӣ дастрас нест.

Ozodi.org 

"Рушди иқтисод" – як сабаби маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон?

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон як сабаби маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум "суръати рушди иқтисод" номид. Бархе ба дурустии он шубҳа доранд ва, баръакс, содироти нерӯи барқро ба хориҷа далели асосӣ медонанд.

Ozodi.org 

Як мухолифи ҳукумати Қирғизистонро дар Русия боздошт карданд

Каникей Арановаи 37-соларо дар Маскав боздошт ва ба мақомоти Қирғизистон таслим кардаанд. Арановаи қирғизистонӣ пештар аз интиқоли обанбори Кампиробод ба Узбекистон танқид карда буд. Дар ин бора Ирисгул Аранова, хоҳари Каникей хабар дод.

Ozodi.org 

Амрико гуфт, хоҳони ҷанг бо Эрон нест

Бо идомаи ҷанг дар Ғазза ва авҷ гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна, Кохи Сафед мегӯяд, ҷӯёи ҷанг бо Эрон нест. Ин дар ҳолест, ки баъди кушта шудани се сарбози амрикоӣ дар ҳамлаи паҳпод дар Урдун, раисҷумҳур Ҷо Байден гуфт, омилони ҳодиса ҷазо мегиранд.

Ozodi.org 

IPI аз Қазоқистон хост, қонуни баҳсбарангезро қабул накунад

Пажӯҳишгоҳи Байнулмилалии Матбуот ё International Press Institute (IPI) гуфтааст, лоиҳаи қонун "Дар бораи расонаҳо", ки дар порлумони Қазоқистон баррасӣ мешавад, ба вазъи озодии баён дар ин кишвар таъсири бад хоҳад расонд.

Ozodi.org 

Расонаҳои исроилӣ аз тарҳи озодии 35 гаравгон дар ивази 35 рӯз оташбас хабар додаанд

Як шабакаи телевизионӣ дар Исроил гузориш дод, ки раиси Созмони истихборотии Исроил (Моссад) як тарҳи иборат аз 9 моддаро дар бораи озодии гаравгонҳое, ки гурӯҳи "Ҳамос" ҳанӯз дар ихтиёр дорад, ба кобинаи ҷанги Исроил пешниҳод кардааст.