World News in Tajik
Май
2024

Новости за 20.05.2024

Ozodi.org 

Оё марги Раисӣ тағйири калоне дар сиёсати Эрон меорад?

​Баъди марги президенти Эрон Иброҳим Раисӣ бисёриҳо ин пурсишро матраҳ кардаанд, ки оё даргузашти ӯ боиси тағйироти ҷиддие дар сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии исломӣ мешавад ё на. Таҳлилгарон мегӯянд, набояд интизори дигаргуниҳои бузург буд.

Ozodi.org 

Ҳалокати президенти Эрон дар суқути чархбол

Иброҳим Раисӣ, президенти муҳофизакори тундрави Эрон, ки бисёриҳо ӯро раҳбари рӯҳонии ояндаи Эрон меномиданд, дар 63-солагӣ даргузашт. Чархболе, ки Раисӣ ва вазири корҳои хориҷӣ дар он буданд, рӯзи 19-уми май дар баландкӯҳҳои шимолу ғарби Эрон сарнагун шуд ва ҳама мусофиронаш кушта шуданд.

Ozodi.org 

Додситони Гаага дастури ҳабси Нетаняҳу ва се раҳбари “Ҳамос”-ро дод

Додситони Додгоҳи байналмилалии ҷурму ҷинояти Созмони Милали Муттаҳид аз ин додгоҳ хостааст, ки барои ҳабси Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил ва се раҳбари ҲАМОС дастур диҳад. Йоав Галант, вазири дифои Исроил низ исмаш дар ин феҳраст аст.

Ozodi.org 

Нигористон: Президенти Эрон дар натиҷаи афтодани чархбол ҷон дод

Мақомоти Эрон рӯзи 20 май эълон карданд, ки президент Иброҳим Раисӣ ва чандин мақомдори дигари ин кишвар дар натиҷаи афтодани чархбол ба ҳалокат расиданд. Амалиёти ҷустуҷӯ рӯзи 19 май, баъди аз радарҳо нопадид шудани чархбол шурӯъ шуд.

Ozodi.org 

Гирифтани қанд аз кӯдакон: "мушкил"-е, ки ниёз ба роҳи ҳал надошт

Вакилони тоҷик бо ислоҳи қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим" идгардаки кӯдаконро манъ карданд. Вокунишҳо ба он яксон нест. Бархе ба манфиат медонанду иддае бар зарар. Радиои Озодӣ дар ин бора аз рӯзноманигори озод Шогуна Собир номае гирифт, ки бидуни таҳрир нашр мекунад.

Ozodi.org 

Раисӣ ва вазири корҳои хориҷии Эрон дар суқути чархбол ҷон бохтаанд

Расонаҳои Эрон рӯзи 20-уми май ба таври расмӣ эълон карданд, ки раиси ҷумҳури он кишвар Иброҳим Раисӣ, вазири корҳои хориҷӣ Амирҳусейн Абдуллоҳиён ва чанд мақоми дигар бар асари сарнагун шудани чархболи ҳомили онҳо ба ҳалокат расиданд.