World News in Tajik
Май
2024

Новости за 24.05.2024

Ozodi.org 

Додгоҳи СММ ба Исроил амр дод, ки билофосила ҳуҷумҳоро дар Ғазза хотима диҳад

Олитарин додгоҳи СММ амр дод, ки бо сабаби бадтар шудани вазъ дар борикаи Ғазза, Исроил “бояд билофосила” амалиёти низомӣ дар шаҳри Рафаҳро хотима дода, барои ҳалли бӯҳрони башарӣ дар ин минтақа чораҳои фаврӣ андешад.

Ozodi.org 

Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон: Нишонаҳое аз бархӯрди гулӯла дар чархболи Раисӣ мушоҳида нашуд

Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи панҷшанбе нахустин гузориши худро дар бораи вожгунии чархболе, ки раиси ҷумҳури он кишвар Иброҳим Раисӣ савори он буд, нашр кард. Дар ин гузориш омадааст, "нишонаҳои бархӯрди гулӯла ва ё мавридҳои монанд ба он дар пораҳои боқимондаи чархболи сарнагуншуда дида нашудааст".

Ozodi.org 

Шаҳрванди Қирғизистон гуфт, бо барқ шиканҷа шудааст

Шаҳрванди Қирғизистон Акин Аскат Жетиген, ки дар даъват ба "бетартибиҳои оммавӣ" ва "ғасби қудрат" муттаҳам мешавад, 23 май дар додгоҳ гуфт, кормандони ниҳодҳои қудратӣ баъди боздошт ӯро шиканҷа карданд.