World News in Tajik
Февраль
2024

Новости за 02.02.2024

Ozodi.org 

Исроил аз "муваффақият дар Хон Юнус" гуфт, Фаластин аз набуди имкони ёрӣ ба мардум. ВИДЕО

Артиши Исроил иддао дорад, ки амалиёти заминӣ дар шаҳри Хон Юнуси минтақаи Ғазза бо муваффақият анҷом ёфта, акнун сарбозони Исроил ба самти  марзи Ғазза бо Миср ҳаракат хоҳанд кард.

Ozodi.org 

Дар Ғазза шумораи кушташудагон аз 27 000 тан гузаштааст

Артиши Исроил иддао дорад, ки амалиёти заминӣ дар шаҳри Хон Юнуси минтақаи Ғазза анҷом ёфта, акнун сарбозони Исроил ба марзи Ғазза бо Миср ҳаракат хоҳанд кард. Ҷониби фаластинӣ иброз доштааст, Исроил имкон намедиҳад, ки табибон ва наҷотбахшони фаластинӣ ба мардум ёрии саривақтӣ расонанд.

Ozodi.org 

Мунтахаби Тоҷикистон аз Урдун шикаст хӯрд ва аз нимфинали Ҷоми Осиё маҳрум шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бозии даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд, аз ҳаққи иштирок дар нимфинали Ҷоми Осиё-2023 маҳрум гашт.

Ozodi.org 

Чин барои мусалмонони Шинҷон қоидаҳои сахттаре ҷорӣ кард

Қоидаҳои наве, ки 1 феврал ба иҷро даромад, аз масҷидҳо тақозо мекунанд, ки ба ҳангоми маросимҳои динӣ “вижагиҳои чинӣ”-ро риоя кунанд. Ин талабот чун идомаи маъракаи “чинисозии Ислом” арзёбӣ мешаванд.

Ozodi.org 

"Ба афви касе эҳтиёҷ надорам." Ба зидди Анора Саркорова парванда боз кардаанд

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба модари Анора Саркорова гуфтаанд, ки ба зидди ин хабарнигори муқими Аврупо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, вале “агар баргардаду узр хоҳад” авф мекунанд.

Ozodi.org 

СММ: "Ал-Қоида" 8 маркази омӯзишӣ дар Афғонистон таъсис додааст. Толибон рад кард

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба доштани робитаҳои наздик бо шабакаи "Ал-Қоида" муттаҳам кард ва гуфт, ки ин шабака дар чандин вилояти Афғонистон марказҳои омӯзишӣ ва пойгоҳҳо таъсис додааст.