World News in Tajik
Май
2024

Новости за 21.05.2024

Ozodi.org 

Видоъ бо Иброҳим Раисӣ ва ҳафт ҳамроҳаш дар Табрез

Ҳазорон нафар дар шаҳри Табрез рӯзи 21-уми май бо Иброҳим Раисӣ ва ҳафт ҳамроҳаш видоъ гуфтанд. Тобути онҳоро ба Қум ва сипас Теҳрону Машҳад хоҳанд бурд. Ҷое, ки рӯзи панҷшанбе маросими хоксупорӣ дар назар аст.

Ozodi.org 

Эрон дар мотами раиси ҷумҳур нишаст

Як рӯз баъди ёфтани ҷасади президент Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш дар Эрон, рӯзи сешанбе ҳазорон нафар барои видоъ бо онҳо ба кӯчаҳои шаҳри Табрез баромаданд. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ гуфтанд, тобутҳоро то ду рӯзи дигар ба Қум, Теҳрон ва Машҳад хоҳанд расонд.

Ozodi.org 

Сел Чорбоғи Восеъро вайрон кард

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон огоҳ кард, ки 22-юми май хатари омадани сел, резиши сангу рег ва ярч вуҷуд дорад. Ҳоло мардум дар Фархору Восеъ, Ҳисору Ваҳдат ва дигар минтақаҳо бо оқибатҳои сели 18 май даст ба гиребонанд.

Ozodi.org 

Вакилони тоҷик қонуни ҷанҷолиро шарҳ доданд

Дар Тоҷикистон ҷазоро барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи кӯдакон сахттар карданд. Вакилони Маҷлиси намояндагон бовар доранд, ки тағийрот дар қонун ба таълиму тарбияи ноболиғон мусоидат хоҳад кард, вале баъзе коршиносон чизи дигар мегӯянд.

Ozodi.org 

Раванди интихоби президенти Эрон чист ва номзадҳо кистанд?

Марги Иброҳим Раисӣ дар миёнаи давраи президентиаш, боиси оғози раванди баргузории интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон шудааст. Ин барои чандумин бор аст, ки низоми сиёсии Эрон пас аз инқилоби соли 1979 бо чунин вазъияте рӯбарӯ мешавад.

Ozodi.org 

Порлумон "вето"-и президент ба қонуни "агенти хориҷӣ"-ро бекор кардан мехоҳад

Ҷиноҳи аксарияти порлумонии ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" тасмим гирифтааст, ки "вето"-и президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвилиро ба қонуни “агенти хориҷӣ”-и ин кишвар бекор кунад.

Ozodi.org 

Идомаи эътирозҳо дар Кулсарии Қазоқистон

Вазъи сиҳатии яке аз сокиноне, ки дар назди бинои шаҳрдории Кулсарии вилояти Атирауи Қазоқистон ба нишони эътироз ҷамъ омада буданд, рӯзи 20 май бад шудааст.

Ozodi.org 

Пулиси Бишкек 3 касро бо гумони ҳамла ба хобгоҳи хориҷиҳо дастгир кард

Пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон хабар додааст, ки се нафарро бо гумони ҳамла ба як хобгоҳ дар кӯчаи Огонбоева дастгир кард. Ба огаҳии пулис, гумонбарон 18 ва 19 сол дошта, ба "авбошӣ" муттаҳам мешаванд.